Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон як рӯз пеш аз даъват ба хидмати ҳарбӣ маъракаи “кулчагазон”-ро барои 65 ҷавони синни сарбозӣ баргузор намуд, ки ихтиёран ба сафаи артиш пайвастанианд.

Намояндагони ҳукумати ноҳияи Қубодиён мегӯянд, онҳо ба хотири ҷалби бештари ҷавонони синни сарбозии ин ноҳия маросими камрангшудаи “кулчагазон”-ро эҳё карданд, ки рӯзи 31 март баргузор шуд. Ин маърака замони Шӯравӣ, ки сарбозон умдатан барои хидмати ҳарбӣ берун аз ҷумҳурӣ мерафтанд роиҷ буд, вале тадориҷан фаромӯш гашт. Тибқи ин оин сарбозони оянда кулчаеро газ мегирифтанд ва ин нон то бозгашти онҳо дар девори хонаи падару модарашон интизор мемонд.

Меҳриниссо Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 65 ҷавон, ки хоҳиш доранд, ба хидмати ҳарбӣ раванд, дар маъракаи “кулчагазон” ширкат кардаанд: “Хоҳишмандҳо зиёдаст, ки метарсем чашмамон нарасад, чун ҳоло шумораи зиёди ҷавонон дар ин маърака иштирок доранд ва волидайни онҳо низ суҳбатҳо мекунаду рақсу бози менамоянд, раиси ноҳия ва комисари ноҳия иштирок мекунад. Дар кулчагазон як кулчаро рӯи порчаи сафед ба сарбоз медиҳем, ки пеш аз сафар кулчаро мегазад ва ба умеди сиҳату саломат гаштан ва хӯрдани кулчаи газидааш аз сарбозӣ ба дасти модараш медиҳад, ин кулча дар дасти модар мемонад, ки расму русуми қадима аст.”

Аҳтамҷон Муҳиддинови 19-сола аз деҳаи Фароғати ноҳияи Қубодиён яке аз ҷавононест, ки мегӯяд баъди хатми мактаби миёна аз бекорӣ дар деҳаашон хаста шудааст ва мехоҳад, ба сарбозӣ равад. Вай, ки дар маросими “кулчагазон” иштирок дошт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавонон набояд аз хидмат саркашӣ кунанду дар натиҷаи “облава” ба сарбозӣ раванд: “Манро барои хизмат рафтан касе маҷбур накардааст, ба хоҳиши худ омадаам ва ариза навишта кулча газидам, ки ба хизмат равам, ҷавонон ҳастанд, ки мегурезанд, вале ман ба онҳо мегӯям, ки шароит хуб аст дар қисми низомӣ омада хизмати сарбозиро анҷом диҳанд.”

Меҳроҷ Мирзоев, марди 63- сола аз ҷамоати деҳоти “Тахти сангин”, ки падари 8 фарзанд аст, писари хурдияш Исломиддини 20-соларо дар маросими “кулчагазон” ҳамроҳӣ мекард. Вай гуфт, ки дигар мисли чанд соли пеш вақти сафарбаркунии фарзанд ба сарбозӣ гиря накарда, баръакс хушҳол аст:

“Дар сафарбаркунии ҷавонон ҳамаи падару модарон ҷамъ шудаем, ки мехоҳем, ки фарзандонамонро ба сарбозӣ фиристонам, фарзандам чанд рӯзи пеш омада гуфт, ки ба хидмат сарбозӣ меравам, натанҳо ба фарзанди худ, ба фарзандони дигарон ифтихор мекунам, ки бо навиштани ариза дар маъракаи хурсанди иштирок мекунад.”

Дар маросими “кулчагазон”-и ҷавонони ноҳияи Қубодиён наздики 100 падару модар ширкат карданд. Вале модарон бештар буданд, чун ки аксари падарон дар Русия муҳоҷиранд.

Ҳарчанд ҳукумати ноҳия талош мекунад, бо ин роҳ хидмати ҳарбиро дар чашми ҷавонон обрӯ ва эътибори хос бахшад, бархе аз ҷавонони синни сарбозӣ дар остонаи даъвати баҳорӣ роҳи Русия ё деҳоти кӯҳистониро пеш мегиранд. Фирори ҷавонон аз артиши сабаби гирудори маҷбурии онҳо ё “облава” мегардад. Аммо онҳо мегӯянд, дури ҷустани онҳо аз артиши миллӣ сабаб дорад.

Як ҷавони 21-сола, ки худро Алишер муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари лату куби сарбозон, сӯиқасд ба ҷони худ кардан ва ҳодисаҳои кушта шудан аз ҷониби ҳамхизмато, ӯ ва хонаводаашро нигарон кардааст. Ин ҷавон мегӯяд, барои давраи даъвати баҳорӣ ба хонаи як наздикаш рафтааст, вале нагуфт, ки ба кадом шаҳр ва ё ноҳия.

Ду соли ахир дар ҷануби Тоҷикистон роҳбарияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҷавонони синни сарбозӣ ваъдаи қитъаи замин медод, ки нақшаи даъват ба артишро иҷро кунад, вале маълум нест, он ҷавононе, ки аз сарбозӣ меоянд, соҳиби замин мешаванд ё не.

Ҳарчанд аз комиссарияти вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки “облава”ё сафарбаркунии иҷборӣ дар вилоят соли гузашта ҷои надошт ва дар дар даъвати баҳорӣ ба ин чиз роҳ намедиҳад, вале додситони низомии Хатлон мегӯяд, ки даъвати тирамоҳии соли гузашта чаҳор ҳолати иҷборан сафарбар кардани ҷавонон ба артишро ошкор намуда, як духтур аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки сарбози маризро сиҳат гуфта ба артиш роҳхат дода буд, аз кор ронда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG