Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати боз як легионери русиягӣ ба ҳайати “Истиқлол”


Артём Петренко - бозигари нави дастаи "Истиқлол"

Артём Петренко - бозигари нави дастаи "Истиқлол"

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе боз як бозигари навро аз Русия ба ҳайати даста дохил намуд.

Ба иттилои Муродҷон Умаров, менеҷери дастаи «Истиқлол», ин легионери нави русиягӣ, нимҳимоятгар Артём Петренкои 27 сола (қадаш 171 см, вазнаш 66 кг) мебошад.

Вай дар дастаҳои дивизионҳои якуму дувуми Русия ва мусобиқаи қаҳрамонии Молдова бозӣ карда, таҷрибаи хуб касб намудааст. Ӯ аз ин пеш дар бошгоҳҳои «Лада» (Толяттӣ), «Черноморетс» (Новороссийск), «Нистру» (Атакӣ, Молдова), «Металлург» (Липетск), «Нефтехимик» (Нижнекамск), «Тюмен», «Динамо» (Ставропол), «Динамо» (Киров), «Амур» (Благовешенск) бозӣ кардааст. Охирин бошгоҳе, ки ӯ дар ҳайати он ҳунарнамоӣ кардааст, СКА (Клуби варзишии артиш)-и Ростов буд, ки ба минтақаи “Ҷануб”-и дивизиони дувуми Русия шомил аст.

Ба гуфти ҷаноби Умаров, бозигари нави ҳаштуми “Истиқлол” Артём Петренко рӯзи 21-уми феврал ба дастаи қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, ки дар айни ҳол дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд тамрин мекунад, ҳамроҳ мешавад.

Бояд гуфт, ки ба ғайр аз Артём Петренко имсол дар ҳайати “Истиқлол” боз чаҳор легионер - дарвозабон Никола Стошич (“Железничар”, Сербия), ҳимоятгар Роберт Жилин (“Якутск”, Русия), ҳамлагарон Юдҷин Сепуйя (Уганда, “Единство”, Черногория) ва Виллер Соуза Оливейра (Бразилия, “Алянса”, Гватемала) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Се бозигари дигар, ки имсол ба “Истиқлол” гузаштанд, аз ин пеш дар бошгоҳҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон бозӣ кардаанд. Инҳо ҳимоятгарон Аҳтам Назаров («Энергетик», Душанбе) ва Наим Улмасов (Вахш», Қӯрғонтеппа), нимҳимоятгар Орзу Додхудоев (ССКА «Помир», Душанбе) мебошанд.

Тими “Истиқлол”, ки соли гузашта бо роҳбарии мутахассиси 37-солаи сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии даста, дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон мақоми севумро касб карда буд, имсол мақсад дорад, ки ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шавад. Бинобар ин, роҳбарияти бошгоҳ тасмим гирифт, ки ҳайати дастаро пурқувват кунад.

Инчунин, имсол “Истиқлол” бо якчанд бозигари даста, ба мисли дарвозабон Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгар Руслан Рафиков, нимҳимоятгарон Александр Франк ва Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагарон Юсуф Рабиев ва Фарҳод Тоҳиров, ки мӯҳлати шартномаашон ба анҷом расида буд, хайрухуш намуд. Ҳамчунин, ҳимоятгар Давронҷон Эргашев ба дастаи “Иртиш”-и Павлодари Қазоқистон гузашт.

Руслан Рафиков, Александр Франк, Маҳмадалӣ Содиқов ва Юсуф Рабиев ҳоло дар ҳайати “Хуҷанд”-и Хуҷанд, Фарҳод Тоҳиров дар ҳайати “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров тамрин мекунанд. Алишер Тӯйчиевро бошгоҳҳои “Парвоз” ва “Ӯротеппа”-и Истаравшан даъват кардаанд.

Дар ҳайати мураббиёни даста низ баъзе тағйирот ба амал омадааст. Мубин Эргашев, мураббии калони дастаи «Истиқлол», чанд рӯз пеш сармураббии бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Ба даста мутахассиси 35-солаи сербиягӣ Никола Лазаревич ба ҳайси мураббии тарбияи бадан ба кор шурӯъ кард.

Дастаи “Истиқлол” рӯзи 16-уми феврал дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол боз як бозии санҷишӣ анҷом дод. Ин дафъа рақиби “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд” буд. Бозӣ хеле пуршиддат сурат гирифт, вале бидуни гол ва бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар нахустин бозии санҷишӣ “Истиқлол” бар дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 5:1 ғолиб омада буд. Бозии севуми санҷиширо “Истиқлол” рӯзи 19-уми феврал бо ҳайати дувуми тими “Актобе”-и Қазоқистон анҷом медиҳад.

Дарвоқеъ, дар доираи омодагии дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нави футбол боз як бозии санҷишӣ миёни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Гвардия»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Навбаҳор»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

Бозӣ бо ғалабаи «Энергетик» бо ҳисоби 2:0 ба охир расид. Голҳоро Сафархон Мирзоев (дақиқаи 50-ум) ва Апия Силла (61), легионер аз Гвинея, ба ҳадаф расонданд. Воқеан, ин легионери африқоӣ, ки чанд муддат дар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буд, аз озмуни ин бошгоҳ нагузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG