Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор ба мақомот: Ба соҳибкор нарасед!


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Узбакистон бо ислоҳи қонуни соҳибкорӣ дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти соҳибкоронро манъ кардаанд. Аммо соҳибкорон ба амалӣ шудани ин қонун зиёд хушбин нестанд.

Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 29 декабр дар Узбакистон ба қонун “Дар бораи кафолатҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ” ворид карда шуд, дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ шудааст. Дар ин бора нашрияи интернетии “Норма” хабар додааст.

Аз ин ба баъд ба мақомоти давлатии Узбакистон, бо шумули мақомоти интизомӣ ва дигар идораҳову мансабдорони давлатӣ судури қарорҳо ва додани амру фармонҳо ба соҳибкорон дар мавриди анҷоми мумомилаҳои тиҷоратӣ, тақсими фоида, интихоб ё таъини мақомҳои раҳбарии ширкатҳои хусусӣ ва дигар масоиле, ки ба салоҳияти худи субъектҳои соҳибкорӣ тааллуқ мегиранд, манъ мешавад. Мақомоти давлатӣ ҳамин тавр, аз ҳаққи ба ҷавобгарӣ кашондани соҳибкорон барои қарорҳое, ки ба ширкатҳои онҳо зарар овардааст, маҳрум мешаванд.

Як соҳибкори сокини шаҳри Андиҷон дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ аз инки дасти мақомоти давлатиро аз дахолат дар умури соҳибкорӣ кӯтоҳ мекунанд, изҳори хушҳолӣ кард. Ӯ гуфт: “Ин хеле хуб аст. Барои мисол, ман дар ноҳияи Исбаскан ангишт мефурӯшам. Ангиштро мо аз Ангрен бо нархи биржа мехарем. Аммо ҳокими ноҳияи ба мо иҷозат намедиҳад, ки килои ангиштро бо нархи болотар аз 350 сӯм бифурӯшем. Вале агар мо аз 500 сӯм арзонтар фурӯшем, фоидае ба даст намеорем.”

Аммо ин соҳибкор ба инки қонуни нав битавонад дахолати мақомоти давлатӣ дар умури бизнеси хусусиро комилан аз байн бубарад, бовар надорад. Ӯ мегӯяд, “қаблан ҳам дар Узбакистон қонунҳое қабул шуда буд, ки мансабдоронро аз дахолат дар умури соҳибкорӣ манъ мекард, вале онҳо ҳамчунон ба кори мо дахолат мекарданд.”

Соҳибкори дигар аз шаҳри Навоӣ мегӯяд, агар соҳибкорони маҳаллӣ аз иҷрои амру фармонҳои шифоҳии ҳокимон даст бикашанд, дар роҳи тиҷорати онҳо “як олам мушкил” эҷод хоҳад шуд: “Беҳтар мешуд, агар нуқтаҳои қонун рӯшанбар баён мешуд. Барои мисол, менавиштанд, ки дахолати мустақими ҳокимон, додситонҳо ва сардорони шӯъбаҳои милиса ба кори соҳибкорон манъ карда шавад. Чунки барои баргузории маъракаҳову мусоҳибқаҳои гуногун пайваста аз соҳибкорон пул ғундоштани онҳо ба дил задааст. Вале агар ту гапи ҳокимро нагирӣ, ӯ ҳатман роҳе пайдо мекунад, то туро ҷазо бидиҳад.”

Дар Узбакистон мақомоти давлатӣ пайваста соҳибкорони маҳаллиро барои таъмини молии маъракаҳои мухталиф маҷбур мекунанд. Ин пулғундориҳои ғайриқонунӣ бар иловаи “ҳаққ”-ест, ки ҳар соҳибкор ба хотири халал науфтодан дар тиҷораташ маҷбур аст ҳар моҳ ба ягон мансабдори маҳаллӣ бисупорад ва дар иваз тиҷорати худро тазмин кунад.

Дар моҳи ноябри соли гузашта як соҳибкор аз Самарқанд ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки ҳокими шаҳр бар иловаи “андоз”-ҳои дигари ғайриқонунӣ, ки аз соҳибкорон ҷамъ мекунанд, ҳамчунин талаб кардааст, ки онҳо боз “андози роҳ” бисупоранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳокими Самарқанд барои тармими роҳҳо аз соҳиби ҳар мағоза дар ин шаҳр аз 600 то 1500 доллар пули нақд талаб кардааст. “Ҳоким гуфт, ки агар ин пулро насупорем, дӯконҳои моро мебандад,” – гуфт ин соҳибкор дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ.

Дахолати мақомоти давлатӣ дар умури соҳибкорӣ як мониаи умда дар роҳи рушди тиҷорати хусусӣ дар Тоҷикистон низ ном бурда мешавад. Дар ин кишвар низ мансабдорони маҳаллӣ бо баҳонаи баргузории маъракаву ҷашнҳо аз соҳибкорон маблағҳои бузург талаб мекунанд.

Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон мавридҳои фаровони дахолати мақомот дар масъалаи нархгузорӣ ба маҳсулоти ширкатҳои хусусӣ низ мушоҳида мешавад. Дар чандин минтақаи ин кишвар, барои мисол, орду гӯштро соҳибкорон маҷбуран бо нархе бифурӯшанд, ки мақомоти маҳаллӣ барояшон муқаррар мекунанд. Соҳибкорон мегӯянд, мақомот мехоҳанд ризоияти маҳаллиро аз ҳисоби онҳо ба даст биоранд ва парвое надоранд, ки оё ин маҳсулот барои соҳибкор ба чӣ қимате тамом шудааст ва аз нархи таъйинкардаи мақомот соҳибкор чӣ қадар зарар мекунад?

Ҳамчунин дар ин кишвар соҳибкорон аз теъдоди беш аз ҳадди ниҳодҳои назоратӣ, ки ҳар кадом ҳаққи дахолат дар фаъолияти онҳоро дорад, шикоят мекунанд. Шумори чунин ниҳодҳои назораткунанда дар Тоҷикистон беш аз 20 шумурда шудааст.

IFC (International Financial Corporation), як ниҳоди узви гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, моҳи июн дар як гузоришаш гуфт, ҳуқуқи аксарияти соҳибкорон ва моликони корхонаҳо аз сӯи ниҳодҳои назораткунандаи Тоҷикистон муроот намешавад ва ин ниҳодҳо дар асл ба як мониаи бузурге табдил ёфтаанд, ки миёни тиҷорати хусусиро мешикананд.

XS
SM
MD
LG