Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исмоили Сомонӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур – исмҳои нав дар харитаи Тоҷикистон


Аъзои Маҷлиси миллӣ рӯзи 3 март бо тағйири исми шаш ноҳия дар ҳудуди кишвар ва ҳам таъсиси ду шаҳраки нав дар шаҳри Хоруғ мувофиқат карданд

Аъзои Маҷлиси миллӣ рӯзи 3 март бо тағйири исми шаш ноҳия дар ҳудуди кишвар ва ҳам таъсиси ду шаҳраки нав дар шаҳри Хоруғ мувофиқат карданд. Бо қарори аъзои Маҷлиси милии Тоҷикистон, дар қаламрави маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ ду шаҳраки нав бо номҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шуд. Ҳамчунин аъзои маҷлис пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Бадахшонро пазируфтанд, ки дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон деҳаи нав таъсис дода шуда, он Раҳмонобод номгузорӣ шавад.

Ҳамчунин, бо қарори маҷлис, шаш ноҳия дар ҳудуди Тоҷикистон - Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир, Шӯрообод, Тавилдара ва Ҷиргатол табдили ном карданд. Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷиликул ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд.

Раҳмонобод - ба ифтихори президент номгузорӣ шуд

Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарори ҳукумати ин кишвар дар бораи “Раҳмонобод” номгузорӣ шудани деҳаи тозабунёд дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшонро имзо карда ва барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ирсол намудааст. Аммо алакай дар расонаҳои расмии Тоҷикистон, аз ҷумла дар хабаргузории давлатии "Ховар" исми ин деҳа ҳамчун "Раҳмонобод" ном бурда мешавад.

Гуфта мешавад, ин қарори ҳукумати Тоҷикистон бар асоси дархости Маҷлиси вакилони Вилояти Худмухтори Бадахшон омода ва ҳанӯз рӯзи 9 феврал имзо шудааст.

Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи панҷшанбеи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, нахуст сокинони минтақаи Питовдашт ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон “Раҳмонобод” номгузорӣ шудани шаҳраки нав пешниҳод кардаанд. Онҳо дар ин бора бо як мактуби расмӣ ба ҳукумати вилояти Бадахшон муроҷиат намуданд.

Хонуми Асламшоева гуфт, дар моҳи июли соли 2015 бар асари омадани сел сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон манзилҳои худро аз даст доданд ва вақте баъди ин офат Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон омад, "бо супориши бевоситаи ӯ дар минтақаи Питовдашт, ки як саҳрои холӣ ва ҷойи машқгоҳи низомиён буд, барои 84 оила хона сохтанд. Барои ҳар оила хӯрокворӣ, сӯзишворӣ барои зимистон ва то кӯрпачаю косаю табақ тақсим карда шуд. Аз ин лиҳоз, сокинон гуфтанд, ки “президент гуфта буд, ки то риштаю сӯзани шуморо барқарор мекунему ҳамин тавр ҳам шуд ва дар муддати ду моҳ соҳиби хонаю дар шудем”. Ба хотири эҳтиром ба ин некии президент ва абадӣ мондани ин амали хайри онҳо хостанд исми сарвари давлат ҳифз шавад ва ин шаҳракро “Раҳмонобод” номиданд”.

Ба гуфтаи ӯ, дар моҳи декабри соли гузашта Маҷлиси вакилони Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин пешниҳод пуштибонӣ кард ва дар ин бора бо номаи расмӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Ба ифтихори раҳбари давлат номгузорӣ шудани шаҳраки нав дар Тоҷикистон ҳодисаи тозае набуда ва ду рӯзе қабл дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон боғи навбунёдро “Пешвои миллат” ном доданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони мустақили Тоҷикистон чунин номгузориҳоро нишонаи “кеши шахсияти президент”ва марҳилаи наве дар парастиши Эмомалӣ Раҳмон унвон мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз афзоиши "кеши шахспарастии президент" дар сатҳи матбуот интиқод мешавад. Пешвозҳои пурдабдабаву шеърхониҳои кӯдакон дар васфи президент, кишти гулу гулзордар роҳи боздиди ӯ аз мардум ва ба саҳна роҳ ёфтани ситоишгарон ин ҳама"шоу"-и бузуреро мемонад, ки ҳар сол ба шаклу шеваҳои нав такрор мешавад.Худи президент борҳо чандин мақомдори алоҳида ва раҳбарони манотиқи кишварробарои "шахспарастӣ" ва тамаллуқкорӣ танқид кардааст.Аммо ин танқидҳо бетаъсир буда баъзе афрод ҳамоно талош мекунанд мавқеи президентро боло бурда, аз ӯ “шоҳи замон” ё “падари миллат” ном баранд. Истилоҳи “ҷаноби олӣ” аллакай ба як ҷузве аз мухотаби президент табдил шуда ва дар моҳи декабр бо тасвиби як қонун ба ӯ расман унвони "асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат" дода шуд.Ба назар мерасад, ки мақомот аз поён то ба боло тавсифи президентро замонати будани худ дар мақом арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG