Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маматалиев: “Гоҳо баҳси байни ду кас боиси низои ду кишвар мешавад”


Муовини нахуствазири Қирғизистон назарашро дар робита ба муноқишаи ахир дар марзи Исфараву Бодканд иброз дошт

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, рӯзи ҷумъа, 9 май, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз низоъи ахир вазъ дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ором аст, ҳанӯз шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе мардуми ҷамъомада пароканда шуданд, минтақа таҳти назорати кормандони нерӯҳои қудратӣ қарор дорад. Ба гуфтаи мансабдори қирғиз, он шаб “шаҳрвандони Тоҷикистон барвақттар пароканда шуданд, одамони мо соати сеи шаб хона ба хона рафтанд”.

“Озодӣ”. Ба иттилои мо, яке аз осебдидагон аз тир ҷароҳат бародоштааст?

Маматалиев: Сокини рустои Кок-Терек баъд аз шурӯъи ҳангома тасодуфан ба худ аз туфанг тир холӣ кардааст. Кормандони ҳифзи тартибот бо ӯ сӯҳбат карданд ва дар бораи ҷузъиёт суол намуданд...

Озодӣ: Бигӯед, ки сабаби рӯй додани низоъ чӣ буд?

Маматалиев: Ба иттилои пешакӣ, сабаби низоъ хело содда аст. Шаҳрванди Қирғизистон Дониёр Сулаймонов сӯи деҳаи Кожо-Ало мерафт ва дар роҳ мошинашро зане нигаҳ дошт. Ронанда занро дар мошин шинонд ва аммо баъд аз чанд фосилаи роҳ як корманди милиса ӯро манъ кард ва пурсид, ки “Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?”. Байни онҳо таниши лафзӣ ба амал омад ва ба назар мерасад, ки корманди милиса ба касе телефон кардааст, зеро дар чорраҳа сокинони Тоҷикистон сӯи мошини сокини Қирғизистон санг андохтанд. Баъдан аз ду ҷониб одамон ҷамъ омаданд ва низоъ сар зад.

“Озодӣ”: Ана ҳамин гуна як таниши лафзии оддӣ ба низоъи густурда табдил мешавад. Оё шумо барои ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна ҳодисаҳо аз иқдоме кор мегиред?

Маматалиев: Бале, миёни мардуми маҳаллӣ корҳои фаҳмонидани вазъ гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин, шурӯъ аз ибтидои сол шумораи низоъҳо боло меравад. Баъзан баҳс миёни ду кас боиси муноқишаи бузург мешавад.
Ҳодисаҳои таҷаммӯъи одамон, роҳбандӣ, гаравгонгирӣ ва оташзанӣ сабт мешаванд. Мо дар сатҳи ҳукуматҳо музокирот мекунем. Рӯзи 11 май дар Душанбе бояд нишасти комиссиюни байниҳукуматӣ баргузор шавад. Мақомоти маҳаллӣ ҳам дар сатҳи худ гуфтушунид мекунанд.

Озодӣ: Таври маъмул, низоъҳои марзӣ ба хотири чарогоҳ ва обу обёрӣ рӯй медиҳанд. Тобистон ҳам фаро мерасад. Оё чораҳо барои ҷилавгирӣ аз низоъҳо миёни рустоҳои наздимарзӣ баррасӣ мешаванд? Оё имсол бо ҷониби Тоҷикистон музокироти алоҳида дар мавзӯи чарогоҳҳо доир хоҳад шуд?

Маматалиев: Мо ният дорем пешниҳодро дар ин бора ба миён гузорем. Ҳангоми музокирот дар Хуҷанд аз рӯзи 15 то 19 апрел мо пешниҳод кардем, ки мушкили чарогоҳҳо ҳам баррасӣ шавад, аммо ҷониби Тоҷикистон посух дод, ки алҳол намехоҳад ин мавзӯъро ба рӯзнома ворид кунад. Баъд аз ин тоҷикистониҳо роҳи шаҳрвандони Қирғизистон сӯи чарогоҳро бастанд. Аз ибтидои моҳи апрел чӯпонҳои моро марзбонҳоямон ҳамроҳӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин вазъ доғ шуд, аммо оқибат ба хушӣ анҷом ёфт. Мо дар музокирот бо ҷониби Тоҷикистон мавзӯи чарогоҳҳоро бори дигар ба миён мегузорем.

Озодӣ: Шумо ҳамагӣ чанде пеш ба мақоми муовини нахустваазир таъин шудед. Аз шумо кадом тасмимҳо оид ба эътидоли авзоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро метавон интизор шуд?

Маматалиев: Мо бояд дар кӯтоҳтарин фурсат бунёди роҳи паҳлӯиро анҷом диҳем. Фикр мекунам, ки агар дар мулоқоти қарибулвуқӯъ бо ҷониби Тоҷикистон ба созиш бирасем ва асноди заруриро имзо кунем, вазъ беҳтар хоҳад шуд. Сокинони деҳаи Оқсой хостори бунёди роҳи паҳлӯӣ ё бидуни убур аз Тоҷикистон шуданд, мушкилоти дигарро мехоҳанд бо нерӯи худашон ҳаллу фасл намоянд. Ба ҷуз ин чанд мушкили дигар ҳам мавҷуд аст. Бигирем, бояд раванди аломатгузории марз вусъат ёбад. Дар ин мавзӯъ корҳо ҷараён доранд. Моҳи апрел коршиносони мо хело бо самар кор карданд.

Ёдовар мешавам, муноқиша дар марзи ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шоми чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайваст ва ҷонибҳо дар ин бора назари мухталиф доранд. Собир Сафаров, раиси ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара рӯзи 8 май ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳонаи аслии ин муноқиша, бадрафтории се қирғизи сархуш дар нисбати сокинони Ворух мебошад, ки дар натиҷа ба муноқишаи сокинони деҳоти ду тарафи марз печидааст. Ба гуфтаи ӯ, дар айни сангзанию занозанӣ, ҷониби қирғизҳо аз силоҳи шикорӣ истифода кардааст, ки дар натиҷа сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Муҳаммад Аъзамов ва як корманди шӯъбачаи умури дохилаи Ворух захмӣ шуданд ва ҳоло онҳо дар беморхона бистариянд. «Ин 3 нафари сархуш дар маҳаллаи Зарафшони деҳаи Хоҷаи Аъло пеши роҳи як занро мегиранд, сипас гузаргоҳе, ки аз Ворух ба Оқсай убур мекунӣ, онҷоро бастанд, пас аз даъвои ворухиҳо сокинони деҳаи Куктош ба дифои қирғизҳо хестанд. Бо ҳамроҳ шудани мардуми Хоҷаи аъло, муноқишаи калон рух дод."

Аммо ҷониби Қирғизистон саз сӯи тоҷикҳо сангборон шудани мошини як сокини Қирғизистонро сабаби муноқишаи шоми 7 май номида, мегӯянд, аз ду тараф то 1500 нафар ҷамъ шуда буд

Дар ин муноқишаи марзӣ 17 сокини Қирғизистон, аз ҷумла, 10 корманди милиса захмӣ шудаанд ва 9 нафарашон дар бемористонанд. Мақомоти Исфара маҷрӯҳ шудани 8 сокини маҳаллиро таъид кард, аммо ба гуфтаи манбаи Озодӣ, ин 8 нафар танҳо онҳоеанд, ки дар бемористони Исфара зери назорати табибон қарор доранд.

Бар пояи иттилои ахир, бар асари низоъ дар марз нишасти комиссиюни байниҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе то ба рӯзи 13 май мавқуф гузошта шуд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Исфара, гурӯҳе аз мансабдорони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 8 май дар маҳали муноқиша буданд ва ба натиҷае расиданд, ки бояд қазияро таҳқиқ кунанд, то ин мавзӯъ дар нишасти комиссиюни байниҳукуматӣ оид ба масоили марзӣ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG