Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби Убайдуллоев: Интиқоли барқ аз сар гирифта шуд


Шакарбек Самадов
Шакарбек Самадов

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, шаби гузашта бар асари садама интиқоли нерӯи барқ ба манзили баъзе аз сокинони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе қатъ шуда, субҳи 10 декабр дубора барқарор гардидааст. Шакарбек Самадов, муовини раиси ҳукумати Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, “садама дар хатти баландшиддати 110-киловатта рух дод. Ба маҳалли ҳодиса гурӯҳи мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик” фиристода шуда ва субҳи барвақт интиқоли барқ аз сар гирифта шуд.”

Дар ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд, ки ба истиснои маҳаллаи 101-и шаҳри Душанбе ба минтақаҳои дигари пойтахт нерӯи барқ бидуни мушкил интиқол мешавад. Шоҳин Ниёзов, як масъули ин ширкат, гуфт, ҳоло гурӯҳи вижаи мутахассисон дар ин минтақа ба корҳои тармим машғул буда, дар чанд соати оянда оқибатҳои садама низ бартараф хоҳад шуд.

Ин садама дар ҳоле рух дод, ки шурӯъ аз рӯзи 9 декабр ҳаво дар Тоҷикистон сард шуда ва барф боридааст. Ба қавли коршиносони ширкати “Барқи тоҷик”, ба далели ин вазъ истифодаи нерӯи барқ дар Душанбе афзоиш ёфта ва боис ба рух додани садама дар хатти баландшиддат.

Ин садама пас аз ду рӯзи мавриди истифода қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” рух дод, ки дар як шабонарӯз ба миқдори 7,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин марказ аз сокинони Душанбе даъват кард, ки аз тариқи истифодаи гармии Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар манзилҳои бисёрошёна аз нерӯи барқ сарфаҷӯӣ кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати таъмин шудани гармӣ ба бештари сокинони пойтахтиТоҷикистон нерӯи барқи изофӣ барои тамдид кардани соати лимити барқ дар манотиқи деҳот аз 7 соати феълӣ то 10 соат мусоидат хоҳад кард. Лимити истифода аз нерӯи барқ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон расман 1 ноябри соли ҷорӣ эълон шуда ва мумкин аст то охирҳои моҳи март ё аввали моҳи апрели соли оянда идома ёбад.

XS
SM
MD
LG