Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндони модерн барои маҳбусони якумра. ВИДЕО


Дар Қирғизистон сохтмони зиндони вижаи наве ба истифода дода шуд, ки дар он маҳкумшудаҳо ба ҳукми абади зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар Қирғизистон сохтмони зиндони вижаи наве ба истифода дода шуд, ки дар он маҳкумшудаҳо ба ҳукми абади зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин зиндони нав дар рустои Ҷаниҷери ноҳияи Сокулуки Қирғизистон ҷойгир буда, бо сабаби камии маблағ, дар паи 7 соли сохтмон, нисфи он сохта ба истифода дода шудааст. Аз рӯи нақша, дар зиндон барои маҳбусони якумра ҳудудан 500 нафар нигаҳдорӣ мешавад, ҳоло бошад, ба сохтмони анҷомшуда 200 маҳбус интиқол меёбад.

Нурлан Орозалиев, муовини раиси хадамоти давлатии муассисаҳои ислоҳотӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар утоқи масоҳаташ 18-метра, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, чаҳор ҷинояткор ҷо дода мешаванд. Шароити нигаҳдории онҳо хеле шадид аст ва дар баробари пурзӯр будани системаи нигаҳдории онҳо, пайваста камераҳои видеоӣ дохили кори ҳуҷраҳоро сабт мекунанд. Калиди ҳар утоқ, ба гуфтаи масъулин, электронӣ буда, фирор аз дохили ин зиндон аслан имкон надорад.

Феълан дар зиндонҳои Қирғизистон 300 нафаре нигаҳдорӣ мешаванд, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд. Феълан онҳо дар зиндонҳои умумӣ ҳамроҳ бо ҷинояткорони дигар нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ҳоле, ки дар миёни онҳо афроди махсусан хатарнок, ба мисли қотилону таҷовузгарон ва террористҳо зиёданд. Тибқи қонунҳои Қирғизистон, ба ҳукми абади зиндон афроди то 60-сола маҳкум мешаванд.

Зиндони нав барои маҳбусони якумра
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

XS
SM
MD
LG