Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вахш: Нигарониҳо аз афзоиши гургу шағол


Афзоиши шумораи ҳайвоноти дарранда, бахусус гургу шағол дар иддае аз навоҳии водии Вахш нигарониҳои сокинони маҳаллӣ ва идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро ба бор овардааст.

Қурбонмурод Эмонқулов, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Хуросон, мегӯяд, наздик ба 20 адад мурғи марҷон ва мурғҳои хонагиаш тӯъмаи шағолу гурги дайду шудааст. Вай меафзояд, шағол ва гург бахусус дар соҳилҳои дарёи Вахш, чарогоҳҳо ва гирду атрофи мавзеъҳои аҳолинишин зиёд ба мушоҳада расида, тарсу ваҳми одамонро ба миён овардааст:

«Лаб-лаби дарёи Вахш шағол бисёр шудааст. Заминҳо, палакҳоро хароб мекунад, тарбузу харбузаро покиза мехӯрад. Боғу роғҳоро хароб карда истодааст. Агар бисёрӣ бошанд шағолҳо, ба одам ҳам ҳамла мекунанд. Бахусус дар фасли зимистон гургу шағолҳои гурусна ба одамон ҳам ҳуҷум мекунанд. Ин хел ҳодисаҳо шудаанд. Аз ин рӯ, мо зимистонҳо танҳо намегардем, кӯдаконро ҳам ҳоло намегузорем, ки аз пеши хонаамон дуртар раванд, зеро ҷойи зисти мо ба талу теппа наздик аст, он ҷойҳое, ки гургу шағол бисёр гаштугузор мекунад, хатарнок аст. Қишлоқи мо калон аст, рамаҳо дорад, одамон, ки асосан чӯпонӣ мекунанд, ҳамеша гургҳо ба бузу гӯсфанд ҳамла мекунанд. Мо онҳоро дошта наметавонем, мегурезанд…»

Тақозои иҷозаи шикори гургу шағолҳо

Ҷаноби Эмонқулов меафзояд, аммо шикори гургу шағол расман мамнӯъ буда, сокиноне, ки чорво ё паррандаҳои хонагиашон мавриди ҳамлаи ин ҳайвонҳо қарор мегирад, барои қатли гургу шағол ба муҷозот кашида мешаванд (ҷарима барои шикор ҳудудан ба 240 сомонӣ, баробари қариб 55 доллари амрикоӣ, муқаррар шудааст). Аз ин рӯ, бисёре аз сокинони маҳалҳое, ки гургу шағол феълан зиёд ба мушоҳида расида, бо хатари ҳар лаҳза мавриди ҳамла қарор гирифтан рӯ ба рӯ ҳастанд, аз мақомот мехоҳанд, ки ба шикори расмии гургу шағол ба хотири ҳифозат аз ҷони худу дороияшон иҷозат бидиҳанд.

Туғай Элҷонов, муовини сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон
Дар ҳамин ҳол, Туғай Элҷонов, муовини сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ афзоиши гургу шағол дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», воқеъ дар ноҳияи Ҷилликӯл, ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло ин ҳайвонот аз марзи «Бешаи палангон» ҳам ба берун рафтаанд ва то ин замон дар қаламрави навоҳии Ҷилликӯл, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш, Қумсангир ва Хуросон мушоҳида шудаанд, мегӯяд ӯ. Ҷаноби Элҷонов афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба хатари афзоиши ҳамлаи гургу шағол ба одамон ва чорвои хонагии онҳо, аз раиси вилояти Хатлон дархост шудааст, ба шикори ин навъи ҳайвонот иҷозаи расмӣ бидиҳад:

«Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки тиркушоиву шикорҳо бисёр буд, ҳайвоноти дарранда ва ваҳшӣ зиёд кушта шуданд ва бинобар ин ки шумораашон коҳиш ёфта буд, шикорашонро манъ карда буданд. Аммо баъди беҳтар кардани корҳои биотехникӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи табиат, ҷангалбонӣ, мамнӯъгоҳҳо ва пурзӯр кардани назорат, имрӯз як қисмати ҳайвоноти ваҳшӣ, ба мисли гургу рӯбоҳ, шағолҳо аз меъёр зиёдтар пайдо шудаанд. Шағолҳо ва гургҳо ба мавзеъҳои аҳолинишин медароянд. Барои ҳамин мо пешниҳод кардем, ки то андозае шумораи ҳамин ҳайвоноти ваҳшӣ тавассути шикор коҳиш дода шавад».

Хисороти мардум аз ҳамлаи даррандаҳо

Муовини сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон афзуд, то ин замон дар мавриди ҳамлаи ҳайвоноти дарранда ба одамон иттилое рӯйи даст нест, аммо сокинони маҳаллӣ бар асари чунин ҳамлаҳо хисороти молӣ бардоштаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Қурбонназар Одинаев, сарнозири ҷамъияти шикорчиёни вилояти Хатлон, мегӯяд, мавсими шикори ҳайвонот ва паррандаҳои ҷудогона тоза аз 15-уми сентябр оғоз шуда, то 15-уми январ идома мекунад. Аммо бар асоси дастури вижаи кумитаи ҳифзи табиат, шикори ҳайвоноти ваҳшӣ, ки ба ҳаёти инсонҳо ё замини кишту манзили онҳо хатарзо ҳастанд, тамоми сол мумкин мебошад.

Бо ин ҳам, ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, ҳоло ҳеҷ як аз шикорчиёни ҳирфаӣ алоқаманд нест, ба шикори гургу шағолу рӯбаҳ ва хуки ваҳшию хирс сарукор бигиранд, ки дороиҳои одамонро дар бисёре аз навоҳии Хатлон хароб мекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳар як дона тири шикорӣ аз 4,5 то 6 сомонӣ, муодили аз як то якуним доллари амрикоӣ арзиш дорад ва ҳеҷ ниҳоди расмӣ ба шикорчиён тир ва шароити дигари шикорро фароҳам намеоварад. Ҷаноби Одинаев меафзояд, аз ин рӯ, шикорчиён наметавонанд дар баробари афзоиши шумораи шағолу гургҳо ва ҳамлаҳои ин ҳайвонот ба чорво ва заминҳои кишти мардум муқобала нишон диҳанд:

«Ҳамин ахиран аз ноҳияи Қубодиён баргаштам. Мо худ шоҳид будем, ки якбора 30 шағол ба хоҷаги деҳқонӣ омада буд, заминҳоро хароб ва мурғу чорворо мехӯранд. Мо бо хоҳиши сокинони маҳаллӣ ҳамагӣ 3-4 шағолро куштем. Шикори он осон нест, тир даркор, шароит даркор аст. Мардум шикоят мекунанд зиёд, ки гургу шағол ҳамла мекунанд ба молу чорвояшон, лекин мо дасткӯтаҳем, кӣ ба мо бепул медиҳад тирро. Замони Шӯравӣ буд, ки барои шикори ҳар гургу шағол маблағ медоданд ё тӯҳфае, ки дили мерганҳо ба кор гарм мешуд, ҳоло ин чизҳо нест».

Игор Довгал, ширкорчӣ
"Шикорчиҳо ба мардикорӣ рафтаанд"


Виктор Довгал, шикорчии собиқадори даррандаҳои ваҳшӣ дар водии Вахш, мегӯяд, дар замони Шӯравӣ барои шикори ҳар гург 60 рубл ва шағол 30 рубл дода мешуд ва ҳамзамон шикорчиён бар ивази супурдани пӯсту гӯшти гург ба «Тоҷикматлубот», музди иловагӣ дарёфт мекарданд. Аммо ҳоло чунин навъи ҳавасмандӣ нест ва бисёре аз шикорчиён дар мавсими гармо ночор ба Русия мардикорӣ мераванд. Бо ин вуҷуд, ҷаноби Довгал таъкид мекунад, ки шикори шағолу гургҳо ҷиҳати пешгирӣ аз афзоиши мавориди ҳамла ба мардум бас муҳим аст:

«Шағолҳо бисёр хатарноканд, аз он нуктаи назар ки онҳо бештар ҳорӣ мешаванд ва агар сагеро газанд, сагҳои хонагӣ ҳам ба соҳибонашон ҳамла карда метавонанд. Ман шоҳиди ҳодисае будам, ки дар ноҳияи Бохтар шағоли ҳорӣ сагеро ҳамла овард ва саг ҳам, ки девона шуда буд, ба ходими пулис дарафтод. Корманди пулис дар аввал ба ҷароҳаташ, ки ба назар чандон ҷиддӣ набуд, беаҳамиятӣ кард, аммо баъди чанде фавтид».

Ба иддаои Виктор Довгал, ҳар як гург ба ҳисоби миёна солона то 6 ва шағол то 8 бача мезояд ва дар сурати шикор нашудани онҳо, хатари ҳамлаи онҳо ба одамон, ҳайвоноту паррандаҳо ва табиат меафзояд. Вай афзуд, агар ҳукумати вилояти Хатлон бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши шағолу гург ва хуки ёбоиву хирсҳои хатарзо ба одамон, барои шикори онҳо иҷозат дода, ҳамзамон шикорчиёнро ба мисли замони Шӯравии собиқ бо тиру туфанги шикорӣ таъмин намуда, барои ҳар даррандаи қатлшуда маблағ бидиҳанд, мизони хатари ҳамлаҳои эҳтимолии ин ҳайвонот ба одамон ва заминҳои кишти онҳо бамаротиб коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG