Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, писари бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон, ки то кунун ба ҳайси муовини раиси Хадамоти гумрук фаъолият дошт, раҳбари ин ниҳод таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Гурез Зарифов шуд, ки бинобар расидан ба синни нафақа, аз мақомаш озод шудааст.

Рустам Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Вай 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шуда ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст. Ӯ муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе ва муовини раиси Созмони ҷавонон буд. Дар моҳи январи соли гузашта раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Вазифаҳои зиёди ҷамъиятиву ҳукуматии Рустами Эмомалӣ бозгӯи он аст, ки таҳиягарони зинаҳои ҳирфаии ӯ мехоҳанд, писари раиси ҷумҳур дар ҷомеа нақши бештар дошта бошад ва исмаш аз матбуот дур нашавад. Бо он, ки писари раиси ҷуҳур 25 сол дорад, аллакай чанд зинаи муҳимеро тай кардааст, ки барои шаҳрвандони оддӣ имконнопазир мебошад.

Рустами Эмомалӣ нахустин фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон нест, ки ба мақоми баланд таъйин мешавад. Дар моҳи сентябри соли 2009 Озода Раҳмонова сеюмин фарзанди раисиҷумҳур муовини вазири хориҷӣ таъйин шуда буд. Пеш аз ин, ӯ бахши консулгарии вазоратро таҳти назар дошт.

Бо доштани 9 фарзанд -- 2 писар ва 7 духтар, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон серфарзандтарин президенти қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ шумурда мешавад. То соли 2007 президент Раҳмон талош кардааст, ки фарзандонаш дар маҳзари ом набошанд. Ин қолаб дар соли 2007, бо шурӯи фаъолияти Озода Раҳмонова дар бахши консулгарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шикаста шуд ва фарзандони дигари президент пушти сари ҳам ба ҷомеа муаррифӣ шуданд.

Cе сол пеш духтари дигари раисиҷумҳур -- Заррина Раҳмон, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекард, ба сифати гӯяндаи ахбори телевизиони давлатӣ ба забони англисӣ зуҳур кард. Мақомоти телевизион гуфтанд, ин як озмоиш ва таҷрибаомӯзӣ буд.

Соли 2010 Фарзона Раҳмон, духтари кӯчаки раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар яке аз литсейҳои бонуфузи пойтахт таҳсил мекард, дар як сабқати байналмилалии миёни хонадагони мактабҳои миёна дар Екатеринбурги Русия медали тилло ба даст овард. Соли 2012 Сомони Раҳмон, писари хурдии раисиҷумҳур дар як Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия, дар бахши барномасозии компютерӣ баранда шуд ва медали тило гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG