Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Айфонҳои "обногузар" вориди бозор мешаванд (Видео)


Ширкати бузурги Аппл дар як маросиме дар шаҳри Сан-Франсискои Амрико навъи нави Айфони 7 ва Айфон 7 плюс ва соати нави Апплро муаарифӣ кард. Шакли Айфони 7 андаке дигар аст ва тугмаи асосии он вобаста ба фишори ангушти соҳибаш дастури ӯро иҷро мекунад.

Абзори нави Аппл чанг намегирад ва бо вуҷуди афтодан ба об кор мекунад. Камераҳои наворбардории 12 пикселии Айфони нав ҳам бисёр қавист ва бо он аксҳоеро метавон бардошт, ки хоси дастгоҳҳои аксбардории касбист. Айфони 7 плюс бузругтар аз Айфони 7 аст ва ба қавли як хабарнигори рус, ки дар бораи технологияҳои нав менависад, Айфони 7 плюс шояд барои мухлисони ашаддии Аппл сохта шудааст.

«Ба фикри ман, ин Айфон барои муштариёни вафодор аст, ки бояд айфони навтаринро дошта бошанд. Ва баъдан барои муштариёне, ки ба дизайн ва ё шакли Айфон таваҷҷӯҳ доранд. Айфони сиёҳи нав назар ба навъҳои кӯҳнааш ҷолибтар аст."–мегӯяд ӯ.

Ширкати Аппл мегӯяд, чипи наве, ки дар Айфони 7 гузоштаанд, суръати кори онро назар ба суръати айфонҳои пешина 240 маротиба зудтар мекунад. Айни замон батареяи Айфони 7 имкон медиҳад, кори он ду соат бештар идома ёбад. Вале навъҳои нави Айфон бо гӯшиҳои маъмулӣ кор намекунанд ва барои онҳо бояд Айрпод ва гӯшиҳои махсуси бесим харид.

Вақте ин гӯшиҳоро аз гӯш гирифтед, садо дар он худ ба худ қатъ мешавад. Ба гуфтаи ширкати Аппл, айрподҳоро метавон ба соатҳои навъи нави Айфон васл кард. Соатҳои нав зери об ҳам кор мекунанд. Хотираи айфонҳо аз 16 то 32 гигабайтро ташкил медиҳанд, вале ҳаҷмашон мисли айфонҳои 6 аст ва тағйир наёфтааст.

Фурӯши айфон ва соатҳои нави Аппл сар аз рӯзи 16-уми сентябр дар 25 кишвар аз ҷумла Амрикову Чин шурӯъ мешавад. Қимати Айфонҳо назар ба навъҳои пешинаи он зиёд нест ва арзонтарини он дар Амрико тақрибан 560 долларро ташкил медиҳад. Тавре дар мағозаи Айком дар Душанбе гуфтанд, айфонҳои нав то охири моҳи сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҳам ба фурӯш гузошта мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG