Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон, Ҳинд ва Покистон узви Созмони Шонгҳой мешаванд


Охирин нишасти сарони СҲШ дар Бишкек, 13 сентябри соли 2013.
Охирин нишасти сарони СҲШ дар Бишкек, 13 сентябри соли 2013.

Ҳиндустон аз Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой огоҳинома гирифтааст, ки дар ҳамоиши 12-13-уми сентябр дар Душанбе ба узви комилҳуқуқи СҲШ табдил хоҳад ёфт.

Дар ин бора як мақоми баландпояи ҳукумати Ҳинд ба рӯзномаи The Telegraph, чопи Деҳлӣ хабар додааст. Эҳтимол меравад, дар мулоқоти Душанбе ҳамчунин Эрон, Покистон ва Муғулистон, ки якҷо бо Ҳинд то ҳоло дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мақоми нозирро доранд, ба узвияти пурраи ин эътилоф пазируфта шаванд.

СҲШ соли 2001 дар заминаи Панҷгонаи Шонгҳой, ки ҳадафаш ҳалли мушкилоти марзии байни Чин аз як сӯ ва Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон аз сӯи дигар таъсис ёфта, бо тағйири барномаи он Ӯзбакистон низ хостори узвият дар эътилоф шуд. Дар солҳои баъдӣ Эрону Ҳинд, Афғонистон, Муғулистон ва Покистон дар ҳамоишҳои СҲШ ширкат карданд ва мақоми нозирро гирифтанд.

Аз моҳи сентябри соли 2013 Тоҷикистон раиси даврии СҲШ аст ва ҷаласаи асосии он дар Душанбе баргузор мешавад.

Бо вуҷуди он ки ҳар яке аз аъзои созмон барои як сол раёсати онро ба даст мегирад, ҳамеша сухани охирро дар тасмимгириҳои он Русия ва Чин гуфтаанд. Иёлоти Муттаҳида СҲШ-ро як подвазни эҳтимолии НАТО дар давраи баъд аз Ҷангои сард мешуморад. Аммо ба фарқ аз паймони Атлантики Шимолӣ Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой блоки ҳарбӣ нест, ҳарчанд солҳои охир тамринҳои якҷояи низомӣ баргузор менамояд.

Дар нишасти ахири вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв 31 июли соли равон дар Душанбе шароити қабули аъзои нави созмон ниҳоӣ шуд ва эҳтимолан дар ин замина ба Ҳинд, Эрон, Покистон ва Муғулистон огоҳинома фиристода шуд, ки ба ҳамоиши Душанбе омодагӣ гиранд. Дар хабари расонаҳо аз эҳтимоли узвияти комили Афғонистон дар СҲШ чизе гуфта намешавад. Қаблан, дар яке аз ҳамоишҳои созмон ин шарт баён шуда буд, ки кишвари дар ҳоли ҷанг ба эътилоф пазируфта нахоҳад шуд. Аммо Ҳинд ва Покистон низ ҳамеша зери хатари бархӯрд барои Кашмир қарор доранд ва ихтилофоте байни Ҳинду Чин низ дар миён аст. Дар яке аз нишастҳои гузашта Чин мухолифати худро ба узвияти Ҳинд дар СҲШ баён дошта, Русия баръакс аз чунин узвият ҳимоят карда буд.

Рӯзномаи The Telegraph менависад, бо вуҷуди ин Чин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв дар Душанбе ба ирсоли даъватномаи узвияти пурра ба Деҳлӣ зиддият накард. Интизор меравад моҳи сентябр барои гирифтани шаҳодатномаи узвияти Ҳинд дар СҲШ вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сушма Свараҷ ба Душанбе сафар кунад.

Бино бар навиштаи ин нашрия дар ҳамоиши Душанбе агар Чин ба узвияти Ҳинд бархӯрди эҳтиёткорона нишон дода бошад, Русия дар мавриди Покистон дудила буд ва ҳамаи кишварҳо аз узвияти Эрон изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG