Пайвандҳои дастрасӣ

Терминали нави фурудгоҳи Душанбе, ки бо кумаки молии Фаронса сохта шудааст, аз рӯзи душанбеи 3 ноябр пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои бунёди ин терминали муосир 39 миллион евро сарф шудааст.

Рӯзи 3 ноябр, бо гузашти 6 сол аз имзои созишнома миёни Тоҷикистону Фаронса терминали Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расман ба кор медарояд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, рӯзи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар расми ифтитоҳи терминал намояндагони ширкати «Vinci» - и Фаронса, раҳбарияти фурудгоҳ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат хоҳанд кард: “Ду рӯз аст, ки мо тариқи терминал парвозҳои озмоиширо ба роҳ мондаем. Мусофирон тариқи як хатсайр парвоз карданд ва аз ду хатсайри дигар фуруд омаданд. Бояд бигӯем, ки аз терминал фақат парвозҳои берунӣ сурат мегиранд, на дохилӣ. Парвозҳои дохилӣ аз терминали кӯҳна ба роҳ монда мешаванд.”

Тавофуқ рӯи сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе миёни Тоҷикистон ва Фаронса ҳанӯз моҳи августи соли 2008 ҳосил шуда буд. Нақшаи сохтмони терминалро муассисаи «Гипрострой» - и Тоҷикистон анҷом дода, қарор буд ширкати фаронсавии «Caritas” сохтмони онро ниҳоӣ кунад. Аммо дар ин миён баҳсҳои фаннӣ ба вуқӯъ павайстанд, аз ҷумла ихтилофи назар сари истифодаи кадом навъи семент. Моҳи ноябри соли 2010 сарвазири вақт Оқил Оқилов аз таъхири ширкатҳои фаронсавӣ ба сафири он замони Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зипер де Фабиани изҳори нигаронӣ кард.

Дар сармоягузории тарҳ низ мушкил пеш омад. Бино ба тавофуқ, сармоягузорӣ бо 20 миллион евро қарзи боимтиёзи ҳукумати Фаронса сурат мегирифт, ки бо 0,15 фоизи солона бояд дар мӯҳлати 39 сол пардохт шавад. Саҳми Тоҷикистон 7 миллион евроро ташкил мекард, аз ҷумла 5 миллион аз ҳисоби худи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».

Намояндагии ширкатҳои «Sofema group» ва «Alpha airport”, ширкатҳои масъули сохтмони терминал, он замон дар шарҳи таъхири сармоягузории сохтмон гуфта буд, ки баъд аз бӯҳрони иқтисодӣ қимати таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ боло рафта, дар арзиши тарҳ низ тағйирот омад.

Тоҷикистону Фаронса фақат соли 2012 сари сохтмон иттифоқи назар пайдо карданд. Маблағи сармоягузории сохтмон 39 миллион евро муайян шуд - 20 миллион евро - аз фурудгоҳи Душанбе ва 19 миллион евро - аз Фаронса.

Моҳи ноябри соли 2012 сохтмон низ ба уҳдаи ширкати дигари фаронсавӣ «Vinci» вогузор шуд, ки 19 марти соли 2013 ба кор шуруъ кард. Терминалро 10 мутахассиси фаронсавӣ ва 150 сохтмончии тоҷик анҷом доданд.

Ҳоло терминал як бинои дуошёнаест, ки метавонад ҳар соат ба 500 мусофир хизмат расонад ва зарфияти яксолааш 1 миллиону 200 ҳазор нафар аст.

Қаблан мақомоти Фаронса сохтмони терминали Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо як гуна сипосгузории кишварашон аз Тоҷикистон хонда буданд, ки аз соли 2001 теъдоде аз низомиёни фаронсавиро ба хотири кӯмак ба нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон ҷой дод. Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 200 афсару сарбоз, 6 тайёраи ҷангии «Мираж» ва 4 тайёраи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса то як ҳафтаи қабл дар фурудгоҳи Душанбе мустақар буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG