Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии парвандаи як ҷонибдори "Гурӯҳи 24" дар Маскав


Лаҳзае аз як ҳамоиши муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург

Лаҳзае аз як ҳамоиши муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург

Додгоҳи Маскав рӯзи 21 сентябр дархости тамдиди замони боздошти Соҳибназар Абдуназаров, як ҷавони тоҷики гумон ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24”-ро баррасӣ мекунад.

Рӯзи 21 сентябр додгоҳи байниноҳиявии минтақаи Кунтсевои шаҳри Маскав дархости додситонӣ ҷиҳати боз ду моҳи дигар тамдид кардани замони боздошти Соҳибназар Абдуназаров, як ҷавони тоҷики гумонбар ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24”-ро баррасӣ мекунад. Абдуназаров дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ айбдор мешавад ва 8 моҳ боз дар боздошт мунтазири баррасии парвандаи истирдодаш мебошад.

Илларион Василев, вакили мудофеи Абдуназаров рӯзи 19 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин алакай барои бори панҷум аст, ки замони боздошти муваккили ӯ тамдид мешавад: “Мо, албатта, тақозо дорем, ки ӯро то замони баррасии парвандаи истирдодаш ба Тоҷикистон аз боздошт раҳо кунанд, вале умед ба инки додгоҳ дархости моро бипазирад, хеле кам аст. Ба эҳтимоли ғолиб, замони боздошти Абдуназаров то 22 ноябр тамдид хоҳад шуд.”

Соҳибназар Абдуназаров яке аз муассисони созмони“Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” - аз шарикони умдаи созмони “Гурӯҳи 24” дар Русия - ба шумор меравад. Ӯ рӯзи 21 январи соли равон, ҳамагӣ чанд соат баъд аз раҳбари ин созмон Мақсуд Иброҳимов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд. Мақсуд Иброҳимов баъди боздошт ба таври мармуз ғайб зад, вале ду моҳ пеш маълум шуд, ки ӯро ба Тоҷикистон овардаанд ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар моҳи июн Иброҳимовро бо ҷурми "даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ташкили созмони ҷиноӣ" бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии ин кишвар ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

То имрӯз дастикам 5 тан аз аъзо ва ҳаводорони созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Тоҷикистон бо чунин ҷурм маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудаанд ва 8 нафари дигар – Собир Валиев дар Молдова, Шабнам Худойдодова дар Беларус ва Соҳибназар Абдуназаров, Абдураҳим Восиев, Меҳрубон Сатторов, Фирӯзшоҳ Лоиқов, Исмоил Холов ва Тағоймурод Маҳмадиев дар Русия – мунтазири баррасии парвандаҳои истирдодашон ба Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миён танҳо Собир Валиев тавонист то анҷоми баррасии парвандааш ба озодӣ барояд. Бақия дар боздошт қарор доранд ва додгоҳи шаҳри Брести Беларус моҳи август замони боздошти Шабнам Худойдодоваро то 17 октябр тамдид кард.

Баҳром Ҳамроев

Баҳром Ҳамроев

Баҳром Ҳамроев, раҳбари Маркази машваративу ҳуқуқии “Помощь” дар Маскав, ки ба ин 6 тан аз ҳаводорони “Гурӯҳи 24” ёриҳои ҳуқуқӣ мерасонад, рӯзи 19 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тарс доранд, ки дар пасманзари ҳаводиси ахир – ошӯби генерал Назарзода ва боздошти мухолифин – метавонанд ин 6 ҷавони тоҷикро низ аз Русия ба Тоҷикистон бубаранд: “Мо ба ин далел ба додситонии кул номаи расмӣ навиштем, ки аз истирдоди онҳо худдорӣ кунанд, чунки, ба бовари мо, ин ҷавонон танҳо барои изҳори ақидаашон таҳти таъқиб қарор гирифтаанд ва парвандаҳояшон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Мо навиштем, ки дар шароити Тоҷикистон, ки шиканҷа як падидаи саросарист ва низоми додгоҳиаш мустақил нест, ин ҷавонон метавонанд мавриди шиканҷа ва муҳокимаҳои ноодилонаи додгоҳӣ қарор бигиранд ва истирдоди онҳо ба шаъни кишваре, чун Русия, намезебад.”

Илларион Василев, ки аз ҳуқуқи 3 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” – Соҳибназар Абдуназаров, Абдураҳим Восиев ва Фирӯзшоҳ Лоиқов – ҳимоят мекунад, мегӯяд, хатти ҳимояти онҳо рӯи ин нукта асос ёфтааст, ки ин созмон ҷудо аз “Гурӯҳи 24” ва як ташкилоти мустақил аст ва набояд аъзояш ҳамчун узви созмони мамнӯъ таъқиб шаванд. Муваккилони ӯ ҳамзамон талош доранд, ба хотири раҳоӣ аз таҳдиди истирдод дар Русия паноҳгоҳи сиёсӣ ба даст биоранд, вале то имрӯз ҳеҷ кадомаш муваффақ нашудаанд.

Аз ҷумла дар моҳи июл Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) дархости додани паноҳгоҳ ба Соҳибназар Абдуназаровро рад кард.

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки тоҷирони дар гузашта муваффақ Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев се сол пеш, баъди фирорашон аз кишвар ва айбдор кардани яке аз наздикони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ғасби тиҷоратҳояшон таъсис доданд.

“Гурӯҳи 24” бо кумаки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро ташкил дод ва мардумро ба як тазоҳуроти бузург дар майдони марказии Душанбе даъват кард. Ин тазоҳурот, ки бино ба нақшаи созмондиҳандагонаш, бояд рӯзи 10 октябр доир мешуд, баргузор нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро расман манъ ва дар моҳи декабр ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли равон дар натиҷаи як сӯиқасд дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG