Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кул Ҳалимовро ба хиёнат ба давлат айбдор кард


Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ эълон кард, ки Гулмурод Ҳалимов дар ивази пул ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, аммо касеро аз ҳамсафони собиқаш бо худ набурдааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба “Давлати исломӣ” пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард. Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 3 июн бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ҳоло алайҳи полковники ОМОН бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (Иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) парванда боз шудааст.

Гуфта мешавад, ин парванда ҳанӯз 28 майи соли ҷорӣ боз шуда, худи ҳамон рӯз нисбат ба Гулмурод Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона низ татбиқ гардидааст.

Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон иттилои расонаҳоро дар бораи ташкили ситоди махсуси муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди баррасии чигуна ба “Давлати исломӣ” пайвастани Гулмурод Ҳалимовро беасос донистааст.

Баръакс, додситонӣ гуфтааст, ситоди муштарак аввали моҳи апрели соли ҷорӣ, яъне пеш аз хабари ба ДОИШ пайвастани полковники ОМОН аз ҳисоби кормандони додситонӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии анияти миллӣ таъсис ёфта буд. Ҳадфаи ин ситод “таҳти роҳбарии як ниход мутамарказ гардондани таҳқиқу тафтиши ҳолатҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо” будааст.

Дар иттилоияи расмии Додситонии кул гуфта мешавад, роҳбарии тафтиши парвандаи ҷиноии Гулмурод Ҳалимовро низ ҳамин Ситод бар ӯҳда дорад. Додситонии кулл дар ин иттилоия “тафтиши то ба имрӯз гузаронида”-ашро низ эълон карда ва гуфтааст, “Ҳалимов даст ба хиёнат ба давлат ва савганди афсари милитсияи тоҷик зада, аҳли оила ва фарзандони ноболиғи худро бесаробон гузошта, аз ҳиссиёти ғаразнок аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда, ба ташкилоти байналмиллалии террористии бо ном “Давлати исломӣ”, ки ягон умумият бо арзишҳои дини Ислом надорад ва ҷиноятҳои дахшатовари содиркардааш ба амнияти байналмилалӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид мекунанд, пайвастааст.”

Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар идома афзудааст, “Ҳалимов дар ивази маблағҳои ба ӯ пардохташуда ба сиёҳкунии Тоҷикистон машғул гашта, аз ҷониби фармоишгарони худ дар намоиши видеоии сохташуда, ки ба таърифкунии “Давлати исломӣ” ва сафедкунии ҷиноятҳои дахшатноки содиркардаи намояндагони он равона карда, ба воситаи Интернет пахн гардонида шудааст, ба сифати “актёр” истифода шуда истодааст.”

Дар охири ин иттилоияш Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи ин ки гӯё бархе аз ҳамхидматони Гулмурод Ҳалимов низ бо ӯ Тоҷикистонро тарк карда, ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, беасос хондааст. “Баръакс, тамоми собиқ ҳамкасбони Ҳалимов Г.С. кирдори нанговари ӯро қатъиян маҳкум намуданд,”-таъкид шудааст дар иттилоия.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, сардори Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ё худ ОМОН-и назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 23 апрели соли ҷорӣ бедарак шуда, шаби 27 май бо пахши як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз пайвастани худ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар дод. Ӯ дар наворе, ки 12 дақиқа ва 20 сония тӯл дорад, гуфт, аз рӯи ақида ва бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва ҳамчунин тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст ва бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон хоҳад баргашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG