Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Падаршоҳӣ”, сари бурида ва ояндаи номаълуми занҳо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қазияи зидунақизи таҷовуз ба номуси зане дар Туркия бори дигар ин воқеъиятро ошкор кард, ки дар ҷомеъаи “падаршоҳӣ” дар ҳар маврид занҳоро гунаҳкор медонанд.

Дуртар аз шаҳрҳои бузург, зиндагии иҷтимоӣ дар Туркия асосан дар қаҳвахонаҳо мегузарад ва дар онҳо мардҳо вақтгузаронӣ мекунанд. Ин ҳафта муштариҳои як қаҳвахона, дар соҳили баҳри Миёназамин шоҳиди воқеае шуданд, ки аз шунидани он ба бадан рашъа медамад. Зане, ки бо халтаи хунолуд ба сӯи қаҳвахона меомад, сари буридаеро ба пеши пойи муштариён афканд ва бо садои баланд гуфт, ”Ман номуси худро ҳифз кардам. Дигар пушти сари ман ҳарф назанед!”

Ин зани 26-сола модари ду фарзанд Невин Йилдирим буд. Дар ҳоле ки ҳамсари ӯ барои корҳои мавсимӣ ба шаҳри дигар сафар карда буд, марди 35-солае бо исми Нертин Гидер, ки ӯ ҳам ду фарзанд дошт, чанд маротиба ба номуси Невин Йилирим таҷовуз карда, акси тани урёнашро гирифт ва ӯро мавриди “шантаж” қарор дод. Марди таҷовузкор бо ифтихор аз “қаҳрамонӣ”- и худ ба ҳамқадаҳҳояш қисса мекард ва бисёр бошандагони деҳкада медонистанд, ки аз сари ин зан чӣ мегузарад. Аммо касе дахолат намекард.

Невин Йилдирим ситамгари худро қатл кард, сари ӯро бурид ва худро ба пулис таслим намуд. Ӯ гуфт, ки маргро аз таваллуди бачае, ки дар батн дорад, авлотар медонад. Духтари ҳафтсолаи Невин Йилдирим имсол ба мактаб меравад ва модар гуфтааст, намехост касе фарзандони ӯро “бачаҳои фоҳиша” ном бубарад. Баръакс гуфтааст ӯ, “Ҳоло мардум хоҳанд гуфт, инҳо бачаҳои зане ҳастанд, ки шарафи худро ҳифз кардааст.”

Қазияи Невин Йилдирим шӯреро дар матбуот ва созмонҳои занон барпо кард ва даъватҳое матраҳ шуданд, ки ба ӯ иҷозат бидиҳанд суқути ҷанин ё аборт кунад. Аммо бинобар 29 ҳафта будани мӯҳлати ҳомилагӣ, додгоҳ суқути ҷанинро рад кард.

Қарори додгоҳ баҳсҳои дигареро дар бораи паёмадҳои амиқи маънавӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ин гуна тасмимҳо ба миён овард. Қонунҳои Туркия суқути ҷанинро мамнӯъ ва амалиёти буридани бачадонро маҳдуд кардаанд. Вазири беҳдошти ин кишвар Раҷаб Оқдоғ гуфтааст, давлат бачаҳоеро, ки дар пайи таҷовуз ва ё хушунат ба дунё меоянд, нигоҳубин хоҳад кард.

Воқеъият ин аст, ки баҳсҳои ахир дар масъалаи ҳуқуқи таваллуд тамъи талхероо дар коми занҳои Туркия боқӣ гузошт. Ба таври ногаҳонӣ матраҳ шудани масъала ва набуди гуногунандешӣ дар баррасии он, занҳои Туркияро нороҳат ва ба оянда нигарон кардааст. Занҳои Туркия дар муқоиса бо хоҳарони худ дар давлатҳои дигари ҷаҳони Ислом, ҳуқуқҳои густарда доранд. Аммо ҳоло дарк мекунанд, ки ин ҳақу ҳуқуқро рӯзе метавонанд аз онҳо бигиранд.

Қурбониёни хушунати ҷинсӣ ва ё хонаводагӣ дар Туркия барои дарёфти кӯмак танҳо ба ду-се дар метавонанад ангушт бизананд. Танҳо чанд сарпаноҳ дар муқобили ҷомеае, ки бисёр вақт занҳои ҷабрдидаро маҳкум мекунад, на ситамгарони онҳоро. Ҳамасола занҳо ба хотири ҳифзи шарафу номус даст ба худкушӣ мезананд. Аммо дар ҷомеъае, ки бунёди падаршоҳӣ дорад, сиёсатмадорони маҳаллӣ ва марказӣ даъватҳоро барои ҳалли мушкили ҳассоси занҳо нодида мегиранд.

Нашрияи Гардиан менависад, бачаи Йилдирим бояд бо сари баланд дар ҷомеа бузург шавад ва дар он радди маърака набошад, аммо Туркия аз ин гуна ҷомеа дур аст. Ин кишварест, ки дар он мардҳо бар занҳо бартарӣ доранд ва мафҳуми номус реша дар жарфное дорад, ки баҳои риояти онро асосан занҳо ва баъдан бачаҳои онҳо пардохт мекунанд.
XS
SM
MD
LG