Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳароси вакилони мудофеъ аз маҳдуд шудани озодиҳояшон


Дар ҳоле ки вакилони мудофеъ мегӯянд, қонуни нави адвокатура озодии онҳоро маҳдуд мекунад, мақомот мегӯянд, ҳадаф на кашидани лаҷоми адвокатҳо, балки боло бурдани сатҳи тахассусии онҳост.

Бисёре аз вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон аз имзо шудани қонуни нав "Дар бораи фаъолияти адвокатӣ" аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон изҳори ташвиш доранд. Онҳо иддао мекунанд, қонуни нав фаъолияташонро маҳдуд карда, мустақилияташонро низ зери суол хоҳад гузошт.

Ин қонун баъд аз нашраш дар рӯзномаҳои расмӣ ба ҳукми иҷро медарояд.

Файзиннисо Воҳидова, адвокати собиқадори тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, банди 13-уми ин қонун вакилони мудофеъро муваззаф мекунад, то аз имтиҳони махсуси вазорати адлия гузашта, сипас, иҷозатномаи фаъолиятро ба даст оранд. Ӯ афзуд, дар ҳоле ки сарнавишти будан ё набудани вакилон ба дасти вазорати адлия меуфтад, бисёре аз адовакатҳо мутеи давлат мешаванд ва ё он вакилоне, ки дар парвандаҳои пурсарусадо аз шахсони мухолифи давлат ҳимоят мекунанд, аз дарёфти иҷозатнома маҳрум мегарданд.

“Муовифиқи ин қонун адвокатҳо бояд дар назди комиссияи тахассусӣ имтиҳон супоранд. Аммо роҳбари ин комиссия яке аз мувинони вазири адлия хоҳад буд,”-шарҳ дод Файзннисо Воҳидова.

Ин вакили мудофеъ илова кард, “вақте се сол пеш раисиҷумҳур дар паёми хеш қабули қонуни нави адвокатураро талаб намуда буд, ҷомеаи адвокатҳои тоҷик ин даъватро хеле хуб пазируфтанд ва умед доштанд қонуни нав мақому мартаби онҳоро боз ҳам тақвия мебахшад”. Аммо ҳамсуҳбати мо афзуд, зимни таҳияи қонуни нав назари вакилони дифоъ ба инобат гирифта нашуда, парлумон ҳам пешнависи қонуни онҳоро қабул накардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати адлия аз таҳиякунандагони аслии ин қонун, мегӯянд, ҷорӣ кардани таҷрибаи имтиҳонсупории вакилон танҳо барои баланд бардоштни савияи тахассусии онҳост ва ин тадбир аз вакили дифоъ шудани афроди тасодуфӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Абдуманнон Холиқзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ба далели серкорӣ дар ҷашни Наврӯз аз суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита худдорӣ варзид. Аммо ӯ қаблан дар як суҳбат бо мо дар ин робита гуфта буд: “Комиссияи тахассусӣ танҳо аз намояндагони давлатӣ иборат нест. Дар он ҷо панҷ нафар намояндагони худи авдокатҳо низ ҳаст. Ба ғайр аз ин, дар ин комиссия як нафар олими соҳаи ҳуқуқ ва намояндаи шӯрои адлия ва аз вазорат танҳо ду нафар ширкат мекунанд.”

Баҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба қонуни нав дар мавриди фаъолияти адвокатҳо низ дугуна аст.

Нигина Баҳриева, роҳбари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қонуни нав барои адовкатҳо ҳам паҳлӯи мусбат ҳам манфӣ дорад: “Дар ҳоли ҳозир адвокатура як системаи пароканда аст. Таҳиягарон дар ин қонун тавсияи созмонҳои байналмилалиро дар мавриди ташкили созмони ягонаи адвокатҳо ва аъзогии ҳатмии ҳамаи адвокатҳо дар он ба инобат гирифтанд. Аммо ин ки комиссияи тахассусӣ дар назди вазорати адлия аст ва раиси он намояндаи ин вазорат аст, ҷанбаи манфии ин қонун аст. Ин банди қонун дахолати бевоситаи давлат ба фаъоляити адвокатӣ аст.”

Хонум Баҳриева афзуд, ин банди қонун ин хатарро дар пай дорад, вакилони дифое, ки аз мухолифон ва фаъолони сиёсӣ ҳимоят мекарданд, аз ҳаққи вакилӣ маҳрум шаванд. Аммо вай афзуд, маҳз тавассути ҳамин гуна қоидаҳо дар Узбакистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ низоми адвокатураи мустақил “нобуд карда шуд”.

Қонуни Тоҷикистон дар бораи фаъолияти адвокатӣ бори нахуст соли 1995 қабул шуда буд ва то ба имрӯз амал мекард. Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 8 коллегияи адвокатҳо ва беш аз ду ҳазор вакили мудофеъ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG