Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон якбора 4 табиб ба курсии вазирӣ нишастанд


Вулуси Ҷирга номзадии 16 вазири пешниҳодӣ аз сӯи раисиҷумҳур ва раҳбари иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистонро тасвиб кард. Таҳлилигар Наҷиб Маҳмуд мегӯяд, 4 тан аз ин вазирон пизишканд.

Вулуси Ҷирга ё парлумони Афғонистон номзадии 16 вазири боқимондаи ҳукумати Афғонистонро ба тасвиб расонд. Ин дар ҳолест, ки ним сол пеш бар асоси як тавофуқ миёни Муҳаммад Ашрафғанӣ - раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ - раиси иҷроӣ ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ташкил шуда буд.

Акнун аз 25 вазорат вазорати дифоъ раҳбар надорад, зеро дар бораи номзад ба ин мақом миёни раисиҷумҳур ва раиси иҷроӣ тавофуқ ҳосил нашудааст. То кунун номзадҳо ба мақоми раиси додгоҳи олӣ, додситони кулл ва раиси бонки миллии Афғонистон низ ба тасвиб нарасидаанд ва аз тарафи сарпарастон идора мешаванд.

Дар як мусоҳиба аз Наҷиб Маҳмуд - таҳлилгари умури сиёсии Афғонистон дар Кобул пурсидем, ашхосе, ки ба мақоми вазоратхонаҳо ба тасвиб расиданд, аз лиҳози касбияту маҳорат ба мақомҳои худ маносиб ҳастанд?

Наҷиб Маҳмуд: “Зоҳиран онҳо афроди таҳсилкарда маълум мешаванд. Лекин ин суоли асосӣ ва муҳим аст, ки бояд ба он посух гуфта шавад. Ба гунаи мисол, барои чаҳор вазорат пизишконро муқаррар карданд. Наметавонам бигӯям, онҳо то чӣ андоза шоистагӣ доранд, ки бахшҳои худро пеш баранд, зеро ин вазоратхонаҳо бо арсаи табобат ҳеч иртибот надоранд. Дар миёни ин афрод шахсоне ҳам ҳастанд, ки дар даври қаблӣ раъйи лозимро нагирифтанд ва онҳоро дубора барои вазоратҳои дигар муаррифӣ карданд. Инҳо суолҳое ҳастанд, ки муҳити кобинаро иҳота кардаанд. Бо гузашти замон хоҳем дид, ки онҳо барои ин вазоратхонаҳо то чӣ андоза муносиб ҳастанд. Ин нукта бояд дар назар гирифта шавад, ки мақоми вазирӣ бештар мақоми сиёсӣ аст ва бештар шояд бо кумаки мушовирон ва муовинҳои касбии худ онҳо корро пеш мебаранд. Бештари онҳо чеҳраҳои нав ҳастанд.”

Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро дар интихоби номзадҳо ба ин мақомҳо таъхир ба амал омад, дар ҳоле ки кобинаи эътилофӣ 6-7 моҳи пеш ташкил шуда буд?

Наҷиб Маҳмуд: “Бале, ин ҳукумат ҳукумати эътилофӣ аст ва афроди қудратманде, ки дар атрофи ҳукумат ба навъе дахил ҳастанд, масалан, дар мақомҳои раёсати давлат ва ҳукумат, ҳар кадомашон бо умеде вориди ин бахшҳо шудаанд ва онҳо саҳмияҳо доранд. Фикр мекунам, дар бораи номзадҳо ба ин саҳмияҳо тавофуқи назар вуҷуд надошт. Дувум, дар байни гурӯҳҳое ҳам, ки бояд номзадҳоро муаррифӣ кунанд, зиддиятҳо вуҷуд дошт, ки чӣ касоне ба кадом пост (мақом) муқаррар шавад. Ин мушкилҳо вуҷуд дошт ва тавофуқи назар бо бисёр мушкилӣ ба даст меомад. Яке аз сабабҳои асосии таъхири муаррифии номзадҳо ва гирифтани раъй ҳамин аст.”

Озодӣ: Масалан, чунин нест, ки намояндагони парлумон дар давоми ин шаш моҳи ҳукумати эътилофӣ аз баррасии номзадҳо ва рафту омади онҳо ба парлумон хаста шуданд ва ҳоло ба натиҷае расиданд, ки номзадҳоро ба тасвиб расонанд ва бо ҳамин ташкили кобина такмил шавад?

Наҷиб Маҳмуд: “Албатта, дар бораи ин ки ба чӣ далел онҳо дар парлумон аксарияташон раъй гирифтанд, хабаре дар даст надорем. Вале як далел шояд набуди вазирон ва сарпарастони вазоратҳо буд, ки дар бахшҳои мухталиф корҳо ба таъхир меафтод. Гузашта аз ин, мардум ҳам аз парлумон интиқод мекарданд, ки Шумо ба баъзе вазирон раъй намедиҳед. Вале парлумон барои эътибори худаш ва беҳбуди вазъияти кории давлат ва барои ба вуҷуд овардани низом ба як наҳве барои вазирон овоз доданд.”

Озодӣ: Мақоми вазорати дифоъ ҳанӯз ҳам холӣ аст. Шояд касе намехоҳад бо назардошти вазъи Афғонистон, ки як кишвари ҷангзада аст, худро ба ин мақом номзад кунад ё сабаби дигаре ҳаст?

Наҷиб Маҳмуд: “Фикр мекунам, масъалаи номзад матраҳ нест. Шояд бисёр касоне ҳастанд, ки ин мақомро мехоҳанд. Лекин дар ин бора тавофуқи назар байни Муҳаммад Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ вуҷуд надорад, ки онҳо киҳоро мехоҳанд номзад пешбарӣ кунанд. Яъне байни ҳар ду ҷониб барои мақоми раиси ситоди артиш ва вазири дифоъ тафоҳум ба вуҷуд наомадааст. Шояд ин кор каме вақт мехоҳад, то онҳо барои ин ду мақом афродеро пайдо кунанд, ки аз гурӯҳҳои Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ бошанд. Ман фикр мекунам, то ҳол касоне дар ин мақомҳо дар дасти онҳо нест. Вале дар рӯзҳои наздик ба ин мақомҳо низ номзадҳо пешбарӣ мешаванд.”

XS
SM
MD
LG