Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон


Дар музокироти ҳалли муноқишаи Сурия, ки рӯзи 23 январ дар Остона оғоз шуд, мухолифини Сурия гуфтанд, ки омода ҳастанд танҳо риояи оташбасро баҳс кунад. Дар ин бора намояндаи расмии ҳайати мухолифин Яҳё ал-Аридӣ ба хабаргузории Reuters иттилоъ дод.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, ки дар музокирот намояндагони ҳукумати Сурия, мухолифин, Русия, Туркия ва Эрон ширкат хоҳанд дошт. Сафири Амрико дар Қазоқистон ва фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид Стеффан де Мистура дар ин нишаст ба сифати нозир иштирок мекунанд.

Нишасти ибтидоӣ бинобар печидагии ин мавзӯъ, ки оё ҳайатҳои Сурия омодаанд бо ҳам бинишинанд, дер шурӯъ шуд. Як манбаи беном ба хабаргузории Interfax гуфт, ки ҳайати ҳукумати Сутрия дар паҳлӯи намояндагони Эрон ва ҳайати мухолифин бо намояндагонии Туркия нишастанд.

Музокироти Қазоқистон як бахши стратегияи Русия, Туркия ва Эрон аст, ки мехоҳанд якҷо ба ҷанги шашсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия хотима гузоранд. Қаблан гуфта шуд, ки Амрико ба ин нишаст ҳайат намефиристад ва ин масъулиятро бар дӯши сафири ИМА дар Остона Ҷорҷ Крол мегузорад.

XS
SM
MD
LG