Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз интизориҳои зиёд дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон як манбаи дигари таъмини нерӯи барқ ва гармӣ шурӯъ ба кор кард.

Субҳи рӯзи 10-уми январ расман марҳилаи якуми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанберо фаъол шуд, ки қарор аст, 250 ҳазор манзилро бо оби гарм ва гармӣ таъмин хоҳад кард. Эмомаӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи ин марказ ширкат дошт, ифтитоҳи онро як гоми устувор, дар роҳ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ номид.

Ӯ аз ҷумла гуфт, дар корхонаи нав бори сангинеро аз дӯши шабакаҳои энергетикии шаҳри Душанберо гирифта, таъмини аҳолиро ба нерӯи барқ беҳтар мекунад. Вале, вай афзуд, кишвар аз иҷрои тарҳҳои дигар даст нахоҳда кашид: «Албатта мо бунёди нерӯгоҳи барқии оби Роғун ва дигарро идома дода истодаем, лекин роҳҳои наздикро низ ҷуста истодаем, то ин ки ҳарчӣ зудтар мушкилоти мардуми кишвар ҳал шавад. Мушкилоти рақами яки мардуми Тоҷикистон нарасидани қувваи барқ ва бо гармӣ таъмин кардан аст. Мо дар нақша дорем, оянда дар ин марказ дар маҷмӯъ истеҳсоли 400 мв қувваи барқро бунёд кунем. Албатта сарфи маблағи калон дар ин замина зарур мешавад. Аммо дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ, аҳолии шаҳри Душанбу пурра бо барқу гармӣ таъмин мешавад.»

Маркази барқу гармидиҳӣ ду дегхонае дорад, ки бо истифодаи ангишти маҳаллӣ метавонад, дар як шабонарӯз ба сурати умум беш аз 100 мегаватт ё худ қариб дуюним миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад. Аммо навбати аввали он, ки ҳоло мавриди истифода қарор гирифт, як миллиону 250 ҳазор киловатт -соат нерӯи ҳосил хоҳад кард.


Оғози кори Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе, теъдоде аз сокинони пойтахтро хушбин кардааст, ки ба дунболи он мушкили камбуди барқ ҳадди ақал дар пойтахт бартараф мешавад. Шарофат Мирзоева, як сокини пойтахт мегӯяд, азбаски чанд соли охир дар сардиҳои зимистон дар манзилҳои бетонӣ аз набуди гармӣ ва лимити барқ азият мекашиданд, аз хабари ифтитоҳи ин марказ хушҳол шудааст. Вай афзуд, «худатон тасаввур кунед, ҳаво хунук, об дар хона хунук, барқ нест, алабатта ин душвор аст. Дар ин сардиҳо албатта ба ҳама мардум гармӣ лозим аст. Албатта ин иқдоми хеле хуб аст, аммо беҳтар мешуд, фоизи зиёдтари мардум бо гармӣ ва таъмин мешуд.»

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2.

Дар ҳамин ҳол, Мунира, яке аз дигар мусоҳибони мо ҳарчанд аз ифтитоҳи ин марказ истиқбол кард, аммо гуфт, ба бекор шудани лимити барқ дар кишвар чандон бовар надорад: «То имрӯз нерӯгоҳҳоро бунёд кардаанд, аммо гоҳе шабонарӯзӣ ва аксаран тариқи лимит барқ дода мешавад. Бо он ки ин марказ ифтитоҳ шуд, то куҷо вазъ тағйир мекунад,вақт нишон медиҳад.»

Бо он, ки Маркази барқу гармидиҳӣ бо истфиода аз ангишт нерӯи барқ ва гармӣ истеҳсол мекунад, қаблан нигаронии бархе аз коршиносонро дар мавриди олудасозии муҳити атроф ба бор оварда буд. Аз ҷумла Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси соаҳи эенержӣ гуфта буд, ки эҳтимол дорад, ин марказ боиси ифлос шудани ҳаво гардад. Аммо масъулон мегӯянд, фаъолияти ин марказ барои муҳит безарар аст, зеро бо истифода аз технологияи муосир дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузашта, баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ мешавад.

Исмоил Талбаков, вакили парулмон, ба кор андохтани маркази мазкурро дар рӯзҳои сарди зимистон муҳим арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, «то имрӯз дар пойтахт марказҳои гармидиҳӣ ба иқтидори то 20 фоиз ва бо истифода аз газу мазут фаъолият мекарданд. Ва маҳз ба хотири газу мазут ба мо аз тарафи кишварҳое, ки ин навъи сӯхтро содир мекунанд рӯи кор омада буд ва маркази барқу гармидиҳии 1-шаҳри Душанбе аз ҳамин сабаб наметавонад фаъолияти хуб дошта бошад. Дар натиҷа мардуми пойтахт аз камбуди барқу гармӣ азият мекашид. Муҳим аз ҳама он аст, ки ин марказ аз ҷиҳати экологӣ ягон партоб надорад.»

Зимнан, сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 дар чорчӯби созишномаи байни Тоҷикистон ва Чин, ки соли 2012 имзо шуда буд, сурат гирифт. Ин аст, ки корҳои сохтмонӣ моҳи ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз гардид. Дар сохтмони марказ зиёда аз 1600 мутахассису бинокорони Тоҷикистону Чин - кормандони Ширкати бонуфузи ТИБИА ширкат намудаанд. Интизор меравад, ки навбати дуюми марказ то охири нимсолаи якуми соли равон омодаи кор хоҳад шуд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG