Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Қосимов: "Чаро дар паём аз нокомиҳо чизе намегӯянд?"


Маҳмудҷон Қосимов набуди механизми мушаххаси иҷрои нақшаву барномаҳои омада дар паёми президентро масъалаи асосӣ меномад.

Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва яке аз ташаббускорони ташкили ҳизби Тоҷикистони нав дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, иҷрои вазифаҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояш мегузорад, боз ҳам ба дӯши ҳамон маъмурияти ӯст, ки сифату самараи кораш ба касе пӯшида нест ва ҳама медонанд, ки аксарияти кулли нуқоти паёмҳои солона дар рӯи қоғаз мемонанд.

Маҳмудҷон Қосимов, ки дар гузашта дар мақомҳои муовини раиси гумрук ва муовини аввали вазири шуғли аҳолӣ кор кардааст, мегӯяд: “Мардум мехоҳад бидонад, оё иҷрои ин паём ҳам аз тариқи ҳамон механизмест, ки ҳарсол мегӯем дар борааш, ки аз ӯҳдаи кор набаромад? Он паёми қаблӣ иҷро нашуд, бисёри нуқоташ монд дар рӯи қоғаз ва касе ҳатто ба ёд ҳам намеорад. Ва пеш аз ҳама, маъмурине, ки ба иҷрои ин корҳо муваззаф шудаанд.” Оқои Қосимов гуфт, дар паёми имсола дар робита ба зарурати ислоҳоти идораи давлат посухе пайдо накардааст.


Вокуниши Маҳмудҷон Қосимов ба паёми президент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00
Линки мустақим



Ин ҳуқуқдони тоҷик изҳори қаноатмандии раисиҷумҳур аз асноду қонунҳои мавҷударо низ ба чолиш кашид ва гуфт, “чаро намегӯянд, ки дар Тоҷикистон садҳо қонуну паймону асноде ҳаст, ки иҷро намешаванд ва ё ба суди ҷомеа кор намекунанд?” Оқои Қосимов аз ҷумла Кодекси нави андозро, ки аз 1 январ ба иҷро даромад, мисол овард, ки ба бовари ӯ, соҳибкоронро дар вазъи сангине қарор додааст.

Маҳмудҷон Қосимов гуфт, “паёми солона як навъ ҳисоботи давлат ба мардум аст ва вақте дастовардҳои ин давраро паиҳам мечинанд, хуб мебуд, дар баробараш аз нокомиҳои давлат низ бигӯянд ва шарҳ диҳанд, ки сабаби ин нокомиҳо чист? Аз таҳдидҳои амниятӣ аз хориҷ сӯҳбат мекунанд, вале намегӯянд, ки аксарияти аҳолии қобили кори моро ҳамин сиёсати иқтисодии имрӯза водор кардааст, ки барои як қути лоямут дар хориҷ кор бикунанд. Теъдоди онҳо низ ба ҳадде расидааст, ки бояд пурсида шавад, ки оё ин вазъ ба амнияти иқтисодиву сиёсии кишвар таҳдид намекунад? Чаро аз ин намегӯем?”

Таҳдиди дигари умда ба амнияти Тоҷикистон, ба ақидаи Маҳмудҷон Қосимов фасод аст, вале дар паёми имсола, “дар мавриди фасод сарсарӣ гуфтанд, ки барномае таҳия мешавад, ожонсие таъсис додем, корҳое кардем... Вале пурсида мешавад, ки канӣ натиҷааш, ки тариқи рақамҳову аснод гузориш диҳанд, ки чанд вазиру раисро бо ҷурми фасод ба ҷавобгарӣ кашонданд дар ин муддат? Канӣ ин рақамҳо?”

Маҳмудҷон Қосимов мегӯяд, ҳатто дастовардҳои давлат низ дар паём дастабандӣ мешуд, ки оё кадомаш меваи маҳорати давлатдорон аст ва кадомаш аз ҳисоби азобу машаққати муҳоҷирони тоҷик ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG