Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ дар як гузориши фарогир вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ҳамчунон нигаронкунанда ба қалам дода, бахусус озодии баёнро дар ин кишвар мояи асосии ташвиш номидаанд.

Cозмони “Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар” дар як гузориши 12-саҳифаӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар моҳҳои охир дар 3 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Дар бахши Тоҷикистони ин гузориш, ки аз сӯи созмони “Нота Бене” таҳия шудааст, гуфта мешавад, вазъи озодии баён яке аз мояҳои асосии нигаронӣ боқӣ мемонад, чунки танҳо дар солҳои 2013-2014 алайҳи журналистон ва расонаҳо ба додгоҳҳои Тоҷикистон беш аз 45 шикоят рафта, алайҳи як журналистон парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Яке аз даъвои барҷаста алайҳи матбуот даъвои зиёиён алайҳи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” ва хабарнигораш Олга Тутубалина аст, ки ба гуфтаи муаллифони гузориш, “ҷомиаи хабарнигориро такон дода, боз як бори дигар ба ҷараёни ошкорбаёнӣ ва озодии баёну озодии матбуот дар кишвар зарба зад."

Орзу Исоев

Орзу Исоев

Ҳамчунин афзоиши мавридҳои таҳдид ба журналистон ва беамалии мақомот дар амри таҳқиқи чунин мавридҳо зикр шудаааст. Яке аз чунин мавридҳои пурсарусадо муроҷиати Орзу Исоев, хабарнигори радиои “Имрӯз” буд, ки мегуфт, намояндагони ширкати “Q-net” аз тариқи зангҳои телефон ва СМС ба ӯ таҳдид кардаанд. Орзу Исоев дар моҳи май дар барномаи “Баҳси имрӯз” фаъолияти ин ширкатро, ки ба тиҷорати шабакавӣ машғул аст, интиқод карда кори онро ба пирамидаи молӣ шабоҳат дода буд.

Ҳамин тавр, дар гузориш аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва асосан сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо амри ғайрирасмии Хадамоти алоқа дар Тоҷикистон ба як амри маъмул табдил меёбад. Ба бовари гузоришгарон, ин яке аз мушкилоти асосиест, ки ба бахши аъзами аҳолӣ таъсир мегузорад.

Танҳо сомонаи Youtube дар як соли охир 4 маротиба(!!!) масдуд шуда, бори охир дар моҳи июн ин сомонаи пдар Тоҷикистон ҳам путамошобинро ҳамроҳ бо боқӣ маҳсулоти ширкати Google, бо шумули хадамоти почтаи эелектрониаш - Gmail – масдуд карданд.

Дар ин гузориш, ки фақат мавридҳоии нақзи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон пушти ҳам чидааст, аз нооромиҳои моҳи майи Хоруғ ва инки мақомоти Тоҷикистон баъди ин ҳаводис кишварҳои хориҷиро ба талоши ба ҳам задани вазъи кишвар айбдор ва олим Александр Содиқовро бо гумони ҷосусӣ боздошт карданд, низ ёд шудааст. Гузоришгарон мегӯянд, дар вилояти мухтори Бадахшон “нобоварии шадид ба ҳукумати марказӣ мушоҳида мешавад, бахусус баъди амалиёти ҳвижаи тобистони соли 2012 дар Хоруғ, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 22 нафар аз аҳолии осоишта шуд.” Гурӯҳи мониторинги созмони байналмилалии “Ҳамбастагии шаҳрвандӣ” ба чунин натиҷа расидааст, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон он амалиёти вижаро таҳқиқи чандоне накарданд ва то ҳол як маълумоти саҳеҳ дар бораи шумори дақиқи қурбониён нест.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки баъди рӯйдодҳои Хоруғ намояндагони мақомоти Тоҷикистон кишварҳои хориҷиро дар талоши ба ҳам задани вазъи кишвар айбдор карданд. Аз ҷумла раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов рӯзи 19 июн изҳор дошт, ки хадамоти вижаи хориҷӣ “бо унсурҳои ҷиноӣ ҳамкорӣ дошта”, онҳоро махсус ба мубориза алайҳи амнияти Тоҷикистон ташвиқ мекунанд.

Вакили порлумон Амирқул Азимов дар мавриди аҳдофи сафарҳои дипломатҳои хориҷӣ ба Бадахшон изҳори ташвиш карда, як вакили дигари порлумон ҳатто хостори танзими чунин сафарҳо ба он минтақа шуд.

Аммо нуқтаи авҷи ин ҳама, ба гуфтаи гузоришгарон, боздошти пурсарусадои Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонто шуд, ки рӯзи 16 июн дар Хоруғ, ба гуфтаи амниятиҳои тоҷик, “ҳангоми иҷро кардани супориши хадамоти вижаи яке аз кишварҳои хориҷӣ” дастгир шуд. Муаллифони гузориш мегӯянд, парвандаи Содиқов ки ба мавҷи интиқодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст, метавонад боиси эҷоди маҳдудиятҳои беасос дар роҳи дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баён шуда, ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар арсаи илм ва ҳам дар масъалаи дарёфти маълумот дар бораи воқеияти ҳаводисе ки дар минтақа мегузаранд, як “зарбаи шикананда” шаванд.

Масъалаи дигари омода дар гузориши вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон маъракаи зидди ҷиноятҳои ахлоқист, ки моҳи июн баъди як суханронии вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода оғоз ёфта, танҳо дар як ҳафтаи аввалаш беш аз 500 нафар бо гумони танфурӯшӣ ва 3 нафар бо гумони ҳамҷинсгароӣ дастгир шуданд. Ин дар ҳолест ки ҳамҷинсгароӣ дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад.

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Аммо вақте созмонҳои ғайридавлатӣ дар номае ба Рамазон Раҳимзода ба бархе паҳлуҳои ғайриқонунии ин маърака ишора карданд, алайҳи онҳо дар матбуот номаи саркушодае аз номи “гурӯҳи зиёиён” нашр шуд. Вазорати умури дохила низ дар посухи худ маъракаи зидди ҷиноятҳои ахлоқиро лозим ва қонунӣ номидааст.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки моҳи май дар Женева Кумитаи ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии СММ дар як иҷлосияи муқаддамотӣ гузориши миллии ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ҷараёни иҷрои Паймони байналмилалии ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард. Дар ин нишаст масоили марбут ба фақр, фасод, беҷошудагони иҷборӣ, муҳоҷирон ва афроди имконияташон маҳдуд асосӣ будаанд. Моҳи июни соли 2014 Муколамаи ҳуқуқи башар байни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дори шудааст. Иттиҳодияи Аврупо дар ин нишаст аз вуҷуди мавридҳои шиканҷа ва масдуд кардани сомонаҳо ва роҳҳои дигари маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG