Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби 2-юми январ кормандони фурудгоҳи Додмодедовои Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сафар бо ҳавопаймои парвози Маскав-Душанбе баргардониданд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, шаби гузашта мақомоти масъули фурудгоҳи Домодедово ба консулгарии Тоҷикистон дар Маскав занг задаанд ва дар бораи мушкили се нафар шаҳрвандони кишвар хабар додаанд, ки дар санадҳояшон мушкил доштаанд. Дар сӯҳбати телефонӣ маълум шудааст, ки ин се нафар шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистонро надоштаанд ва хостаанд бо шиносномаҳои дохилии Русия ба ватани аҷдодии худ баргарданд, чун шаҳрвандии Русияро низ доштаанд. Аммо бар асоси муқаррароти нав, ононе, ки душаҳрвандӣ доранд, наметавонанд бо шиносномаи дохилии Русия низ ба хориҷа сафар кунанд.

Мақомоти фурудгоҳ ба ду нафар иҷоза додаанд, ки бо шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон сафари худро идома диҳанд. Вале мӯҳлати шиносномаи дохилии шахси севвум гузашта буд ва вай танҳо баъд аз гирифтани ҳуҷҷатҳои сафар аз консулгарии Тоҷикистон бо парвози оянда роҳашро ба Тоҷикистон идома додааст. Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, “тоҷиконе, ки дар асоси қарордоди душаҳрвандии Тоҷикистону Русия шаҳрвандии Русияро низ доранд, бо вуруди Соли Нави милодӣ дигар наметавонанд ҳангоми сафар ба кишварҳои хориҷӣ, ҳатто ба ватани аҷдодии худ ба Тоҷикистон бо шиносномаҳои дохилии русии худ сафар кунанд.”

Ин муқаррарот на танҳо ба тоҷиконе, ки душаҳрвандӣ доранд, балки ба худи шаҳрвандони Русия низ иртибот дорад. Аз аввали сол ба баъд акнун тоҷикистониёни душаҳрванд барои сафар ба Тоҷикистон бояд ё шиносномаи хориҷии Русия ва ё шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дошта бошанд.

Ҳамин гуна, шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия бояд шиносномаи хориҷӣ бигиранд. Ононе, ки пеш аз соли 2015 бо шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон вориди Русия шудаанд ва бо патент дар ин кишвар кор мекунанд, метавонанд дар соли 2015 низ то хатми мӯҳлати патенти худ иқомат ва кори худро дар Русия идома диҳанд.

Вале онҳо дигар наметавонанд бо шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон мӯҳлати патенти худро тамдид кунанд ва маҷбуранд барои гирифтани шиносномаи нави хориҷӣ ба Тоҷикистон баргарданд. Оқои Эгамзод мегӯяд, ҳоло дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон бештар аз 100 нуқтаи шиносномадиҳӣ фаъолият мекунад.

Дар остонаи Соли Нави милодӣ вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвари худ эъломияе пахш кард, ки онҳо бидуни шиносномаи хориҷӣ дигар ба Русия сафар накунанд. Бо назардошти ин , ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон ба муштариён танҳо бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон билет мефурӯшанд. Ононе, ки душаҳрвандӣ доранд, яъне шаҳрванди Русия низ ҳастанд, ҳақ доранд, бо шиносномаи Русия низ дар билетфурӯшиҳои Тоҷикистон барои парвоз ба Руси билет бигиранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ҳоло 30 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия соҳиби шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистон шудаанд. Вале шумораи тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, ба бештар аз 200 ҳазор нафар мерасад. Агар онҳо шиносномаи хориҷии Тоҷикистонро надошта бошанд, бояд барои сафар ба Тоҷикистон шиносномаи хориҷии Русия бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG