Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Суғд як маъмури пулисро барои истифода аз шиканҷа муттаҳам дониста, парвандаашро ба додгоҳ фиристодааст

Додситонии вилояти Суғд таҳқиқи парванда алайҳи Хусрав Ниёзқулов, корманди шӯъбаи умури дохилиро бо иттиҳоми “шиканҷа” анҷом дода, барои муҳокима ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ирсол кардааст.

Рустам Раззоқов, сардори яке шӯъбаҳои додситонии Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин корманди милиса моҳи июни соли ҷорӣ як ҷавони дискфурӯшро ба гумони фурӯши дискҳои фаҳшо ё порнографӣ боздошт намуда, дар утоқи кориаш латту кӯб кардааст. Бар асари латукӯб гӯши ҷавон дарида, гурдааш зарар дидааст ва ташхисоти додгоҳиву тиббӣ дар ин бора санад таҳия кардааст. Раззоқов афзуд, нисбат ба корманди милиса, Хусрав Ниёзқулов мутобиқи банди 143 и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “Шиканҷа”, иттиҳом пешниҳод шудааст. Вале Ниёзқулов дар ҷараёни бозбинии аввалияи парванда ин гуноҳро ба гардан нагирифтааст.

Ба гуфтаи Мирзонаим Муртазоев, сардори ситоди идораи корҳои дохилии Суғд, Ниёзқулов дар пайи ин қазия аз вазифа сабукдӯш шуда, замони баррасии парвандааш дар додгоҳ ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист дар озодӣ ба сар мебарад.

Банди “Шиканҷа” ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи марти соли равон ворид гардида, дар вилояти Суғд бо ин ҷурм бори аввал парванда боз шудааст.

Дар Тоҷикистон ин дуюмин парванда маҳсуб меёбад. Моҳи сентябри соли равон барои бори нахуст дар Тоҷикистон, додгоҳ як корманди милисаи ноҳияи Ёвон, Машраф Алиевро ба гуноҳи шиканҷа додани як навҷавон барои 7 соли ҳабс паси панҷара фиристода буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо намояндагони мақомоти интизомӣ бахшида ба Рӯзи милиса корбурди шиканҷаро маҳкум ва даст кашидан аз ин амали нангинро талаб кард. Вай таъкид кард, ҳеҷ як корманди интизомӣ дар ҳеҷ ҳолат ба шиканҷа додан ҳақ надорад.

Ҷӯрахон Раҳмонов, додраси додгоҳи Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи мазкур ба додгоҳ дастрас шуда, дар наздиктарин рӯзҳо таҳти раисии вай мавриди бозбинӣ қарор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG