Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе боз як иншооти нави варзишӣ бо номи “Майдони теннис” ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи “Майдони теннис”, ки шоми 3-юми сентябр барпо гардид, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ин иншооти навро дар остонаи таҷлили ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон тӯҳфаи арзишманд номид.

Тавре зикр гардид, ин майдони зебо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “майдони асосии ин маҷмааи варзишӣ дорои се корти теннис ва 2600 ҷойи нишаст мебошад. Майдони теннис ва дигар инфрасохтори зарурии ин маҷмаа дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки инчунин президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, ба теннис таваҷҷӯҳи хоса дорад

Б.Раҷабалиев дар мусоҳиба бо Озодӣ

Б.Раҷабалиев дар мусоҳиба бо Озодӣ

ва зимни суханрониаш ба мо, роҳбарону масъулони соҳа, дастур дод, ки шароити то ба ҳол муҳайёшуда, аз ҷумла ин корти теннисро барои ташкили мусобиқаҳо байни шаҳру ноҳияҳо, рушди ин навъи зебои варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва густариши тарзи ҳаёти солим ҳарчи бештару пурсамар истифода кунем. Мо акнун имкон дорем, ки Ҷоми президенти Тоҷикистон ва дигар мусобиқоти байналмилалиро дар ин майдони теннис бо ширкати варзишгарони беш аз 20 кишвар ташкил намоем.“

Дар майдони нав шоми 3-юми сентябр бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳудуди 3000 тамошобин - дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш - даври ниҳоии мусобиқоти теннис миёни наврасон барои гирифтани ҷоизаҳои президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар сабқати ниҳоӣ ду ҷуфти духтарон яке то 13-сола ва дувумӣ то 16-сола ва ду ҷуфти писарони ҳамин синну сол қувваозмоӣ карданд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 100 ҳазор сомониро ташкил медод. Барои ғолибони мусобиқа ҷом бо ҷоиза ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои дуюм ҷом бо ҷоиза ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд.

Ҳамин тариқ, ҷом ва шоҳҷоиза миёни духтарони то 13-сола насиби Наргиза Яҳёева гардид. Дар миёни духтарони то 16-сола бошад, ба ин мақом Анастасия Турсунова мушарраф шуд. Миёни писарони синни то 13-сола Мансур Мирзоев ва наврасони синни то 16-сола Фирӯз Муҳиддинов пирӯз шуданд.

Барои ҷойҳои дуюм ҷоизаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ба маблағи 10-ҳазор сомонӣ ба Юлия Макашина ва Сироҷ Содиқов дар миёни теннисбозони то 13-сола ва ба Нодира Муллоҷонова ва Темур Каримов дар миёни наврасони то 16-сола супурда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибони мусобиқа ҷому ҷоизаҳои пулӣ ва ҳамчунин ба дастпарварони фаъоли мактаби махсуси наврасону ҷавонони тенниси шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла лавозимоти бозии теннис, тақдим кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG