Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи барномасозони ҷавон дар Душанбе замимаи вижаеро барои телефонҳои ҳушманд омода кардаанд, ки довталабонро ба имтиҳонҳои қабул омода мекунад.

Замимаи “Роҳнамои довталаб” саволномаву санҷишҳои имтиҳонот, адабиётҳои марбут ба он ва роҳҳои омодагӣ ба имтиҳонро ба довталаб пешниҳод мекунад. Эраҷ Мирбоев, яке аз созандагони ин барнома рӯзи 7 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замимаи (приложение) “Роҳнамои довталаб” аллакай аз рӯзи 1 апрел бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ фаъол буда, довталабон метавонанд дар планшет ва компютери худ тавассути ин нишонӣ http://www.dtb.devstack.tj/ ҳам аз ин барнома истифода баранд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, довталабонро зарур нест, ки барои омодагӣ чандин китоби “Роҳнамои довталаб”-ро варақ зананд, балки фақат бо доштани ин замима дар телефонҳои худ, онҳо тамоми маълумот дар бораи ҷараёни супоридани имтиҳонҳои тестиро пайдо намуда, ба суолҳо омода мешаванд.

Эраҷ Мирбоев гуфт, “замимаи “Роҳнамои довталаб” кӯмак мекунад, ки худи довталабон дар хона нишаста бубинанд, ки имкони таҳсил дар кадом донишгоҳро доранд ва кадом ихтисос чӣ теъдод довталаб қабул мекунад. Ва ё онҳо метавонанд, дар ин барнома, ки аз се бахш: асосӣ, интихоби касб ва дигарон иборат аст, дониши худро санҷанд, касби дӯстдоштаи худро бидуни саросемагӣ интихоб кунанд ва бо дигарон ҳам суолҳои худро дар миён гузоранд.”

Эраҷ Мирбоев.

Эраҷ Мирбоев.

Айни замон замимаи “Роҳнамои довталаб” фақат дар Гугл Плей ва барои телефонҳое омода шудааст, ки бо нармафзори Андроид кор мекунанд. Замима барои Айфонҳо ҳоло озмоиш мешавад ва дар ояндаи наздик мумкин аст, дар Апп Стор ҳам пайдо шавад. Дар ин замима довталаб метавонад, ному насаб ва (парол) рамзи махфии худро ворид карда худро сабти ном намояд. Барои насби замима ва бақайдгирӣ, довталабонро лозим аст бояд 3 сомонӣ пардозанд.

Таҳияи ин замима барои телефонҳои хушманд дар ҳолест, ки ин шабу рӯз хатмкунандаҳои макотиби миёна баъди сабти ном дар Маркази миллии тестӣ барои супоридани имтиҳон омодагӣ мегиранд.

Фархунда Латифзода, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои пойтахт ҳам аллакай аз таҳияи барномаи “Роҳнамои довталаб” дар телефонҳои мобил хабар ёфта ва инро як роҳи кӯмак дар рӯзҳои ба қавли худаш “тақдирсоз” муҳим медонад. Фархунда мегӯяд, ин замима ҳамчунин фазои мушориат бо довталабони дигарро аз минтақаҳои гуногун фароҳам кардааст, ки метавонанд, ҳангоми суолу ҷавоб дониши худро мукаммал созанд.

“Барои мисол ман фанни химияро хуб медонам, вале мехоҳам бо нафаре сӯҳбат кунам, ки аз фанни таърих дониши хуб дорад. Ё суолҳое ҳаст, ки ман ҷавобашро намедонам, дар ин барнома метавонам аз корбарони дигар ки худро дар ин замима ба қайд гирифтаанд, пурсам”,-гуфт ӯ.

Ин нахустин талоши сохтани барномаи сирф тоҷикӣ дар телефонҳои ҳамроҳ ва ин ҳам дастурамалӣ таълимӣ барои муҳассилин нест. Қаблан низ барномасозони ҷавон талош карда буданд, то барномаҳои махсуси омӯзиширо таҳия кунанд.

Сӯҳроб Собиров -- ҷавоне, ки соли гузашта чунин як барномаи тестиро барои хонандагони мактабҳои миёна дар шимоли кишвар таҳия кардааст, аз ин иқдоми ҳамсолонаш дар пойтахт истиқбол мекунад. Вай 7 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аллакай ин замимаро дар худ ва шогирдонаш таҷриба кардаанд: “Ман худам дар мактаб ба хонандаҳо дарс мегӯям ва онҳое, ки имсол довталаб ҳастанд, аллакай бархе аз ин замима истифода мекунад. Дизайни ин тарҳ зебову фаҳмо аст, ҳоло чунин барнома метавонад бачаҳоро барои санҷиши дониши худ ҳавасманд кунанд. Аз сӯи дигар, бачаҳо телефони ҳамроҳро беҳуда истифода намекунанд.”

Пас аз як ҳафтаи дигар мавсими сабти номи довталабон дар Маркази миллии тестӣ ба охир мерасад. Бар асоси оморӣ расмӣ, Марказ имсол нақшаи қабул ба донишгоҳҳои кишварро ҳудуди 55 ҳазор мушахас карда, то имрӯз наздик ба 53 ҳазор довталаб худро дар ин онҷо сабти ном кардаанд. Маркази миллии тестӣ дар ду соли ахир масъулияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси довталабон дар мактабҳои олии Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG