Пайвандҳои дастрасӣ

ВИДЕО ВА 20 АКС: Ислом Каримов дар масҷиди нави Тошканд


Рӯзи 4 октябр дар масҷиди нави "Минор" дар шаҳри Тошканд барои бори аввал намози ид баргузор шуд. Ин масҷид бо меъмории худ аз масҷидҳои дигари Узбакистон фарқ мекунад.

Рӯзи 4 октябр, дар масҷиди нави “Минор” дар пойтахти Узбакистон барои бори аввал намози ид гузориданд. Расми гушоиши ин масҷид рӯзи 1 октябр, дар арафаи иди Қурбон дар шаҳри Тошканд бо ҳузури раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов баргузор шуд.

Масҷиди нав” дар паҳлуи қабристони “Минор”-и пойтахти Узбакистон сохта шудааст. Дар ин масҷид то 3000 нафар метавоннанд намоз гузоранд. Масҷиди “Минор” аз бузургтарин масоҷиди Узбакистон ба шумо мераравад, вале бештар бо сабки меъмориаш аз масҷидҳои дигар фарқ мекунад.

Қаблан сарусадое бархоста буд, ки ин масҷид аз ҳисоби маблағгузори миллиардери маъруфи зодаи Узбакистон Алишер Усмонов сохта мешавад. Аммо дафтари матбуоти Алишер Усмонов ин овозаҳоро рад кард ва гуфт, Усмонов мушорикта дар сохтани биноҳое, чун масҷидҳоро барои худ ифтихор медонад, вале дар бунёди масҷиди “Минор” саҳме надорад. Баъдан, ба навиштаи сомонаи fergananews.com, маълум шуд, ки умури ин сохтмонро ҳамноми миллиардери узбактар – раҳбари Кумитаи миллии олимпии Узбакистон Мираброр Усмонов бар дӯш дорад.

Бо ин вуҷуд, манбаи асосии таъмини молии тарҳи ин сохтмони бузург маълум нест, вале аксари корҳояш, бахусус дар остонаи расми ифтитоҳи масҷид бо таариқи ҳашар анҷом шудаанд.

Ҳашар дар сохтани масҷидҳо дар Осиёи Марказӣ як амри маъмул ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG