Пайвандҳои дастрасӣ

Системаи нави ҷарима барои паркинги нодуруст дар Душанбе(Видео)


Ҳукумати шаҳри Душанбе мехоҳад, системаи наверо ба роҳ монад, ки имкон медиҳад, пеши роҳи танбашавӣ дар ҷодаҳои пойтахт гирифта шавад.

Танбашавии мошинҳо ва ё пробка дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон як “мусибат” шудааст ва рӯзе нест, ки як нафар видеое мошинҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нагузорад, ки паси ҳам истодаанду беист сигнал медиҳанд.

Садамаву дашноми якдигар аз дохили мошинҳо ва дастбагиребон шудани ронандагон ҳангоми ин танбашавиҳо ҳам касеро ба ҳайрат намеорад. Айни замон автобусҳои бузурги мусофирбарро мебинед, ки нимахолӣ ҳастанд ва оҳиста-оҳиста ҳаракат мекунанд.

Акнун ҳукумати шаҳри Душанбе, сермошинтарин шаҳри Тоҷикистон мехоҳад, системаи наверо ба роҳ монад, ки имкон медиҳад, пеши роҳи танбашавӣ гирифта шавад. Системаи нав ҳам ташхиси автоматии шумораи мошин ва ҷаримаи ронандагонест, ки мошини худро дар канори роҳҳои асосӣ ва начандон васеи Душанбе мегузоранд ва роҳи автобусу троллейбусҳоро банд мекунанд.

Низоми автоматии сабти таваққуф (APES) дар роҳҳои Душанбе аввал дар назди фурӯшгоҳи Садбарг, дар хиёбони Рӯдакӣ озмоиш мешавад, ки ҳамеша серғавғову сермошин аст. Камераҳои “Шаҳри бехатар”, ки ҳоло фақат вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатро сабт мекунанд, мумкин аст, дар оянда рақами мошинҳоеро ҳам аксу видео бигиранд, ки дар сари роҳҳо нодуруст ва ғайриқонунӣ гузошта шудаанд. Аксу видео ҳам баъдан ба ҳайси далел барои ҷарима кардани ронанда истифода мешавад.

Барои ба роҳ андохтани ин система UNDP, Барномаи Рушди Созмони Милал дар чаҳорчӯби барномаи беҳтар кардани ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳукумати шаҳри Душанбе кӯмак мекунад. Ҳоло ин созмон барои пайдо кардани роҳи ҳалли таваққуфҳои ғайриқонунӣ як тендер эълон кардааст ва аз ширкатҳои довталаб даъват кардааст ки тарҳҳои худро пешниҳод намоянд.

“Мо ба паймонкорони эҳтимолӣ озодии амалро додаем, ки роҳҳои ҳалро пешниҳод намоянд. Мо аз онҳо талаб намекунем, ки технологияи мушаххасро барои аз байн бурдани таваққуфҳои ғайриқонунӣ пешниҳод намоянд. Мо талаб мекунем, онҳо роҳи ҳалли таваққуфҳои бесарусомон ва нодуруст дар роҳи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро пешниҳод кунанд.” – мегӯяд, Сӯҳроб Раупов, менеҷери барномаи беҳбуди ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе.

Барномаи мазкур аз соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон амалӣ мешавад ва то кунун дар чаҳорчӯби он барои Душанбе даҳҳо автобусу троллейбусҳои нави муосир хариданд, ки барои асоси тақвим ҳаракат мекунанд. Вале мошинҳои гузошташуда дар хати ҳаракати ҳамин нақлиёт, имкон намедиҳад, ки автобусҳо як истгоҳ ба истгоҳи дигар саривақт бирасанд. Ҳадафи асосии ҷорӣ кардани системаи нави ташхису ҷарима кардани ронандагоне, ки ғайриқонунӣ дар сари роҳҳо мошинҳояшонро мегузоранд, хубтар кардани ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар Душанбе ва ташвиқи мардум ба истифода аз ин нақлиёт будааст.

Абдулҳақ Абулхайров, раиси корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки масъули мудирияти нақлиёти пойтахтро ба ӯҳда дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, умедворанд, баъди ба роҳ мондани системаи нав, мардум мошинҳои худро дар хона гузошта бо нақлиёти шаҳрӣ ба кору дарс ва ё ҳар ҷойи дигар мераванд: “Дар сурати амалишавии лоиҳа, ҳаракати нақлиёт ба маротиб беҳтар мешавад. Хизматрасонӣ хубтар мегардад. Ва ин лоиҳа ҳатман амалӣ мешавад.”

Дар сурати муввафақ будани системаи нави ҷаримаи ронандагони қонуншикан, мумкин аст, дар оянда ин система на фақат дар маркази пойтахт, балки дар дигар гӯшаҳои Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ба роҳ андохта шавад. Ҳоло дар сурати нодуруст “парк” кардани мошин, бахусус дар кучаҳои марказии Душанбе, нозирони роҳ омада, ядак ва ё рақами мошини шуморо мегиранд ва шумо маҷбур ҳастед ба шӯъбаи маҳаллии бозрасии давлатии автомобилӣ равед, ҷарима супореду рақами мошинатонро пас бигиред. Мошинҳоеро, ки тулонӣ дар сари роҳ истодаанд ва аз соҳибашон дарак нест, бо эвакуатор мебаранду ҷаримаи калонтар меситонанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон чанд сол пеш системаи ягонаи “Шаҳри бехатар” ба кор шурӯъ кард, ки ҳаракати нақлиёт тақрибан дар тамоми шаҳҳро сабт мекунад ва то кунун даҳҳо ҳазор нафар барои вайрон кардани қоидаҳои роҳ миллионҳо сомонӣ ҷарима шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки ин система ба риояти қоидаҳои ҳаракат мусоидат кард ва ҷони садҳо нафарро аз марг наҷот дод. Аммо ба гуфтаи мақомот, ҳадафи асосии системаи нави ташхиси таваққуфҳои нодуруст, ҷарима бастан нест, балки кам кардани шумораи мошинҳо дар шаҳр аст, ки ҳоло олудакунандаи асосии ҳавои Душанберо ҳастанд.

“Ҳадафи асосии барнома, эҳёи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе аст, ки баъди замони шӯравӣ ва дар замони ҷанги дохилӣ тақрибан аз байн рафт. Ба сабаби ҳамин, дар мо шумораи мошинҳои сабукрав бисёр зиёд шуд ва аз ҳамин мошинҳо солона то 200 ҳазор тонна гази карбон ба атмосфера хориҷ мешавад, ки пеш аз ҳама ба сиҳатии кӯдакон зарар дорад. Шумо худатон медонед, ки ин чӣ гуна ба сиҳатии инсонҳо зарар дорад, ба шуш, ба роҳҳои нафас ва ғайра. Ва агар мо вазъро ба ислоҳ накунем, бар асоси пешбиниҳо, шумораи гирифторони бемории саратон дар пойтахт меафзояд.“- мегӯяд Сӯҳроб Раупов.

Иҷрокунандагони лоиҳа ва ҳукумати Душанбе интизор дорад, ки дар сурати такмили тарҳи мусоидат ба беҳбуди ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе, шумораи онҳое, ки ҳоло аз автобусу троллейбусҳои мусофирбар истифода мекунанд, ба садҳо ҳазор нафар мерасад ва аз 11 дар сади феълӣ то 18 дар сад меафзояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG