Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз нобоварӣ ба расонаҳо рӯ ба Twitter овардааст


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп, ки фардо зимоми роҳбариро ба даст мегирад, гуфт, истифодаи Twitter-ро идома медиҳад ва аз ин ба баъд низ ҳамарӯза дар саҳифааш чанд хабар нашр мекунад. Субҳ - изҳороти расмӣ ва давоми рӯз чанд шарҳи дигар медиҳад, зеро ба расонаҳо эътимод надорад.

Трамп мегӯяд, дар воқеъ навиштани twit-паёмакҳоро намеписандад.

"Ман twit-нависиро дӯст намедорам. Ман ғайр аз ин корҳои дигаре ҳам дорам. Аммо дар ғайри сурат мебояд бо расонаҳои аҳдшикан сару кор гирам. Twit-нависӣ роҳи ягонаи аксуламал ба ин гуна расонаҳост", - гуфт Трамп. Вай дар Twitter бештар аз 20 миллион муштарӣ ё хонанда дорад.

Трамп дар мусоҳиба бо телевизиони Fox News афзуд, намояндагони расонаҳоро аз Кохи сафед берун намекунад. Вай гуфт, эътирози шадиди расонаҳо ӯро аз ин иқдомаш боздоштааст.

"Расонаҳо девона шудаанд. Ман мегӯям: биёед намекӯчонем. Аммо бархе намояндагони расонаҳо наметавонанд ба Кохи сафед шомил шаванд. Хоҳишмандони ба Кохи сафед дохил шудан зиёданд, мо вазифадорем, ки барои ширкат дар нишастҳои матбуотӣ рӯзноманигоронро интихоб кунем", - гуфт Трамп.

XS
SM
MD
LG