Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Роҳи пешво”. Филми 5-ум аз зиндагии президент


Берик Айтҷонов дар нақши Нурсултон Назарбоев

Берик Айтҷонов дар нақши Нурсултон Назарбоев

Дар Қазоқистон филми нави ҳунарие таҳия шудааст, ки аз зиндагии президенташ Нурсултон Назарбоев қисса мекунад. Ин алакай филми панҷум аз силсилаи “Роҳи пешво”-ст.

Рӯзҳои 26 ва 27 апрел дар шаҳрҳои Остона ва Алма-Атои Қазоқистон нахустнамоиши филми нави ҳунарӣ дар бораи президент Нурсултон Назарбоев баргузор шуд. “Жулдиздар тоғысқанда” (“Так сложились звезды“ ё “Ситораҳо чунин мувофиқ омаданд”) алакай филми панҷум аз силсилафилми тарҷумаиҳолии “Роҳи пешво”-ст, ки аз зиндагии Назарбоев қисса мекунад. Бино ба хабарҳо, худи президенти Қазоқистон низ дар нахустнамоиши филми “Ситораҳо...” дар Остона ширкат кардааст ва аз ин филм хушаш омадааст.

“Ситораҳо...” 3 соату 10 дақиқа тӯл мекашад ва барои таҳияаш, ба гуфтаи мақомоти вазорати фарҳанги Қазоқистон, маблағи барои саноати филмсозии ин кишвар камсобиқаи 1 миллиарду 200 миллион танга, муодили қариб 4 миллион доллар масраф шудааст.

Коргардонии филмро коргардони маъруф рус Сергей Снежкин, муаллифи филмҳое, чун “ЧП районного масштаба», «Похороните меня за плинтусом» ва сериали «Белая гвардия» ва чанд бахши сериали «Убойная сила» бар ӯҳда дошта, нақши Назарбоевро дар он Берик Айтҷонов, нақши президенти вақти Русия Борис Елтсин ва раҳбари қаблии Қазоқистон Геннадий Колбинро ду ҳунарпешаи шинохтаи рус Алексей Гусков ва Сергей Гармаш бозӣ кардаанд.

4 филми аввал аз силсилафилми “Роҳи пешво”-ро коргардони қазоқ Рустам Абдрашев ба навор гирифта буд. Филми аввал аз ин силсила – “Осмони кӯдакии ман” соли 2011 таҳия шуда, аз замони тифлии Назарбоев қисса мекард. Баъдан “Дарёи оташин”, “Кӯҳи оҳанин” ва “Кандани ҳалқаи баста” паиҳам рӯи кор омаданд, ки давраҳои наврасӣ, ҷавонӣ ва чигуна ба як сиёсатмадор сабзида расидани ӯро тасвир мекунанд. Нақши Назарбоеви ҷавонро Нурлан Олимҷонов иҷро мекард ва баъди ин филмҳо ба сари ӯ борони ҷоизаҳову нишонҳо ва унвонҳои давлатӣ фурӯ рехт. Олимҷонов ҳатто соли гузашта аз ҳизби ҳокими “Отан” ба вакилии парлумон пешбарӣ шуд.

Барои Сергей Снежкин, ки филми панҷум дар бораи зиндагии Назарбоевро таҳия кардааст, ин нахустин филм дар бораи раҳбарони аввал нест. Ӯ муаллифи сериали “Брежнев” дар бораи роҳи зиндагӣ ва раҳбарии Леонид Брежнев, раҳбари аввали Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1964-1982 ҳам ҳаст.

Сергей Дуванов

Сергей Дуванов

Сергей Дуванов, шореҳи масоили сиёсии Қазоқистон рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, таҳияи пуштиҳами филмҳову гузоштани ҳайкалҳои Назарбоев нишон медиҳанд, ки ӯ ҳарчӣ бештар ба Брежневи солҳои охири раҳбариаш монанд мешавад: “Мо алакай ягон 10 сол боз гуфта истодаем, ки Назарбоев ҳарчӣ бештару бештар шабеҳи Брежнев мешавад. Ҳамон хел болобардориҳо, ҳамон хел филмҳо дар бораи зиндагиаш, ҳамон хел ордену медалҳои шашқатор, ҳайкалу китобу фалону фалон. Ӯ батадриҷ ба як муҷассамаи Назарбоев табдил меёбад. Муҷассамае, ки қабати биринҷиаш рӯзторӯз ғафстару ғафстар мешавад.”

Сужаи филми “Ситораҳо чунин мувофиқ омаданд” чунин аст, ки як адиби англис ба хотири навиштани тарҷумаи ҳоли Назарбоев меояд. Назарбоев зимни сӯҳбат бо ин адиб гузаштаашро қадам ба қадам ба хотир меорад.

Дар филм Борис Елтсин, барои мисол, раҳбаре тасвир шудааст, ки хеле ба роҳат метавонад маст шавад ва худро ба дарёи кӯҳӣ андозад.

Алексей Гусков дар нақши Борис Елтсин

Алексей Гусков дар нақши Борис Елтсин

Аммо худи Назарбоев як раҳбари дурандеш, хирадманд ва танҳо дар баъзе ҳолатҳо дудила нишон дода мешавад. Як ҳолати дудилагии ӯ замонест, ки ӯ дар мавриди ҳифз кардан ё накардани силоҳҳои ҳастаии Шӯравӣ дар Қазоқистон тасмим мегирад. Бори дигар, ӯ масъалаи ширкаташ дар интихоботи навбатиро бо ҳамсараш дар миён мегузорад ва аз ӯ маслиҳат мепурсад.

Нурсултон Назарбоеви феълан 77-сола моҳи июни соли 1989 ибтидо ба ҳайси котиби якуми ҳизби коммунисти Қазоқистон ба раҳбарии ин ҷумҳурӣ омад. Дар ин байн Шӯравӣ пош хӯрд ва Қазоқистон давлати мустақил шуд, вале инак 27 сол боз бар ин кишвар Назарбоев ҳукумат меронад. Низоми давлати ӯро худкома сифат мекунанд, вале мегӯянд, сиёсати Назарбоев дар муқоиса бо низомҳои дигари худкомаи Осиёи Марказӣ нармтар аст.

Сергей Дуванов мегӯяд, бо вуҷуди таблиғоти зиёду “ура-ура”-и атрофиёни кунунии перезидент, филмҳову китобҳои таҳияшуда дар бораи Нурсултон Назарбоев арзиши чандони бадеӣ надоранд, чунки ба далоилу мулоҳизаҳои сиёсӣ сохта шудаанд. Ӯ мегӯяд, бо анҷоми даврони Назарбоев ин ҳама, аз ҷумла ҳамаи филмҳои силсилаи “Роҳи пешво” танҳо барои муаррихоне, ки чигуна ташаккул ёфтани шахспарастӣ дар замони Назарбоевро хоҳанд омӯхт, метавонад қобили таваҷҷӯҳ ва истифода бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG