Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон мехоҳад сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистонро ҳамин сол оғоз кунад


Тоҳирбек Сарпашев, муовини нахуствазири Қирғизистон
Тоҳирбек Сарпашев, муовини нахуствазири Қирғизистон

Мақомот дар Бишкек ҳазинаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистонро чаҳор миллиард доллар арзёбӣ карданд.

Бино ба гузориши бахши узбакии радиои "Озодӣ", Тоҳирбек Сарпашев, муовини нахуствазири Қирғизистон, ба бахши қирғизии ин радио гуфтааст, аввалин корҳои амалӣ аз рӯи лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон, ки тайи 15 сол дар баррасӣ ва мувофиқа қарор дошт, шурӯъ шудааст.

Ба гуфти ҷаноби Сарпашев, асноди фаннӣ ва молии лоиҳа омода шудаанд ва дар ростои дарёфти маблағ чанд роҳи ҳалли масъала мавриди омӯзиш аст. Нахуст, гирифтани қарз аз бонкҳо ва дар ҳамкорӣ бо Чин бунёд кардани роҳи оҳан будааст. Роҳи ҳалли дуввум вогузор кардани бунёди ин роҳ бар зиммаи ширкатҳои хусусӣ аст, ки дар ин ҳолат ба ширкатҳо баъди бунёд ва мавриди истифода додани роҳ имтиёз дода мешавад. Ин имтиёз аз он иборат аст, ки то бозгардони маблағи сарфкардаи худ ва гирифтани фоида аз он, роҳи оҳан дар ихтиёри ширкат боқӣ мемонад ва баъдан ба ихтиёри ҳукумат мегузарад.

Ба гуфтаи мақомоти Бишкек, ҷониби Чин тавассути қарзи Бонки рушди Осиё ва дар ҳамкорӣ бо Қирғизистон бунёд кардани роҳи оҳанро пешниҳод кардааст.
Роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон лоиҳаи муштаракаи ин се кишвар маҳсуб мешавад. Моҳи апрели соли гузашта ҷониби Қирғизистон ва Чин дар мавриди дар давоми як сол таҳия кардани асноди фаннӣ ва молии ин лоиҳа созишномае имзо карда буданд, ки ин аснод дар мӯҳлати даҳ моҳ омода шуд. Ба таъкиди ҷаноби Сарпашев, агар кор аз рӯи нақша роҳандозӣ шавад, пас бунёди роҳи оҳан дар ҳамин сол метавонад оғоз ёбад.

Ба суоли хабарнигор дар мавриди чигунагии муносибати ҷониби Ӯзбакистон ба бунёди ин роҳи оҳан, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, «аслан, бунёди ин роҳ ҳам ба Узбакистон ва ҳам ба Қирғизистону Чин ниҳоят муҳим аст. Дар ҳоли ҳозир, мо бояд аз кадом ҳисоб сохтани роҳи оҳан ва ҳиссаи ҷонибҳоро дар ин кор баррасӣ кунем. Агар сари ин масоил мувофиқа шавад, пас, мо метавонем корро оғоз кунем.»

Аз рӯи тарҳ, дарозии роҳи оҳани пешбинишуда 268 километрро дар бар мегирад. Ҷониби Қирғизистон бунёди роҳро тариқи Қошғар-Тўруғарт- Балиқчӣ-Қора Кеча-Ҷалолобод-Андиҷон пешниҳод кардааст, ки дар ин ҳолат имкони пайвастани манотиқи ҷанубии ин кишвар бо навоҳии шимолии он пайдо хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расмӣ, агар роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон сохта шавад, ҷониби Қирғизистон танҳо аз транзити молу коло метавонад дар як сол беш аз 260 миллион доллар фоида ба даст биёрад. Қаблан, барои бунёди ин роҳи оҳан маблағи 2 миллиард доллар пешбинӣ мешуд, ки ҳамакнун баъди таҳияи асноди фанниву молии он, мегӯянд, ду баробар бештар маблағ зарур аст.

Зимнан, тарҳи дигари роҳи оҳан дар масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон вуҷуд дорад, аммо ҳазинаи он дар муқоиса бо тарҳи қаблӣ бамаротиб бештар будааст. Аз ҷумла, танҳо қисмати тоҷикистонии ин роҳи оҳан 392 километр дарозӣ дорад ва тибқи арзёбии муқаддамотӣ, ҳазинаи бунёди он 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Тарҳи роҳи оҳан аз Чин ба Қирғизистон ва Узбакистон нахуст дар соли 1990 таҳия шуда, аммо ба далели вуҷуди мушкилоти молию фаннӣ иҷрои он ба таъхир афтода буд. Коршиносон мегӯянд, ки аз ин роҳ Чин барои судури колоҳои худ ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ворид кардани ашёи хом аз ин минтақа истифода хоҳад кард. Ба эътиқоди коршиносони ғарбӣ, дар солҳои ахир Чин сареан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шуда, ба бахшҳои нафту гази Қазоқистону Туркманистон чанд миллиард доллар сармоя ворид кардааст.

Дар Тоҷикистон Чин бахши кишоварзиро ба муддати тӯлонӣ ба иҷора гирифта, бозорҳои "Дордой" ва "Қорасу"-и Қирғизистон ба фурӯшгоҳи аслии колоҳои чинӣ мубаддал шудаанд. Русия нигарон аст, ки дар ояндаи наздик аз манбаи ашёи хоми пунбадонаи Узбакистон маҳрум хоҳад монд ва Чин дар ин замина ҷойгузини Русия хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Чин қасд дорад, хатти роҳи оҳанро аз тариқи Осиёи Марказӣ то ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ идома бидиҳад.
XS
SM
MD
LG