Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Хатти ҷанубии Чин» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бо он ки ширкати ҳавопаймоии «Хатти ҷанубии Чин» аз чанд сол ба ин сӯ дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳузур дорад, аммо то ҳол танҳо ду парвозро аз Урумчии Чин ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон анҷом медиҳад. Дар ин самт ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо се парвоз ба Урумчӣ пешсафанд.

Афзун бар ин Фирӯз Эшонқулов, сардори раёсати ҳавонавардии Тоҷикистон, дар маросими муаррифии ин ширкат, гуфт, ба зудӣ парвозе дар самти Душанбе-Гуанҷоӯ роҳандозӣ хоҳад шуд ва ҳамчунин парвоз дар масири Душанбе Мурғоб - Қошғар низ пешниҳод шудааст.

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон танҳо тавассути ду ширкат, ки ҳар ду ҳам давлатӣ мебошанд, анҷом мешавад. Аммо талошҳо барои афзун кардани парвозҳо ба хориҷи кишвар дар ҳолест, ки хадамоти ин ширкатҳо ҳамвора мавриди интиқоди мусофирон ва ҳатто хориҷиён низ қарор доранд.

Боло будани қимати билети ҳавопаймоҳо мушкили умда ва ҷиддиест, ки пешорӯи ҳам мусофири одии тоҷик, ки ҳамеша роҳ ба сӯи муҳоҷират дорад ва ҳам хориҷии дар орзуи дидани Тоҷикистон аст. Муҳибуллоҳи Қурбон, соҳибназари тоҷик, ки хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро пайгирӣ кардааст, далели аслии боло будани нархи билети ҳавопаймоҳоро ба монополияи ин бозор ва муомилаи ин ширкатҳо бо Муҳибуллои Қурбон

Муҳибуллои Қурбон

ширкатҳои хориҷӣ медонад. «Бубинед як ширкати англисӣ самти парвози ҳавопаймои хатти сайри Лондон - Маскав ва Маскав - Лондонро мекушояд, рафту омад ҳамагӣ 200 доллар. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Инҳо кадом ширкате, ки ба Тоҷикистон меояд, якум шарташон ин аст, ки нархро аз мо поин намебарӣ. Яъне, муомила сурат мегирад. Масалан, бо ширкатҳои русӣ чунин муомила аст. Ба ин далел, нарх арзон намешавад. Ин ба истилоҳ «ҷентелменский договор» аст ва чанд ширкате, ки ҳаст аз ин берун намебароянд»,-мегӯяд ӯ.

«Болои сӯхта намакоб», бо он ки нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон болост, аммо хадамоти он, ба хусус поин будани кайфияти ғизо, риоят нашудани замони парвозҳо. таъхир дар ин замина, мушкили дарёфти бағоч ва дигар, мусофиронро нигарону асабӣ мекунад. Талаббиддин Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе, ки борҳо мусофири ширкати «Тоҷик Эйр» будааст, гуфт, «ростӣ се моҳи пеш ба Русия рафта, боз ба наздикӣ баргашта будем. Дар ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамон хӯрокҳое, ки дода буданд, ҳамон буд, ҳеҷ тағйир накардааст. Охир, мо муҳоҷирон ҳама мардуми мусалмонем, намедонем, ин хӯрокҳо ҳалол ҳастанд ё нестанд. Дигар масъала замони парвоз, вақти билет соати 1 -и шаб аст, лекин меояӣ фурудгоҳ ду - се соат ва ё аз он зиёд ҳам интизор мешавӣ.»

Шикоят аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон тавассути иддае аз сокинон дар ҳолест, ки ин шабу рӯз ба иллати таъхир дар парвози ҳавопаймоҳо садҳо ҳоҷии тоҷик наметавонанд дар замони таъйиншуда ба ватан баргарданд. Соли гузашта низ чунин иттифоқоте рух дода буд.

Фирӯз Эшонқулов

Фирӯз Эшонқулов

Пас, суоли матраҳ ин аст, ки чаро бо вуҷуди ҳузури даҳҳо ширкат дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон, ҳанӯз қимати билети парвозҳо поин намеравад ва хадамоти ширкатҳои Тоҷикистон беҳбуд намеёбад? Агар масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз як сӯ гарон будани қимати маводи сӯхтро далели боло будани нархи чиптаи ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» хонанд, аммо Фирӯз Эшонқулов, сардори раёсати ҳавонавардии Тоҷикистон, дигар сабабро пеш меорад. Ӯ мегӯяд, «бозори нархи чипта аз кам ё зиёд будани мусофир аз ду тараф вобаста аст. Чун гоҳе мешавад, ки аз ин тараф мусофир зиёд аст, аммо аз тарафи муқобил кам. Ин ба фасли сол ҳам рабт дорад.»

Ҳамзамон Фирӯз Эшонқулов, вуҷуди муомила миёни ширкатҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои ҳавонавардии хориҷиро рад мекунад ва мегӯяд, ҳеҷ ширкате фоидаи худро сарфи назар намекунад ва тибқи ҳисобу китоби худашон парвозҳо анҷом медиҳанд. Аммо сардори раёсати ҳавонавардии Тоҷикистон мавориди поин будани кайфияти ғизо барои мусофиронро рад намекунад ва мегӯяд, намояндагони вазорати нақлиёт ва дигар ниҳодҳои зирабт ин мавзӯъро бо ҳузури ширкатҳо санҷиш карда ва баъзе камбудиҳоро дар нарху сифати ғизо ошкор карданд.

Аммо Муҳибуллоҳи Қурбон, соҳибназари тоҷик, бар ин аст, ки ба майдони рақобат омадани ширкатҳои хусусии ҳавопаймоӣ метавонадвазъро беҳбуд бахшад. Зимнан, ба ҷуз, ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр», дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон, 34 ширкати хориҷӣ, аз Русия, Эрон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистону Туркия парвозҳо анҷом медиҳанд. Аммо то ҳол ягон ширкати ҳавопаймоии Аврупову Амрико ба Тоҷикистон роҳ наёфтааст. Ба таъкиди соҳибназарон, ширкатҳои ватанӣ онҳоро ба сабаби пойин будани нархи чипта ва хадамоти муносибашон ба ин бозор роҳ намедиҳанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG