Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон ду рӯз пеш шабакаи нави иҷтимоиеро таъсис додаанд, ки ба бовари муассисонаш, метавонад то ҷое ҷои холишудаи шабакаи Одноклассникиро пур кунад.

Дар ҳоле ки шабакаи иҷтиимоии Одноклассники – пуртарафдортарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон – аз рӯзи 19 июл ба ин сӯ дар ин кишвар дастнорас шудааст, як ҷавони тоҷик аз таъсиси шабакаи наве бо номи Vipnet.tj хабар дод, ки ба бовари ӯ, метавонад ҷои холишудаи Одноклассникиро то ҷое пур кунад.

Ин нахустин талоши сохтани шабакаҳои иҷтимоии сирф тоҷикӣ нест. Қаблан низ талош шуда буд, то шабакаҳое бо номҳои Дӯстон, Парта ваё Созандагон таъсис бидиҳанд, вале ин тарҳҳо чандон комёб нашуд.

Аммо оё Vipnet.tj то куҷо метавонад дар ин бозор муваффақ шавад ва ҷои Одноклассникиро дар Тоҷикистон бигирад?

Ғаниҷон Саломзода, муассиси 18-солаи шабакаи Vipnet.tj, ки хатмкардаи гимназияи рақами 9 ба номи Низоми Ганҷавист, дар мусоҳибааш бо Озодӣ гуфт, ҳамагӣ ду рӯз пеш ин шабакаро расман фаъол кардааст:

Ғаниҷон Саломзода: Ин идея дар фикри ман замоне пайдо шуд, ки дар чанд вақти ахир миёни корбарони ҷавони шабакаи Одноклассники нофаҳмиҳои зиёд мушоҳида мешуд. Ва ҳам дашномҳои қабеҳ тавассути ин шабака миёни онҳо ҷанҷол барангехт, ки ин боиси кушта шудани ҷавонон аз дасти ҳамдигар ҳам шуд. Ин ҳама як оморе буданд, ки ман дар худ кашф кардам ва тасмим гирифтам то чунин як шабакаи иҷтимоиро таъсис диҳам, ки алфози қабеҳи корбарон дар он назорат шавад. Ҳоло ин шабака, ки бо забони русӣ ва англисӣ фаъол аст, танҳо имкони боздошт кардани наворҳои фаҳшро надораду халос. Вале тамоми суҳбатҳои корбарон назорат мешаванд.

Радиои Озодӣ: Фарқият миёни Vipnet.tj ва Одноклассники чӣ аст?

Ғаниҷон Саломзода: «Дар шабакаи Vipnet.tj ҳама дашному ҳарақоратҳое, ки менависанд, ба нафари дигар намерасад. Ин ҳама пурра назорат мешавад ва корбарон наметавонанд ҳангоми мушоират ба ҳамдигар таҳдид ва ё дашном диҳанд. Ин яке аз фарқҳои сомонаи таъсисдодаи ман аст. Ва фикр мекунам, ин ба манфиати ҷавонон ва корбарон шуда метавонад. Ҳамчунин, дар ин шабака риоя кардани меъёрҳои қонуни Тоҷикистон дар бораи иттиллоотонӣ навишта шудааст, ки бояд аз сӯи корбарони ин шабака риоя карда шавад».

Радиои Озодӣ: Тарзи истифодабарии Vipnet.tj чӣ гуна аст?

Ғаниҷон Саломзода: Истифодааш монанд аст ба Одноклассники. Мо аввал аз функсияҳои лозимии шабакаҳои Фейсбуку Тввитер ва Одноклассники барои сохтани ин шабакаи нав, ҳар чизе ки лозим буд интихоб карда баъдан барои сохтани шабакаи Vipnet.tj истифода кардем. Хар нафар метавонад, бо сабти номи худ дар ин шабака аз он истифода ва бо дигар корбарон муошират кунад.

Радиои Озодӣ: Ин тасмимро шумо баъд аз баста шудани шабакаи Одноклассники дар Тоҷикистон гирифтед ва ё ?

Ғаниҷон Саломзода: Ман барои сохтани ин шабака ҳамагӣ шаш моҳ пешиқдом карда будам, баъдан баҳори ҳамин сол замоне ки ТИК як озмун дошт онҷо ин тарҳро ҳамчун иштирокчии озмун пешниҳод карда будам ва миёни мактаббачаҳо ин тарҳи ман тавонист сазовори ҷои аввал ва диплом шавад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ин шабака фаъол аст ё не?

Ғаниҷон Саломзода: Бале, ду рӯз пеш шабакаи мо расман кушода шуд. Инро аксари онҳое ки хабар ёфтанд, дастгирӣ карданд ва ҳатто миёни ин нафарон кормандони ҳукумат ҳам ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки меҳнати шашмоҳаи шуморо шояд як дастури Хадамоти алоқа барбод медиҳад, мисле ки Одноклассникиву Ютюб ки ҳоло дар Тоҷикистон дастнорасанд?

Ғаниҷон Саломзода: Худо хоста бошад, ин тавр нахоҳад шуд. Чунки аввалан навиштаҳои корбарони ин шабака зери назорат қарор мегиранд. Дуюм ин ки фаъолияти шабакаи иҷтимоии Vipnet.tj дар дасти серверҳои дохилӣ нест. Сеюм ин ки шабака тиҷоратӣ набуда, ройгон аст ва фикр мекунам, ин метавонад ба сатҳи иқтисоди кишвар низ бетаъсир набошад. Ҳоло мо чор нафар ба ҳайси масъули ин шабака фаъолят дорем.

Радиои Озодӣ: Шумо метавонед бигӯед, ки барои таъсиси як шабакаи иҷтимоӣ чӣ қадар маблағ сарф кардед?

Ғаниҷон Саломзода: Ман ҳаҷми маблағро гуфта наметавонам, вале ин пул аз ҳисоби худамон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG