Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубин Эргашев и. в. сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъин шуд


Мубин Эргашев

Мубин Эргашев

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд.

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Эргашеви 41-сола мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Бозии наздиктарини тими миллии Тоҷикистон 8 сентябр дар Душанбе муқобили мунтахаби Австралия, ғолиби Ҷоми Осиё-2015, баргузор мешавад.

Мубин Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки чанд рӯз пеш, баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард.

Бояд гуфт, ки Мубин Эргашев аллакай таҷрибаи кор дар мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳайси мураббии калон дар давраи солҳои 2008 то 2013 касб кардааст. Моҳи июни соли 2013 Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъин шуда буд. Он вақт таҳти раҳбарии ӯ мунтахаби кишвар як бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон анҷом додааст. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфта буд.

Мубин Эргашев имсол тавонист, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератияи футболи Осиё) барорад. "Истиқлол” муборизаро барои Ҷоми AFC идома медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук, ки муҷаввизи мураббигии дараҷаи «Pro» дорад, инчунин Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич, ки дар дастаи “Истиқлол” ёварони Эргашев мебошанд, дохил шудаанд. Ҳабибуллоев масъули кор бо дарвозабонҳо, мутахассиси сербиягӣ Лазаревич бошад, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.

Ёвари Мубин Эргашев дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон Роман Пилипчук ҳамчун ҳамлагар дар дастаҳои «Динамо»-и Маскави Русия, «Металлург»-и Донетски Украина, инчунин дар се тими Исроил –бошгоҳҳои «Маккабӣ», ки Герслия, Нетания ва Петах-Тикваро намояндагӣ мекунанд, бозӣ кардааст.

Фаъолияти мураббигиаш дар дастаи «Металлург»-и Донетск шурӯъ шудааст. Вай дар ситоди мураббиёни бошгоҳҳои футболи Украина - «Кривбасс» ва «Заря» кор кардааст. Ӯ соли 2008 ёвари сармураббии «Шинник»-и Ярославл буд. Соли 2009 сармураббии дастаи «Дачия»-и Молдова, соли 2010 мураббии калони «Балтика»-и Калининград, дар мавсими солҳои 2011-2012 мураббии «Динамо»-и Маскав, ёвари Сергей Силкин, буд. Соҳои 2012-2013 дар вазифаи сармураббии «Олимпик»-и Донетск фаъолият дошт. Пеш аз ба Душанбе омадан Пилипчук дар бошгоҳи «Спартак»-и шаҳри Юрмалаи Латвия кор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG