Пайвандҳои дастрасӣ

Қатори нав ба самти Маскав – посухи Душанбе ба интиқодҳои Русия


Ширкати “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон ба самти Маскав қатори наверо ба роҳ мондааст, ки ба қавли мақомот, посухи Душанбе ба интиқодҳои Русия аз ҳолати бади санитариву беҳдоштии вагонҳои тоҷикӣ мебошад.

Феълан ин танҳо як қатори нав аст, ки фаъолияташро дар масири Душанбе-Маскав оғоз кардааст. Дар оянда ҷониби Тоҷикистон мехоҳад боз 100 вагони нави дигарро низ харида дар ин масир ба ҳаракат дарорад.

Тавре телевизиони “Мир-24” гузориш дод, тамоми вагонҳои ин қатор нав буда, гаронтарини онҳо – вагон-ресторан на бештар аз 1 сол умр дорад. Тамоми таҷҳизоти дохил, ҷойҳои хоби мусофирону, ошхонаву ташноб, ки дар навори видеоӣ намоиш дода шудааст, комилан нав мебошанд. Соли гузашта, ба иттилои ин манбаъ, ширкати давлатии “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон 15 вагони мусофирбари навро харидорӣ карда, 60 вагони дигарро пурра барқарор кардааст. Хароҷоти куллии вагонҳои навро аммо ошкор намекуннад. “Акнун, ҳам аз лиҳози шароити сафар ва ҳам аз рӯи меъёрҳои тозагӣ ин вагонҳо барои мусофирон қобили истифода мебошанд”, мегӯянд масъулон.


Дар дохили вагонҳо биотуалетҳо, душ барои ходимони қатор, яхдон ва дастгоҳи гармкунии ғизо барои ҳама мусофирон фароҳам омадааст, гуфт дар сӯҳбат бо “Мир-24” як масъули ширкати “Роҳи Оҳан”.


Моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти баландпояи Русия – муовини нахуствазир Дмитрий Рогозин ва сардухтури санитарии Русия Геннадий Онишенко қаторҳои Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дода, шароити нигоҳдории мусофирон, риоя нашудани меъёрҳои тозагиву санитариро шадидан интиқод карда, баъдтар дар моҳи май ин қаторҳоро дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор карданд. Таҳлилгарон ин ҳамлаи танзимшуда зидди ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро бо равобити мушкили байни ду давлат, аз ҷумла, ба дарозо кашида шудани тасвиби созишномаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Душанбе иртибот доданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG