Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полковник Наимов ба ҷои Рустам Амакиев фармондеҳи "Алфа" шуд


Маросими ҷанозаи Рустам Амакиев дар ноҳияи Восеъ.

Маросими ҷанозаи Рустам Амакиев дар ноҳияи Восеъ.

Полковник Назар Наимов, яке аз поягузорони гурӯҳи махсуси "Алфа" муваққатан ба ҷои Рустам Амакиев иҷрокунандаи раҳбари ин гурӯҳ таъин шудааст.

Як манбаъ дар манобеи қудратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз поягузорони гурӯҳи махсуси "Алфа"-и Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон полковник Назар Наимов мувақатан ба ҷои Рустам Амакиев иҷрокунандаи раҳбари ин гурӯҳ таъин шудааст.

Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи махсуси "Алфа"-и марбут ба КДАМ-и Тоҷикистон шаби 16-уми сентябр дар мавзеи Гусгеви дараи Ромит ҳангоми задухӯрд бо гурӯҳи марбут ба муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода кушта шуд.

Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, пас аз ҳалокати​ Рустам Амакиев дар шаби 16-уми сентябр, гурӯҳро бевосита Назар Наимов раҳбарӣ кардааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ӯ дар ин мақом мемонад ва ё ба ҷояш нафари нав таъин мешавад.

Амалиёти нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳ афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро куштанд. Мақомот масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши афроди марбут ба генерал ва муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода вогузор карданд ва Назарзода ҳамон рӯзи 4 сентябр бо як қарори ҳукумат аз мақом барканор шуд.

Ба ҳисоби мақомот, тайи 12 рӯзи амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев, ва аз тарафи муқобил 27 нафар кушта шуда, 139 тани дигар бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, алайҳи 100 нафар аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG