Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави мардон бо туфлиҳои занона


Яке аз иштирокдорон, ки дар нимароҳ бозмонд
Яке аз иштирокдорон, ки дар нимароҳ бозмонд

Дар доираи барномаи «16 рӯзи алайҳи хушунати занон», дар шаҳри Душанбе дави мардон бо кафшҳои пошнабаланди занона баргузор гардид.

Субҳон Ҷалилов, корманди Радиои Ватан рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар доираи «барномаи 16 рузи алайҳи хушунати занон», мардони сину соли гуногун дар пои худ туфлии занона пӯшида, ба масофаи 30 метр давиданд.

Дави мардҳо бо туфлии занона имрӯз, 6-уми декабр, соати 16 ба вақти Душанбе дар ошёнаи ҳаштуми бинои нашриёти "Шарқи Озод" сурат гирифт.

Ин барнома бо пуштибонии UNICEF, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маркази фарҳангии "Бохтар" ва Радиои Ватан рӯи даст гирифта шудааст ва шарти аслӣ ҳам, давидани мардҳо бо кафши занона аст. Давидани мардон бо кафши занона ба маъноест, ки мардҳо худро ба истилоҳ “дар пусти” занҳо эҳсос кунанд ва мушкилоти занҳоро дарк намоянд.

Дар ростои Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон, бархе аз созмонҳои дифои ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон иброз медоранд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо нобаробарии ҷинсӣ ва хушунат алайҳи зан, ҷалби бевоситаи мардон, ба ҳалли ин мушкил аст.

Дави мардон бо туфлиҳои занона дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00


Нахустин қадами созмонҳо дар ин самт интихоби сафири сулҳ дар умури зидди хушунат аз ҳисоби мардон буд. Ҳамакнун Мирсаид Яҳёев, раҳбари федератсияи
милии таеквандо ва кик- боксинки Тоҷикистон ба унвони пешво дар рафъи хушунат алайҳи занон талоши худро ба харҷ хоҳад дод. Ҷаноби Яҳёев мегӯяд, ӯ дар таҷрибаи корияш дар соҳаи варзиш маҳдудияту хушунат нисбати занону духтаронро рӯшан эҳсос мекунад ва кори худро ҳам дар ин симмат қабл аз ҳама аз ҷалби духтарон ба варзиш ва талоши тағйир додани қолабҳои кӯҳна дар ин маврид шурӯъ кардааст.

Хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир бештар ба мушоҳида расид. Ниҳодҳои давлатӣ, ки дар солҳои пеш нисбати ин мавзӯъ камтар гузориш медоданд, ҳамакнун ошкоро ба вуҷуди зушунат алайҳи занон таъкид мекунанд. Ба иттилои масъулони Кумитаи занони Тоҷикистон, муроҷиати занон ба ин ниҳод бо шикоят аз хушунати хонаводагӣ зиёд шудааст ва ин афзоиш боло рафтани сатҳи огоҳии ҳуқуқии занон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG