Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Ҷавони тоҷик модарашро зиндабагӯр кардааст


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, як ҷавони 23-солаи тоҷикро бо иттиҳоми қатли модараш дастгир карданд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 28-уми сентябр дар вебсайташ хабар дод, ки Тағаймурод Миров рӯзи 17-уми сентябр баъди ҷанҷол бо модараш ӯро сари хашму ғазаб мекушад. Ба гуфтаи вазорат, ҷавони тоҷик баъди латукӯб кардану бо бел задани модари 52-солааш Садафмо Нурова, ӯро ба курпаи тунуке печонда ва зинда ба гӯр мекунад. Ғайб задани модар ва паҳн шудани бӯи ҷасад дар рустои Қайнамаи ноҳияи Данғара сабаб шудааст, сокинони деҳа ба маъмурони милиса хабар диҳанд. Ҷавони тоҷик, ки дар гузашта барои дуздӣ зиндонӣ шудааст, ҳоло ба қатл муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG