Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни нави адвокатура аз чанд зовия (ВИДЕО)


Фемида - рамзи адолати додгоҳӣ

Фемида - рамзи адолати додгоҳӣ

Тарҳи нави қонуни адвокатура, ки аз сӯи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд, ба назари вакилони мудофеъ, мустақилияти онҳоро зери суол қарор медиҳад. Мақомот мегӯянд, ин қонун баракс обрӯи адвокатҳоро боло хоҳад бурд.

Нафаре, ки аз имтиҳони комиссиюни махсус дар вазорати адлия намегузарад, узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон шуда наметавонад ва агар дар ҳар 5 сол як маротиба аз бозомӯзӣ нагузарад, ҳаққи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонро нахоҳад дошт. Онҳое ки таҷрибаи беш аз 10-солаи кори адвокатиро доранд, аз масъулияти супурдани имтиҳони тахассусӣ озоданд, аммо гирифтани иҷозаи комиссиюни вижа дар вазорати адлия барои идомаи фаъолият, тибқи қонуни ҷадиди фаъолияти адвокатӣ, барои ҳами вакилони мудофеъ ҳатмӣ аст.

Тарҳи пурбаҳси қонуни фаъолиятҳои адвокатӣ, ки аксар вакилони дифоъи тоҷикро аз зери суол рафтани мустақилияташон нигарон карда буд, рӯзи 7 январ баъди 7 моҳи баҳсу баррасиҳо дар порлумони Тоҷикистон қабул шуд. Муаллифони лоиҳа мегӯянд, дар ҷараёни баррасии ин қонун аз ҷониби вакилони дифои кишвар 170 эроду пешниҳоду ворид шуд, ки аксари онҳо дар таҳияи лоиҳаи қонуни нав ба инобат гирифта шудаанд.

Абдуманон Холиқзода

Абдуманон Холиқзода

Абдуманон Холиқзода, муовини аввали вазири адлияи кишвар, мегӯяд, ин қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз бебандуборӣ дар соҳаи дифои ҳуқуқӣ ва боло бурдани дониши ҳуқуқии адвокатҳо қабул шудааст. “Бисёр шаҳрвандон намедонанд, ки мо ҳаққи таъсиррасонӣ ба адвокатҳоро надорем, онҳо мустаъқиланд. Сокинон ба мо шикоят мекунанд, мегӯянд, адвокатҳо онҳоро фиреб кардаанд. Ҳатто корҳои ҷиноятӣ ва қаллобӣ буданд, ва ҳамаи ҳамин моро водор кард, ки ёрии ҳуқуқии босифатро ба роҳ монем. Бино бар ин қонун муайян кард, ки ҳар 5 сол як бор адвокатҳо бояд аз такмили ихтисос гузаранд. Ин қонун баръакс обрӯи адвокатро баланд мебардорад, ” – гуфт ҷаноби Холиқзода.

Ӯ мегӯяд, ҳоло адвокатҳои кишвар парокандаанд ва иҷозаи фаъолиятро аз ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла аз коллегияҳо дарёфт мекунанд. Бино бар ин, мегӯяд ӯ, зарурати зери як чатр овардани адвокатҳо дар миён буд. Аммо дар робита ба таъсиси комиссияи ихтисосӣ дар назди вазорати адлия, ки боиси сар задани баҳсҳо миёни муаллифони лоиҳа ва адвокатҳои кишвару норозигии бархе аз созмонҳои байналмиллалӣ шуда буд, Холиқзода мегӯяд, ин муввақатӣ аст ва оянда ин комиссиун ҳам ба ихтиёри худи адвокатҳо гузошта мешавад.

Аммо азбаски дар ин маврид ягон мӯҳлати муайяне зикр нашудааст, масъулини коллегияҳои адвокатӣ берун шудани комиссиюнро аз зери назари як ниҳоди давлатӣ баъид медонанд.

Раҳбарони аксар коллегиҳои адвокатии Тоҷикистон ислоҳоти ин қонунро як навъ дахолат ба кори ҳимоятгарон ва мухолиф ба меъёрҳои ҷаҳонӣ медонанд.

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров, раҳбари коллегияи адвокатҳои “Сипар” мегӯяд, вобаста будани Иттифоқи адвокатҳо аз давлат метавонад ба истиқлолият ва дахлнопазирии онҳо таъсир кунад: ”Иттиҳоди адвокатҳо вобаста аз ҳукумати иҷроия мешавад аз ҷумла вазорати адлия, яъне агар вай хоҳад ин шахсро қабул мекунад, нахоҳад не. Созмонҳои байналмиллалӣ тавсия дода буданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ шавад, ки соҳибихтиёрии адвокатура аз даст наравад. Вақте адвокат мустаъқил аст вай метавонад бидуни тарс, бе ягон маҳдудият шахсро ҳимоя кунад ва кирдорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдорро нишон диҳад. Дар ин ҳолат аллакай зуҳуроти номатлуб пайдо шуданаш мумкин аст.”

Ин вакили мудофеъ дар робита ба ҷорӣ шудани имтиҳоноти ихтисосӣ барои адвокатҳо дар вазорати адлия мегӯяд, коллегияҳо ҳам ғолибан ба шахсоне иҷозаи фаъолият медоданд, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд. Гузашта аз ин, қурби дипломе, ки давлат ба як ҷавон медиҳад, аз ҳуҷҷати комиссиуни тахассусӣ ҳам бояд болотар бошад.

Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, вакили порлумон ва яке аз муаллифони лоиҳаи нави қонун мегӯяд, бар пояи ин қонун давлат кафил аст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро таъмин кунад ва бинобар ин ба ҳимоягарони ҳирфаӣ зарурат дорад. Ӯ афзуд: ”Албатта, имтиҳон супурдан на ба ҳама маъқул аст, аммо ин ҳуқуқи конститусионии шаҳрвандон аст. Дар моддаи 92 Сарқонун пешбинӣ шудааст, ки ёрии ҳуқуқӣ дар ҳама давраҳои тафтишоту суд кафолат дода мешавад. Ва ин ёрӣ набояд дар шакли формалӣ расонида шавда, балки бояд ёрии ҳуқуқии босифат бошад. Ёрии ҳуқуқии босифатро касе ба мардум мерасонад, ки худ дараҷаи муайяни тахассусро доро бошад.”

Агар қонун воқеъан ҳам барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон таҳия шуда бошад, адвокатҳо аз он пуштибонӣ мекунанд,- мегӯяд Ғулом Бобоев, раҳбари коллегияи адвокатҳои вилояти Хатлон ва меафзояд, ки бархе аз бандҳои қонун зиндагӣ ва кори адвокатҳоро мушкилу маҳдудтар мекунад.

Ғулом Бобоев

Ғулом Бобоев

Ӯ иддаои масъулини адлияро, ки мегӯянд, адвокатҳо фаъолияти ғайриқонунӣ пеш мебаранд ва шаҳрвандонро фиреб медиҳанд, қабул надорад: “Вақте вакилони дифоъро гунаҳгор мекунанд бояд далел дошта бошанд. Масалан дар коллегияи мо беш аз 115 вакил фаъолият дорад ва дар муддати 60 соли фаъолият танҳо як шикоят аз болои як адвокат доштем, он ҳам шифоҳӣ буд ва мо ӯро зуд аз кор озод кардем. Мо зид нестем, ки тобеи давлат бошем, вале агар чунин мехоҳанд, бигзор маош муайян кунанд барои вакилони дифоъ. Ҳоло даромади як адвокат дар як моҳ каме бештар аз 100 доллар аст, онҳо хароҷотро аз ҳисоби ганорари худ мепӯшонанд. Бо ин маблағ онҳо зиндагӣ пеш баранд ё аъзоҳақии раёсатро супоранд, чӣ кор кунанд?”

Вакилони дифоъ мегӯянд, лоиҳаи қонун “Дар бораи фаъолиятҳои адвокатӣ” бо пешниҳоди вакилон ва бо арзиши 300 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи коршиносони созмони ҷаҳонии адвокатҳо ташхис шуд ва онҳо шеваи тобеъияти вакилон ба вазорати адлияро номумкин хонаданд. Аммо муаллифони лоиҳаи нави қонун мегӯянд, онҳо пеш аз қабули қонун бо гурӯҳҳои адвокатҳои кишвар сӯҳбат карданд ва ризоияти созмонҳои байналмилалиро низ ба даст оварданд.

Масъулини вазорати адлияи кишвар мегӯянд, вакилони дифоъ метавонанд то 1 соли дигар бо иҷозатномаи гилдияи адвокатҳо кор кунанд, вале баъди як сол бояд дар вазорати адлия имтиҳон супоранд ва литсензияи фаъолият дарёфт кунанд. Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 8 коллегияи адвокатҳо ва беш аз ду ҳазор адвокат фаъолият мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG