Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи тағйироти кадрӣ: Аз як вазифа ба вазифаи дигар


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ду ноҳия ва ректори донишгоҳи тиббиро аз мақомҳояшон барканор ва ба вазифаҳои нав таъин кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 феврал дар идомаи тағйироти кадрии ҳукуматаш раиси ду ноҳия ва ректори Донишгоҳи тиббиро иваз кард.

Бо фармонҳои раисиҷумҳур, Акрам Раҳим Сулаймонзода аз мақоми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод ва бо фармони дигар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин кард. Абдуҷаббор Саттор Баҳудурзода ба ҷои Сулаймонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин шудааст.

Ҳамин тавр, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ориф Ашӯрӣ Хоҷазода, ки аз мақоми раиси ноҳияи Спитамен “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шуд, “дар мувофиқа бо президенти мамлакат” муовини раиси вилояти Суғд таъин шудааст.

Убайдулло Абдулло Қурбон, ки аз соли 2005 ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25 феврал аз ин мақом озод ва ба ҷои ӯ Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ Гулзода ректори ин муассисаи таълимӣ интисоб гардид. Убайдулло Қурбон билофосила бо як қарори дигари ҳукумат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъин шуд. Ин донишгоҳи ҷадид ҳамин рӯзи 25 феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва “бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ” таъсис дода шудааст.

Шерхон Салимзода

Шерхон Салимзода

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки аз поёни моҳи январ ба ин сӯ идома дорад, имсол бештар ба ҷойивазкуниии ҳамон кадрҳои қаблӣ шабоҳат дорад. Аз пурсарусадотарин мавридҳои таъиноти кадрии имсола интисоби рӯзи 2 феврали додситони кулли собиқ Шерхон Салимзода, аз курсии раиси Иттифоқҳои касаба ба мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир буд. Генерал Рустам Назаров, ки 16 сол боз, аз рӯзи таъсиси ин Оҷонсӣ бо ҳамагӣ чанд моҳ фосила дар соли 2004, ки курсии ӯро ба генерали ҳоло зиндонӣ Ғаффор Мирзоев (Ғаффор-Седой) дода буданд, раҳбари ин идора буд, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таъин шуд.

Дигар мавриди пурсарусадо дар тағйироти кадрии имсола тасмими раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои интисоби духтараш Озода Раҳмон ба мақоми раиси дастгоҳи президент буд, ки рӯзи 27 январ нашр шуд. Бисёриҳо ин таъинотро идомаи тақвияти ҳузур ва нуфузи пайвандони раисиҷумҳур дар мақомҳои калидии ҳукумат донистанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 63 сол дорад, аз соли 1992, инак 23 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Мунтақидон мегӯянд, ки ӯ дар сиёсати кадриаш бештар ба садоқатсолорӣ ва наздиконаш такя мекунад ва дар натиҷа, сол ба сол аз деги кадрҳояш ҳамон як гурӯҳи маҳдудеро берун мекашад ва аз як мансаб ба мансаби дигар таъин мекунад.

Мояи дигари интиқод аз сиёсати кадрии президенти Тоҷикистон солтосол дар ҳалқаи хешовандони наздики вай маҳдуд шудани таъинот ба мансабҳои калидии ҳукумати ин кишвар аст. Бар иловаи Озода Раҳмон, писари калонии президент Рустами Эмомалӣ дар ҳоли ҳозир раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, интисоби наздикони президент ба мансабҳои муҳим мухолифи меъёрҳои қонунҳои ин кишвар, аз ҷумла қонуни зидди фасод нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG