Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати пирӣ куҷо шуд?


Тӯли миёнаи умр дар Тоҷикистон ба 72 сол расид ва бо ин шумораи онҳое, ки пир ҳисоб мешуданд, ба маротиб коҳиш ёфт.

Агар панҷ сол пеш ин 9 дарсади аҳолии Тоҷикистон пир шумурда мешуд, ҳоло танҳо 5,4 дарсади онҳоро метавон расман солхӯрда номид.

Ин изҳорот дар як ҳамоиши таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои рушди хадамоти геронтологӣ дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе садо дод.

Саодат Камолова, мудири Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ рӯзи 13-уми сентябр дар ин ҳамоиш гуфт, ҳарчанд пиршавии аҳолӣ ҳоло барои ҷомеаи Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ ба шумор намеояд, вале зиндагии ин қишри аҳолӣ нигаронкунанда аст. Мушкили ин гурӯҳи одамон, ба гуфтаи хонум Камолова, аз танҳоӣ сар шуда, то дастрасӣ ба дармону хидматрасониҳои тиббӣ мепечад. Аз суи дигар ба чунин афрод дар корхонаву муассисаҳо ҳамчун солмандон ва ё афроди нотавон бархӯрд мекунанд, ки ба равони онҳо латма ворид мекунад. «Баъд аз он ки синусоли инсон ба ҷойе расид тамом, ба ӯ мегӯянд, ки ба шумо ҷавоб ва ҷойро ба ҷавонҳо диҳед. Таҳқиқоте ки мо анҷом додем, ҳудуди 51 дарсад аз пурсидашудаҳо гуфтанд, ки худро пас аз баромадан ба нафақа, ба қавле «нафарони нодаркор барои ҷомеа» ҳисоб карда эҳсоси танҳоӣ мекунанд».

Хонум Камолова мегӯяд, афроди солманд баробари ба нафақа баромадан дар инзивои иҷтимоӣ қарор мегиранд, ҷои рафтан надоранд, ба кор намераванд, атрофиён ва дӯстони худро аз даст медиҳанд, гузашта аз ин, гӯё бори дӯши хонавода мешаванд. Камолова мегӯяд, «Нафақаи онҳо чандон зиёд нест, нархи бозорҳо гарон ва кофӣ нест. Мушкилиҳо зиёд аст. Барои пиронсолон ягон чойхонае нест, ки онҳо раванду вақти худро гузаронанд. Ин яке аз сабабҳои зудтар пир шудану хаста шудани сокинони бознишаста аст».

Дар ҳоле, ки Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон 5,4 дарсад коҳиш ёфтани пиршавӣ дар кишварро аз муваффақиятҳои чашмгири ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ мекунад, аммо аксаран дар заминаи мушоҳидаҳои худ мегӯянд, ки инсонҳо дар Тоҷикистон аз синну соли худ бузургтар ба назар меоянд.

Аҳлиддин Салимов, ҷавони 26-солаи тоҷик мегӯяд, хуб набудани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, яъсу ноумедӣ ҷавононро барвақт пир мекунад. «Бисёр симоҳо ба сину солашон мувофиқ нестанд. Ҳастанд нафароне ки 25 - 30 солаанд аммо ба як нигоҳ мебини ки ба 40 солаҳо монанди доранд.»- мегӯяд Аҳлиддин.

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба гуфтаҳои ҳамсӯҳбати мо розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ҷавонони замони ҳозира аз наслҳои шӯравӣ тафовут доранд ва дастрасии онҳо ба хостаҳояшон бештар аст.

Азамҷон Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки дар баробари дастовардҳои чашмрас дар мавриди коҳишёбии пиршавӣ дар Тоҷикистон, бемориҳое ҳастанд, ки шахсро дар ҳама синусол хаставу руҳафтода мекунанд ва инсонро ба пирӣ мерасонанд. «Баъзе нафароне ҳастанд, ки аз як то чор намуди касалиҳо доранд. Ин метавонад боиси пиршавӣ гардад. Ҳарчанд ҳама медонанад, ки дастрасӣ ба табобат дар кишвар ройгон нест, аммо ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад кӯдакони то синни яксола ва пиронсолонро бо табобати ройгон таъмин кунад».
XS
SM
MD
LG