Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири комилан дигари муҳоҷири тоҷик дар Маскав


фарзандони муҳоҷирони ӯзбак дар Санкт-Петербург дарси забон мегузаранд
фарзандони муҳоҷирони ӯзбак дар Санкт-Петербург дарси забон мегузаранд

Назархоҳии маркази “Среда” тасвири дигареро аз мардуми муҳоҷир, ҳадди аққал дар миқёси Маскав, ба намоиш медарорад.

Афкори шаклгирифта дар ду ҷониб маъмулан ду тасвири мутафовити муҳоҷирони хориҷӣ дар Русияро медод. Як тасаввури роиҷ дар зеҳни гурӯҳҳои қавмгаро ва гоҳо ҳатто дар забони мақомоти Русия ин аст, ки ин 10 миллион муҳоҷир ҳар кадом бо фарҳанг ва ахлоқи худ ба Русия рехта, корҳои “равғанӣ”-ро аз дасти мардуми бумӣ мегиранд, забони русиро намедонанд, қонунҳои Русияро эҳтиром намекунанд, андоз намедиҳанд, яъне бегона буданд, бегона мемонанд. Дар тарафи дигар ҳомиёни ҳаққи мардикоронро дорем ва ҳатто таронаҳои афзояндаи овозхонҳои тоҷикро, ки мардикори тоҷик дар Русияро бештар бо як чеҳраи ҳамеша тарсхӯрда, зиндагие беҳуқуқ ва пур аз маҳрумият ва таҳти таъқиби ҳамешагии ҳам пулис ва ҳам қавмгароҳои рус ба қалам медиҳанд.

Аммо назархоҳии маркази “Среда” тасвири дигареро аз мардуми муҳоҷир, ҳадди ақал дар миқёси Маскав ба намоиш мегузорад.



Аз дили муҳоҷир чӣ мегузарад?

Роман Лункин, раҳбари барномаи “Харитаи динҳо ва миллатҳо”-и ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, пажӯҳиши тобистони имсол бар пояи пурсиши назари 400 муҳоҷир дар навбатҳои Хадамоти муҳоҷират дар пойтахти Русия анҷомёфта то ҷое маълум кард, ки имрӯз аз дили қишри муҳоҷир чӣ мегузарад:

“Мо мехостем як тасвири комили муҳоҷири корӣ дар Маскавро бикашем. Хулоса ин шуд, ки худи ҷомиаи Русия ба онҳо имкони зиёди ҳамоиш намедиҳад. Вале ба сурати умум, як тасвири мусбати муҳоҷир ба даст омад ва маълум шуд, ки онҳо нисбат ба сокинони маҳаллӣ назари хайрхоҳона доранд. Албатта, то даме ки бо корфармоён ё бо мақомоти Русия мушкиле барояшон пеш наояд.”

Бар асоси назархоҳии маркази “Среда”, 90 дарсади муҳоҷироне, ки ба Маскав меоянд, то 34-солаанд ва 70 дарсади онҳо маълумоти миёнаи махсус доранд. Қасди 99 дарсад пулкоркунист ва маоши моҳонаи 74 дарсадаш - то 30 000 рубл, яъне камтар аз 1000 доллар. Танҳо чоряки муҳоҷирон ба Маскав бо хонаводаҳои худ меоянд ва ин аст, ки 75 дарсади онҳо гуфтаанд, бештар аз ҳама аз танҳоӣ азият мекашанд. 46 фоиз аз мақомоти муҳоҷирати Русия ва 24 дарсад аз мақомоти дигари ин кишвар, бо шумули пулис, шикоят доштаанд ва ҳамагӣ 10 дарсад - аз муносибати сокинони маҳаллӣ.



“Назарбаландӣ”- и сокинони “поквиҷдон”-и Маскав

Ва аммо дар ҳоле ки 41 дарсад нигоҳи сокинони Маскав нисбат ба муҳоҷиронро назарбаландона дарёфтаанд, беш аз 80 дарсади пурсидашудаҳо хислатҳои мусбате, чун босаводӣ, поквиҷдонӣ ва одоби хубро ба ин мардум нисбат додаанд. Нуктаи дигари ҷолиб фикри муҳоҷирон дар бораи худи онҳост ва аз 87 то 92 дарсад муҳоҷиронро поквиҷдон, мустақил ва меҳнатдӯст хондаанд.

Як бахши ин таҳқиқот марбути ҳамоиш, ё адаптатсияи муҳоҷирон дар кишвари мизбон аст. Танҳо нисфи пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки забони русиро медонанд, вале 45 дарсад, аз ҷумла 54 фоизи тоҷикҳо, гуфтаанд, ки мехоҳанд шаҳрванди Русия шаванд ва барои доим инҷо бимонанд. Ин рақам дар байни муҳоҷирони қирғиз – 42 фоиз ва дар миёни атбоъи Узбакистон ҳамагӣ 29 дарсад будааст.



Насле ки аз муҳоҷирон ба воя мерасад...

Ба ақидаи раҳбари маркази “Среда” Алина Багрина, муҳоҷирон дар Маскав ҳанӯз худро чандон озоду бароҳат ҳисс намекунанд, ки, барои мисол, ҳамтоёни онҳо дар Лондон. Вале ба бовари ӯ, фарзандони ин мардум дар як шароити пур аз маҳрумият ба воя расида, бо кордониву азми худ ба пешрафт ва обутобе, ки дар ин набарди “зиндамондан” ҳосил мекунанд, ҳатман ҷойгоҳи баландтареро дар ҷомиаи пойтахти Русия соҳиб хоҳанд шуд.

Роман Лункин, намояндаи маркази “Среда” дар ин замина мегӯяд: “Бидуни шакк, наслҳои дувуму севуми муҳоҷирон ба зинаҳои баландтари иҷтимоӣ даст хоҳад ёфт. Ин як раванди табиист. Бачаҳои ин муҳоҷирон шаҳрванди Русия ҳам хоҳанд шуд, вале гумон аст, ки ҷомиа онҳоро ҳатто баъди 10 сол ҳамчун як узви комилҳуқуқ бипазирад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки мо танҳо дар остонаи ҷомиаи чандфарҳангӣ қарор дорем ва шояд дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла дар Маскав, ҷамъиятҳои сарбастаи қавмӣ зуҳур кунанд, ки ҳар кадом бар пояи фарҳанг ва арзишҳои миллии худ зиндагӣ хоҳад кард.”

Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод, раҳбари маркази иттилоотии “Тоҷ-Инфо” дар Маскав дар тақвияти оқои Лункин гуфт, насли кунунии муҳоҷирон талош меварзад, то барои фарзандонашон дар инҷо шароити зиндагии беҳтар аз ончиро ки худи онҳо доранд, таҳия кунанд: “Аксари муҳоҷироне, ки фарзандонашонро овардаанд, дар бораи тифлони худ хеле бо меҳру ифтихор сӯҳбат мекунанд, ки писари ман дар таҳсил дар мактабаш пешсаф аст, ё дар варзиш. Кӯдаконе ки дар шароити вазнин ба воя мерасанд, нисбат ба бачаҳои “серу пур” азму ҳаракати бештар доранд. Онҳо медонанд, ки танҳо роҳи расиданашон ба як зиндагии беҳтар таҳсил аст, то ба як ҷойгоҳи баланд соҳиб шаванд.”

Шумори онҳое, ки барои адои намоз ба масҷид мераванд, бештар аз ҳама – 21 дарсад – низ дар байни тоҷикҳо будааст. Чунин мардуми диндор дар миёни узбакҳову қирғизҳо хеле камтар ва мутаносибан 8 ва 9 фоиз гуфта мешавад.



“Одамони хуб ба Маскав меоянд”

Ба бовари Алина Багрина, дар маҷмӯъ, “одамони хуб ба Маскав меоянд, одамоне, ки барои кор ва барои кумак ба наздикони худ омодаанд ва эътиқоди мазҳабиву арзишҳои суннатиашон чунон қавист, ки онҳоро аз “роҳи бад” манъ мекунад.”

Муҳаммади Эгамзод, раҳбари “Тоҷ-Инфо” ҳам мегӯяд, ба пойтахти Русия маъмулан муҳоҷирони, албатта, намешавад гуфт, беҳтарин, вале то андозае гулчиншуда меоянд: “Муҳоҷирати тоҷикон ба Русия як навъ ҷуғрофиёи худро дорад. Ба Сибир асосан мардуми водии Вахш мераванд. Дар Сургут бештар зодагони Мастчоҳ ҷамъ мешаванд. Новосибирск ва Шарқи Дур бештар макони мардикории зодагони шимол шудааст. Аммо ба Маскав аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ва бештар онҳое меоянд, ки ба худ боварӣ доранд. Бовар доранд, ки нони худро дар инҷо ба даст оварда метавонанд. Ва онҳо аз бисёр нигоҳ аз муҳоҷирони дигар фарқ мекунанд.”

“Хушбахтӣ”-и 88 дарсад

Бо ин ҳама, 88 дарсади муҳоҷирони пурсидашуда дар назархоҳии “Среда” худро хушбахт гуфтаанд. Хушбиние, ки хилофи боварҳои мавҷуда дар бораи азобу машаққати ҳамватанони мо дар ғурбат аст. Аммо ин хушбинӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

Музаффар Зарифов, раҳбари созмони “Муҳоҷират ва рушд” дар Душанбе, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар роҳи сафар ба Русия кумак мерасонад, мегӯяд: “Як мақоли русист, ки “моҳӣ оби чуқуртар меҷӯяду одам – ҷои беҳтар. Ин ҷавонони мо худро барои он хушбахт медонанд, ки дар ватан нестанд ва як муддат аз азоби рӯзгори инҷо дуртаранд. Газу барқ доранд, як сӯм-ним сӯм пул меёбанд. Мо дигар гуфта наметавонем, ки аксарияти кулли муҳоҷирони мо дар таҳхонаҳо хобанд. Шароити онҳо дигар ва хеле беҳтар шудааст дар ин солҳо.”

Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов афзуд, пажӯҳишҳое, чун назархоҳиии “Среда”, афкори шаклгирифтаи умдатан манфӣ нисбат ба муҳоҷиронро дар Русия тағйир медиҳад: “Ба ҳар ҳол, барои мо чунин натиҷагириҳо беҳтар аст аз он ҳама гунаҳкор кардани мо, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик нашъаҷаллобӣ мекунанду аз ин чизҳо.”



Тоҷик дар ҳамаҷо тоҷик аст

Зебо, ки 10 сол боз дар як мағозаи қаннодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург фурӯшанда аст ва ҳоло ду фарзанди баркамолаш низ мисли ӯ роҳи муҳоҷират дар Русияро пеш гирифтаанд, мегӯяд, портрети муҳоҷирони тоҷик дар манотиқи дигари Русия аз он тасвире ки дар Маскав аст, зиёд фарқ намекунад.



лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим


Қаблан хадамоти муҳоҷирати Маскав бар асоси пажӯҳише тасвири як мардикори миёнаи хориҷиро кашида буд, ки мегуфт, 36 дарсади ин мардум дар пойтахти Русия кори сохтмон ва чорякаш дар бозор ё нуқтаҳои тармими мошин кор мекунанд. Синни аз се ду ҳиссаи муҳоҷирони хориҷиро ин таҳқиқот зери 40 нишон медод.

Ва дар аввалҳои октябр дар Маскав таҳқиқоти Евгения Чернина муаррифӣ шуд, ки мегуфт, 40 дарсади муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сохтмон кор мекунанд, 11 фоиз дар тиҷорат ва бақия – дар корҳои “сиёҳ”. Ин пажӯҳиш музди миёнаи як мардикорро то 350 доллар баровард мекард, ки 243 долларашро ба ватан мефиристад. Яъне он дарёи азими 3 миллиард долларе, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон рафт, аз чунин “қатраҳо” ҷамъ мешавад.
XS
SM
MD
LG