Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни нави андоз: зиёни тоҷир ва фоидаи будҷа?


Коршикании соҳибкорони бозори "Сомон", 4.02.2013

Коршикании соҳибкорони бозори "Сомон", 4.02.2013

Ҳодисаи коршикании тоҷирон дар бозори «Сомон», дар шимоли Тоҷикистон, танҳо мавриде аст, ки пас аз қабули қонуни нави андоз аз сӯи порлумон дар ду моҳи пеш иттифоқ афтодааст.

Аммо дар асл иқдоми ахири ҳукумат ва порлумон ҷомеаи соҳибкории Тоҷикистонро ба шиддат нигарон карда ва хабарҳо аз ин аст, ки бархе аз соҳибкорон ба вазнинии андоз тоб наоварда ва тарки фаъолиятҳои тиҷоратӣ мекунанд.

Пас, суоли матраҳ низ ин аст, ки оё давлат бо ин кораш магар метавонад буҷаро ғанӣ созад ва фаъолияти соҳибкорӣ дар кишварро рушд диҳад? Ё бо идома пайдо кардани коршиканӣ ва тарки соҳибкорӣ кардани афрод роҳи дигареро пеш хоҳад гирифт?

Даҳҳо тан аз тоҷирони бозори «Сомон» дар шимоли Тоҷикистонро маҳз тартиби нави андозбандӣ, ки дар пайи қабули қонуни нави андоз сурат гирифт, водор ба коршиканӣ дар рӯзи душанбеи 4 феврал кард. Нигаронии аслии бозоршинон ин аст, ки тартиби нави андозбандӣ, ки сабаби афзоиш он шудааст, вазниниро ба бор овардааст.

Яке аз тоҷирони ин бозор мегӯяд, коршикании онҳо ба маънии низоъ андохтан дар ҷомеа нест, балки ҳукумат душвор шудани зиндагии онҳоро дарк кунад ва шароити дуруст барои фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам созад, «мо мехоҳем моро фаҳманд. Дар ин 30 градус ҳарорати сарди ҳаво омада мешинем, печка монда наметавонем, зеро моро ҷарима мекунан, аламовараш низ ҳамин аст. Чун коре карда наметавонем. Ҳамон 363 сомонӣ андозе, ки кардаанд, онро низ кор карда наметавонем. Барои ҳамин мо талаб дорем, ки ҳамон андози пешина 250 сомониро бигиранд».

Аммо тоҷири дигари ин бозор бар ин назар аст, ки маблағи андозе, ки қаблан пардохт мекарданд, ҳамон низ хеле зиёд аст, Вай гуфт, «ҳозира савдо низ намепӯшонад. 253 сомонӣ буд ва ҳоло боз 100 сомонии дигар изофа шудааст. Ин маблағро на ҳама дода метавонад. Чунки савдо хеле суст. Рӯз-рӯзе савдо нашавад, дигар намешавад. Ҳамон андози пешина низ бояд арзон карда шавад».

Коршикании тоҷирони шимолӣ дар ҳолест, ки хабарҳо аз тарки фаъолияти соҳибкорӣ кардани иддае аз афрод ба гӯш мерасад.

Ҷамолиддин Ҳикматов, собиқ соҳибкор аз ноҳияи Турсунзода, аз ҷумлаи афродест, ки чанд рӯзи пеш шаҳодатномаи инфиродии соҳибкориашро ба нозироти андоз супорида, тарки фаъолияти тиҷоратӣ кардааст. Вай низ дар сӯҳбат бо РО маҳз ҷорӣ шудани тартиби нави андозбандиро сабаби аслии тарки соҳибкорӣ карданаш унвон кард, «андоз, ки баланд шуд, чи хел кор кунем? Ягон даромад нашавад. Ва ҳамаи даромад барои андозу пожару дигару дигар сарф мешавад. Соли гузашта то 450 сомонӣ андоз месупоридам. Яъне, 200 сомонии дигар баланд шуд. Изофа 30, 40 то 50 сомонӣ барои декларатсия месупоридам. Ҳамин хел 500 сомонӣ месупоридам. Агар корамро идома медодам, бояд 650 сомонӣ месупоридам. Акнун, ки тартиби нави андоз баромад, то охири сол даҳ бори дигар баланд мекунанд.»

Аммо масъулони кумитаи андоз то андозае нигаронии иддае аз соҳибкорон, бахусус тоҷирони бозори «Сомон»-ро рад мекунанд.

Сайидаҳмад Абдуллоев, сардори раёсати хизматрасониҳо дар Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси ислоҳоти ахир, сабукиҳои зиёде барои фаъолияти соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст, «тартиб чунин аст, ки андозсупоранда андози ҳифзи иҷтимоиро пардохт мекунад, аммо андози минбаъдаи вай дар асоси даромади вай ба роҳ монда мешавад. Агар даромади соҳибкор дар давоми моҳ ё се моҳ 3 ҳазор сомонӣ бошад, пас 6 дар сад ё 180 сомонӣ ба буҷа пардохт хоҳад кард. Қаблан андоз аз фурӯши чаканаи молҳо буд, ки дар қонуни нав онро гирифта партофтанд. Пурра сабукӣ аст».

Ба таъкиди ин масъули Кумитаи андози Тоҷикистон, нофаҳмиҳое, ки дар миёни соҳибкорон ба вуҷуд омадааст, аз муҳосибаи дуруст ба роҳ монда нашудани фаъолияти худи соҳибкорон сарчашма мегирад.

Аммо таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба коршикании ахир дар шимоли Тоҷикистон ва мавориди тарки соҳибкорӣ кардани иддае аз афрод мегӯянд, дар сурати идомаи ин раванд, бахусус сарпечӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ, сарнавишти буҷаи кишвар зери суол хоҳад рафт. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷамъоварии андоз омили аслии ғанӣ гардонидани буҷа аст.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик дар ин бора мегӯяд, «бубинед, вакилони порлумони мо оқибати иҷрои ин қонунро наандешидаанд. Иҷрои бандҳои ин қонун, зарбаи сахте ба иқтисоди Тоҷикистон дорад. Дар ҳоле ки соҳибкорӣ бар асоси сиёсати кишвар бояд рушд ёбад, то вазъи иқтисодии кишвар беҳтар шавад. Аз сӯи дигар, соҳибкорони хурду миёна дар кишварро занон низ ташкил медиҳанд. Онҳо ба хотири пешбурди зиндагӣ даст ба ин фаъолият задаанд. Бояд пеши роҳи ин кор гирифта шавад Ҳанӯз ҳам дер нашудааст.»

Бо ин ҳама, чунин ба назар мерасад, ки ҳар гуна имтиёз барои фаъолияти соҳибкорӣ танҳо дар чорчӯби қавонин дода мешавад. Қонуни нави андоз, ки ахиран аз сӯи порлумон қабул гардид, дигар афродеро, ки тарки соҳибкорӣ кардаанд, гардонида наметавонад. Соҳибназарон бар ин боваранд, ки дар сурати густариши ин раванд, он зарбае ба буҷаи кишвар хоҳад шуд.

Дар ин сурат, нозирони умур мегӯянд, ҳукуматро лозим аст, то аз паёмади он андеша кунад ва пеши роҳи гурези соҳибкорон аз фаъолияти соҳибкориро бигирад.

Зимнан, онҳое, ки тарки соҳибкорӣ кардаанд, мегӯянд, ҷуз рӯ ба муҳоҷират овардан дигар чорае надоранд. Аммо бе ин ҳам ҳоло беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрванди Тоҷикистон зиндагиашро бо пули муҳоҷират пеш мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG