Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сэр Бен Кингслӣ - дар нақши Ибни Сино (2 ВИДЕО)


Сэр Бен Кингслӣ
Сэр Бен Кингслӣ

Рӯзи 26 декабр дар Олмону Испания филми наве дар бораи донишманди оламшумули тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ба бозор медарояд. Ин филмро коргардони олмонӣ сохтааст ва нақши Ибни Сино сэр Бен Кингслӣ иҷро мекунад.

“Der Medicus” (“Табиб”) – унвони филми навест, ки нахустнамоишаш дар арафаи Соли нав дар Берлин доир шуд. Ин филм достони ҷавони аврупоиест, ки ба хотири омӯхтани илми тиб ба Шарқ, ба суроғи Абӯалӣ Ибни Сино меравад.

Филми “Табиб”-ро, ки фарзияи англисиаш “The Physician” ва фарзияи русиаш “Лекарь: ученик Авиценны” ном гирифтааст, коргардони немис Филипп Штётсл бар пояи романи “Табиб”-и ҳанӯз дар солҳои 80-ум нашркардаи Ной Гордон рӯи навор овардааст. Бештари ҳунармандони ҷалбшуда ба ин филм бритониёӣ буда, Нақши толибими аврупоиеро, ки азми шогирдии Ибни Сино ба Шарқ мебарад, Том Пейн ва нақши худи Ибни Синоро сэр Бен Кингслӣ бозӣ кардаанд.

Бен Кингслии 70-сола аз хушномтарин ҳунармандони Бритониё ба шумор рафта, барои хидматҳояш дар рушди фарҳанги инглисӣ ҳатто ба унвони ифтихории "сэр" даст ёфтааст. Кингслӣ аз ҷумла нақши шоҳи Эронро дар филми “Prince of Persia” ( “Шоҳзодаи Форс”) ва нақши генерали фирории эрониро дар филми “House of sand and fog” (“Хонае аз регу аз туман”) бозӣ кардааст.

Филипп Штётсл гуфтааст, “мушкилтарин кор дар ду соати филм гунҷондани мӯҳтавои 600 саҳифаи сенария буд. Чигуна ҳам идеяро ҳифз кунем ва ҳам ҷузъиёти лозим барои идроки он даврон ва табиати қаҳрамрон сарфи назар нашавад.”

Аммо Том Пейни 31-сола, иҷрокунандаи нақши Роб гуфтааст, «дар ин филм бештар на достони танҳо як қаҳрамон қисса шудааст, балки ин таърихи касб ва таърихи давроне ҳам ҳаст, ки дар умқи асрҳо нуҳуфтааст.»

Том Пейн дар нақши Роб
Том Пейн дар нақши Роб
Сюжети филм чунин аст, ки Роб баъди аз як маризии беилоҷ бо азоби зиёд даргузаштани модараш ба омӯхтани илми тиб азм мекунад ва азбаски зиёд қиссаи ҳозиқии Ибни Синоро шунида буд, ба Эрон меравад, ки шогирди ӯ шавад.

Дар ҳоли ҳозир, танҳо нахустнамоиши филми «Табиб» баргузор шуда, интизор меравад, ки он дар Олмону Испания алакай дар рӯзҳои иди Мавлуди Масеҳ ва дар кишварҳои дигар аз аввали соли оянда ба сурати комил ба бозор бидарояд. Нахустнамоиши фарзияи русии филм дар моҳи феврали соли 2014 дар назар дошта шудааст.

Абӯалӣ Ибни Сино аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик шинохта шуда, соли 980, ки ҳанӯз давлати Сомониён побарҷо буд, дар рустое дар канори Бухоро ба дунё омадааст. Баъди суқути Сомониён, Ибни Сино рӯ ба ҳиҷрат овард ва баъди саргардониҳои зиёд дар Ҳамадон ва бино ба бархе ривоятҳо, дар зиндон даргузашт. Ибни Сино пештозтарин донишманди замони худ дар аксари арсаҳои илмӣ, бахусус дар илми тиб эътироф мешуд ва аз ӯ осори адабие, бо шумули назму наср, низ ба мерос мондааст. “Ал-қонун-фит-тиб”, “Донишнома” ва “Китоби шифо” аз ҷумлаи маъруфтарин осори Бӯалист, ки то рӯзҳои мо расидаанд. Дар Аврупо то дастикам 5 асри дигар донишҷӯён илми тибро аз “Ал-Қонун”-и Сино меомӯхтаанд.

Ҳайкали Сино дар маҳаллаи Қарияи боло
Ҳайкали Сино дар маҳаллаи Қарияи боло
Дар Тоҷикистон ба шахсияти Ибни Сино арҷи зиёд мегузоранд. Яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон ва ҳамчунин Донишгоҳи тиббии ин кишвар ба номи Ибни Сино буда, дар Душанбе ҳанӯз дар соли 1980, дар рӯзҳои таҷлил аз 1000-солагии ӯ ҳайкали Синоро гузошта буданд.

Азбаски Ибни Сино дар Бухоро таваллуд шудааст, байни зиёиёни тоҷику узбак ҳамеша бар сари ҳуввияти миллии ӯ баҳс идома дорад. Узбакҳо ӯро намояндаи қавми узбак ва тоҷикҳо тоҷик мешуморанд. Аммо дар наворҳои тарғиботии филми нави Штётсл дар бораи ин донишманд ва табиби маъруфи Шарқ Ибни Синро донишманд ва табиби Форс муаррифӣ мекунанд ва ишорае ба тоҷик ё аз Бухоро будани ӯ нест.

Трейлери филми нав дар бораи Сино дар Ютюб дастрас аст:



XS
SM
MD
LG