Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти маорифи Душанбе мехоҳанд, дар мавриди гирифтани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ба занони коргар имтиёз бидиҳанд. Ин "қоида" занони дигарро нигарон кардааст.

Тасмими ба хонашину коргар ҷудо кардани занон ҳангоми қабули кӯдаконашон ба кӯдакистонҳо, модарони бе ҷои корро дар Душанбе нигарон кардааст. Аммо масъулон мегӯянд, барои беҳтар кардани шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар кӯдакистонҳо бояд ин раванд танзим шавад. Бартарӣ дар ин тарҳ ба занҳое дода мешавад, ки ҷои кор доранд.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мехоҳад, дар вақти қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ба занони коргар, ки имкони тарбияву нигоҳубини фарзандро надоранд, як бартарӣ ё имтиёзе пешбинӣ кунад. Дар заминаи ин тарҳ дар навбати аввал ба кӯдакистон кӯдакони занони коргар қабул мешаванд ва танҳо дар сурати холӣ мондани ҷой занҳои хонашин низ метавонанд бачаҳои худро ба кӯдакистон супоранд.

Ин тасмим ба дунболи санҷиши кӯдакистонҳо гирифта шудааст. Санҷиш нишон додааст, теъдоди бачаҳо дар кӯдакистонҳои Душанбе бештар аз ғунҷоиши муассисаҳои кӯдакона будааст.

Ҳамидуллохон Фақиров

Ҳамидуллохон Фақиров

Ҳамидуллохон Фақиров, мудири маорифи шаҳри Душанбе, мегӯяд, ҳадаф нақзи ҳуқуқи занони хонанишин нест. Ба қавли ӯ, занҳои хонашин бояд дарк кунанд, ки онҳо барои нигоҳубини кӯдакҳои худ аз шароите бархӯрдор ҳастанд, ки зани коргар надорад. Ҳамидуллохон Фақиров таъкид кард, ҳоло дар ин замина ягон қароре тасвиб нашудааст ва касе ҳақ надорад атфолеро, ки то ҳол дар кӯдакистонҳо ҷо ба ҷо шудаанд, аз ин муассисаҳо берун кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки модарон мегӯянд, аз ҳоло дар бархе аз боғчаҳои бачагона онҳоро огоҳ кардаанд ва бо ҳар баҳона аз вуруди фарзандонашон ба ин муассисаҳо пешгирӣ мешавад.

Моҳпайкар, як сокини шаҳри Душанбе, ки дар бозори "Шоҳмансур" ба тиҷорат машғул асту ду фарзандаш - яке 3 ва дигарӣ 5-сола дар боғча нигоҳубин мешуданд, мегӯяд, “як ҳафта пеш мураббии духтари калониам гуфт, ба мо қонуне баровардаанд, ки бояд хонашинҳо кӯдаконашонро дар хона нигоҳубин кунанд. Ман гуфтам, президент ҳар рӯз таъкид мекунад, ки фарзандҳоро хононед, таълим диҳед. Мо кори давлатӣ намекунем, аммо кори ғайрирасмӣ, савдо мекунем. Мо мехоҳем кӯдаконамон ягон чиз ёд гиранд. Ба мо гуфтанд, ягон санад биёред, ки ҷое кор мекунед. Барои духтари дувумам ду ҳафта фурсат додаанд.”

Раҳбарияти раёсати маорифи шаҳр ҳамчунин пешниҳод дорад, дар назди бозорҳои калони шаҳр бо ташаббуси соҳибкорон ва барои фарзандони худи онҳо чунин кӯдакистонҳо бунёд шавад. Ба гуфтаи масъулини маорифи пойтахт, ҳоло беш аз 20 дарсади атфоли Душанбе ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин хеле кам аст. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳудуди пойтахт дар 119 кӯдакистон, ки 90-тояш боғчаи давлатӣ аст, 26 ҳазор кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Муҳаррама Қурбонова, раҳбари боғчаи "Лола", ки дар он беш аз 300 кӯдак таълим мегиранд, гуфт, аксари тарбиягирандагон кӯдакони модарони хонанишинанд. Ба гуфтаи хонум Қурбонова, дар як рӯз то 5-6 нафар барои қабули фарзандаш ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Ҳоло дар рӯйхати мо 40 кӯдак дар навбат истодаанд. Аммо то моҳи сентябр ва ҷавоб додани атфоли синни мактабӣ имкони қабули ягон кӯдакро надорем. Тибқи қоида бояд дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб то 25 нафар, дар гурӯҳҳои 3-4 сола то 20 нафар ва дар гурӯҳи ширхора то 15 нафар тарбия гиранд. Аммо имрӯз кӯдакони мо зиёдтаранд. Ҳама мехоҳад фарзандаш дар боғча тарбия ёбад. Барои дар кӯдакистони хусусӣ додани кӯдакон на ҳама имконият доранд, чун нархи онҳо гарон аст,”-мегӯяд Муҳаррама Қурбонова.

Тибқи як барномаи нави ҳукумат, то соли 2020 бояд дар ҳудуди шаҳр 45 кӯдакистони нав ба истифода дода шавад, аммо то он замон масъулин мехоҳанд бо истифода аз роҳҳои дигар, ба монанди мтиёз додан ба занони коргар ҳал кунанд.

Аз сӯи дигар, занҳои хонанишин аз набуди имкону шароити хуби таълими кӯдакон дар шароити хона ва махсусан набудани майдончаҳои махсус барои бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматӣ шикоят мекунанд.

Аммо Ҳилола, як мусоҳиби мо, ки ба гуфтаи худаш, келинҳояш ҷое кор намекунанд, мегӯяд, набераҳояш ҳама дар боғча тарбия мегиранд. Албатта, дар боғча кӯдак миёни атфоли дигар тарбияи беҳтар мегирад. Келинҳои ман масалан бештар ба кори хона бештар машғуланд ва дасташон ба тарбияи кӯдак намерасад. Кӯдакон дар боғча бештар рушд меёбанду фаъол мешаванд. Чун он ҷо барномаҳои махсуси таълими кӯдакон аст,”- мегӯяд Ҳилола.

Бино ба иттилои расмӣ ҳоло дар саросари кишвар танҳо 10 дарсади кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Сокинони кишвар мехоҳанд, атфолашон дар боғча назди хурдсолони дигар тарбия гиранд, то бо як омодагии қаблӣ ба мактаб қадам гузоранд. Вале муррабияҳо мегӯянд, агар волидон бихоҳанд метавонанд, дар муҳити хона ҳам кӯдаконро барои мактаб хуб омода намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG