Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умеди нав ба раҳоии хабарнигори зиндонӣ


Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова

Ворид шудани вакили мудофеъи маъруф Амал Клуни ба гурӯҳи вакилони гузоришгари Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова сатҳи ин парвандаро болотар бурда, умедҳоро ба озодии ин хабарнигори зиндонӣ бештар кардааст.

Вакили мудофеи маъруф Амал Клуни, ки дар бахши ҳуқуқи башари байналмилалӣ ихтисос дорад, ҳимоят аз гузоришгари Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоиловаро дар Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бар ӯҳда гирифтааст. Ин хабар сатҳи парвандаи ин хабарнигори зиндониро болотар бурда, умедҳоро дар байни ҳомиёни озодии матбуот ба ин ки чунин таваҷҷӯҳи бисёр метавонад ба озодии Хадиҷа Исмоилова аз зиндон мусоидат кунад, меафзояд.

Хадиҷа Исмоилова тавассути вакили мудофеъаш дар Боку, пойтахти Озарбойҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ пешниҳоди Амал Клуниро барои далели часпу талошҳое, ки Клуни дар ҷараёни дифоъ аз хабарнигори соли 2014 дар Мирс зиндонишудаи шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира Муҳаммад Фаҳмӣ пазируфтааст.

Ненад Пейч, сардабири Радиои Озодӣ низ аз эълони хабари пайвастани хонум Клуни ба сафи вакилони Исмоилова истиқбол кард. Ӯ гуфт, “тасмими Амал Клуни барои расидагӣ ба ин парванда эътирофи қавии Хадиҷа ва журналистии ӯст.” Сардабири Радиои Озодӣ афзуд, “ин алакай пирӯзии озодии матбуот аст. Ман мутмаинам, ки онҳо бо нирӯи муштаракашон ғолиб хоҳанд шуд.”

Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори таҳқиқотии дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда аз Озарбойҷон, моҳи декабри соли 2014 боздошт шуд. Ӯро дар моҳи сентябри соли 2015 бо ҷароими марбут ба пардохти андозҳо ва тахаллуфоти молӣ ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.

Аммо ба бовари аксар, ин иттиҳомот интиқоми мақомоти Озарбойҷон аз Хадиҷа Исмоилова барои гузоришҳои таҳқиқотиаш роҷеъ ба мавридҳои фасоди марбут ба аъзои хонаводаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мебошанд.

Дар ҷараёни мурофиаи парвандаи Хадиҷа Исмоилова дар додгоҳи Боку ягон шоҳид ба зидди ӯ шоҳидӣ надод ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ин додгоҳро “мазҳака” номиданд.

Мақомоти Озарбойҷон, ин кишвари саршор аз манобеи нафту газ дар минтақаи Қафқозро ҳамеша барои саркӯбу ба зиндон кашондани дигарандешон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар интиқод мекунанд. Мояи дигари интиқодҳо аз ин кишвар фасоди густардаи идорист, ки ба иддаои мунтақидон, дар он аъзои хонаводаи ҳоким низ даст доранд.

Озарбойҷон аз соли 1993 аз сӯи хонаводаи Алиевҳо идора мешавад. 10 сол ба Озарбойҷон Ҳайдар Алиев раҳбарӣ кард ва аз соли 2003, баъди даргузашти ӯ умури раҳбарии кишварро писараш Илҳом Алиев ба дасти худ гирифт.

Ҳукми зиндони Хадиҷа Исмоилова низ ҳукумати Озарбойҷонро ба мавҷи интиқодҳои ҷомиаи байналмилалӣ рӯбарӯ кард. Нуқтаи авҷи ин интиқодҳо моҳи декабри соли 2015, вақте буд, ки Кристофер Смит, раиси Кумиссиюни амният ва ҳамкории Аврупо санадеро бо номи “Акт дар бораи демократияи Озарбойҷон” ба иҷро даровард. Бар асоси ин санад алайҳи мақомоти озарие, ки дар поймол кардани ҳуқуқи инсон даст доранд, метавонанд таҳримот ҷорӣ кунанд.

Амал Клуни аз ҳуқуқи Хадиҷа Исмоилова дар Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар Нани Ҷансен, раҳбари созмони Media Legal Defence Initiative, марказаш дар Лондон дифоъ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG