Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарифзода ба ҷои Тағоймуродов сардори пулиси Хатлон шуд


Дар акс: Баҳром Шарифзода (нафари дувум аз тарафи чап)
Дар акс: Баҳром Шарифзода (нафари дувум аз тарафи чап)

Генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов -- сардори раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон аз мақомаш барканор ва Баҳром Шарифзода ҷойгузини ӯ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21 январ бо гурӯҳе аз кадрҳои тозатаъини Вазорати умури дохилӣ, дифоъ ва Кумитаи амнияти миллӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар пайи тағйироти кадрӣ дар ин ниҳодҳои қудратӣ генерал Анвар Тағоймуродов аз мақоми сардори Раёсати умури дохилии Хатлон барканор ва ба курсии ӯ Баҳром Шарифзода такя задааст. Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати умури дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати дифоъ таъин шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, инчунин, “роҳбарони коллеҷи милитсияи Вазорати умури дохилӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати дифоъ ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ иваз карда шуданд”. Ба қавли манбаъ, оқои Раҳмон аз кадрҳои тозатаъин “хидмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат”-ро хостааст.

Анвар Тағоймуродов
Анвар Тағоймуродов

Барканории Анвар Тағоймуродов аз мақоми сардори Раёсати умури дохилии Хатлон дар ҳолест, ки номзадии ӯ ба вакилии Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шудааст. Намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон рӯзи 31 декабри соли гузашта дар ҷаласаи худ номзадии ӯро аз ҳавзаи якмандатии рақами 26-и Қӯрғонтеппа пешниҳод карда буданд. Ӯ аз январи соли 2012 дар мақоми сардори Раёсати умури дохилии Хатлон буд.

Генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов дар гузашта низ таҷрибаи вакилии Маҷлиси Намояндагонро дорад. Вай то ин замон дар вазифаҳои муфаттиши раёсати тафтишотии ВКД, сармуфаттиши шуъбаи кофтукоби ҷиноии вилояти Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, сардори шуъбаи кофтукоби ҷиноятии раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб ва вилояти Хатлон, муовини сардори РКД-и вилоят, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, муовини вазири умури дохилӣ кор кардааст.

Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки тоза ба вазифаҳои муҳим дар ниҳодҳои қудратӣ таъйин шудаанд, мутахассисони ҷавону корозмуда ва дар айни ҳол хатмкардагони муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки бархе аз мақомдорони тоҷик ҳоло номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон ҳастанд, эҳтимол то ду моҳи дигар тағйироти ҷиддитаре ҳам дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон сурат бигирад. Ҳоло Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Муродулло Давлатов - раҳбари Маркази исломшиносӣ ҳам аз довталабони курсии вакилиянд.

XS
SM
MD
LG