Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳдудиятҳои нав дар харидуфурӯши доллар дар Тоҷикистон


Ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумат

Ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумат

Дар ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҷазоҳои шадидтар ба "доираҳои манфиатдор"-е, ки қурби долларро "ба таври сунъӣ" боло мебаранд, баррасӣ шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 январ дар як машварати корӣ бо ширкати сарвазиру муовини сарвазир, раиси Бонки миллӣ ва раҳбарони блоки иқтисодии ҳукумат масоили умдаи иқтисоди кишвар, аз ҷумла роҳҳои “мӯътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ” баррасӣ шудааст.

Дар ин ҷаласа, бино ба гузориши дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, зикр шудааст, ки “коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад.”

Ширкатдорони ҷаласа аз чораҳои маъмурие, ки феълан барои ҳифзи қурби пули сомонӣ асосан аз ҳамин васоил истифода мешавад, пуштибонӣ кардаанд. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки мубодилаи асъор бояд танҳо дар бонкҳо сурат бигирад, “то ин ки ба ҳар гуна қаллобию ҳаннотӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори бехабар аз манофеи миллию давлатӣ роҳ дода нашавад.”

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин ҷаласаи аъзои блоки иқтисодии ҳукуматаш таъкид кардааст, ки сиёсати қарзиву асъорӣ “бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. “Қурб бояд як то бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад.”

Феврали соли 2014. Як доллар ҳанӯз 5 сомониву 40 дирам буд

Феврали соли 2014. Як доллар ҳанӯз 5 сомониву 40 дирам буд

Ин дар ҳолест ки Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 22 январ қурби расмии як долларро ҳудуди 7 сомониву 78 дирам муқаррар кардааст. Танҳо дар рӯзе, ки масъалаи қурби сомонӣ дар ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумат баррасӣ мешуд, пули миллии Тоҷикистон дар муқобили доллар 14 дирами дигар арзонтар шуд. Аз аввали сол сомонӣ дар муқобили доллари Амрико 9 дарсад қурбашро аз даст додааст. Рӯзи 1 январ қурби расмии як доллар 7 сомониву 11 дирам буд.

Аммо дар “бозори сиёҳ” қурби доллар дар муқобили сомонӣ кайҳо аз марзи 8 сомонӣ барои як доллар гузаштааст ва аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳатто дар бораи ба 9 – 9,50 сомонӣ фурӯхта шудани як доллар гузоришҳо ба даст мерасанд.

Ба унвони як василаи ҳифзи пули миллӣ дар ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумат танҳо бо пули миллӣ ба роҳ мондани тамоми амалиёти хариду фурӯш дар қаламрави Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ҳамчунин ба масъулон супориш додаанд, ки барои кӯтоҳ кардани дасти доираҳои манфиатдор”-е, ки ба ақидаи аҳли ин ҷаласа, дар бозори асъори Тоҷикистон “мониаҳои сунъӣ” эҷод мекунанд, нуқтаҳои расмии мубодилаи асъор дар назди бонкҳо зиёд карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дастур додааст, ки “дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкӣ доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд.” Ӯ аз ҷумла пешниҳод додааст, то дар таҳрири нави Кодеки ҷиноӣ “ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои ба хориҷи кишвар баровардани ҳаҷми зиёди асъори байналмилалӣ ва барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар қаламрави мамлакат пешбинӣ шавад.”

Баррасии вазъи бозори асъори Тоҷикистон дар ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумат дар ҳолест, ки қурби расмии сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – дар як соли охир дар муқобили доллару евро қариб 50 дарсади қурбашро аз даст дод. Сомонӣ дар “бозори сиёҳ” дар муқобили асъори муҳими хориҷӣ беш аз 60 дарсад арзонтар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои пешгирӣ аз коҳиши қурби доллар асосан аз чораҳои маъмуриву муҷозотӣ истифода мебарад. Аз ҷумла дар моҳи май бо қарори президент раиси Бонки миллӣ ва тамоми муовинони ӯ аз мақом барканор карда шуданд. Раҳбарияти нави Бонки миллӣ саррофиҳои хусусиро баст ва мубодилаи асъорро танҳо аз тариқи бонкҳо иҷозат додааст.

Ин боиси саргардонии аҳолӣ дар роҳи табдили пул шудааст. Азбаски аксари хонаводаҳои Тоҷикистон рӯзгори худро аз ҳисоби пули муҳоҷирон таъмин мекунанд ва пули онҳо асосан бо асъори хориҷӣ ва бештар бо рубли русӣ меояд, мардум маҷбуранд барои табдили пулашон ба сомонӣ аз хидмати саррофон истифода баранд.

Тоҷикистон қаблан бо сиёсати либералиаш дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам дар ин кишвар ҳатман ягон нуқтаи саррофӣ кор мекард. Ҳоло мардум маҷбур аст, барои табдили пулаш чанд километр роҳро тай карда, ягон бонкро ҷустуҷӯ кунад ваё ба саррофони “бозори сиёҳ” рӯ биорад, ки ин имкони фиреб хӯрдани онҳо ҳангоми табдили маблағҳояшонро бештар мекунад.

Иқтисодшиносон мегӯянд, мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла коҳиши пули миллиаш аз бӯҳрони иқтисодии Русия ва заъфи иқтисоди худи ин кишвар маншаъ мегирад, то аз “доираҳои манфиатдор”-е, ки гӯё “ба таври сунъӣ” қурби долларро боло мебаранд. Онҳо мегӯянд, тақвияти қурби доллар дар бозори ҷаҳонӣ пулҳои миллии кишварҳои қудратманде, чун Русияву Озарбойҷону Қазоқистон ва Туркманистони саршор аз нафту газ ва пулҳои қораи Аврупоро бечора кардааст. Чӣ расад ба қурби сомонӣ ва Тоҷикистони аз нигоҳи иқтисодӣ ҳанӯз хеле заифу дастнигар ва вобастаи кишварҳои дигар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG