Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерал Назарзода: Ҳадаф ҳамаро зиндонӣ кардан нест


Генерал Шариф Назарзода

Генерал Шариф Назарзода

Аз 25 июли соли ҷорӣ гурӯҳҳои нави корӣ аз ҳисоби маъмурони пулис ба фаъолият хоҳанд пардохт, ки ҳадафашон назорати маҳаллаҳо, сӯҳбат бо сокинони биноҳои баландошёна ва тоҷирон будааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд барои назорат аз маҳаллаҳо, "ошноӣ" бо сокинони биноҳои баландошёна ва тоҷирони бозорҳои ин минтақа гурӯҳҳои махсус таъсис додааст. Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, охири ҳафтаи гузашта дар як ҷаласаи дохилии ин ниҳод гуфтааст, ки ҳадаф аз ин тасмим ҷилавгирӣ аз ҷинояти ҷавонон ва бахусус пайвастани онҳо ба ҷараёнҳои динии ифротист.

Ин гурӯҳҳои корӣ аз 25 июли соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз мекунанд ва маъмурони пулис дар аввал бо сокинони биноҳои баландошёна дар Хуҷанд аз наздик ошно шуда, ба қавли Шариф Назарзода, афроди мавриди шубҳаро зери назорат мегиранд. Ба қавли ӯ, "асосан бо ҷавонон ва падару модари онҳо кор мебарем, ки барои чӣ намуди зоҳирияшон мувофиқат намекунад? Чӣ сабаб шудааст, ки риши дарозу бетартиб мондааст? Ҳамаи ин бояд муайян карда шавад."

Сардори Раёсати корҳои дохиили Суғд афзудааст, ба ин қарор баъд аз он расидаанд, ки теъдоди ҷавонони зиндонӣ афзудааст ва онҳо мехоҳанд, афродеро, ки илоҷи тарбия карданаш вуҷуд дорад, аз роҳи, ба гуфтаи ӯ, бад баргардонанд. "Маҳбасӣ бениҳоят зиёд шудааст. Агар дар ҳаракаташ таркиби ҷиноят бошад ё ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аъзо бошад, парванда боз мешавад. Аммо агар тарбия кардан мумкин бошад, тарбия кардан зарур аст. Мақсад ҳамаро зиндонӣ кардан нест. Пеши роҳи ҷинояткориро гирем, ки ҷавонон ба ҷиноят даст назананд," -- таъкид доштааст ӯ.

Генерал Назарзода мегӯяд, гурӯҳҳои корӣ ноболиғонро ҳам аз ғалбер гузаронда, бо онҳо ва волидонашон "корҳои фаҳмондадиҳӣ" хоҳанд бурд. Вай мегӯяд, ба ин тартиб қасд доранд, дар ҳоли ҳозир Хуҷандро ба як шаҳри бехатар табдил диҳанд. "Ҳар як ноболиғе, ки ба қонуншиканӣ даст задааст, бояд падару модараш донад ва зери назорат бигирад. Ҳис кунем, ки маданияти шаҳрдорӣ дар Хуҷанд ҳаст," -- гуфтааст Шариф Назарзода.

Бар иловаи ин, барои назорат аз шеваи гуфтор ва рафтори тоҷирон дар бозорҳои минтақаи шимоли кишвар низ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби маъмурони пулис ташкил шуда, онҳоро таҳти назорат қарор хоҳанд дод. Ба қавли сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, маъмурони пулис бештар ба сару либоси корӣ ва гуфтору рафтори тоҷирон аҳамият медиҳанд.

"Чистка"-и афроди шубҳаовар дар маркази вилояти Суғд дар ҳоле оғоз меёбад, ки аз минтақаи шимоли кишвар ҳудуди ҳаштод тан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, 21 нафари онҳо зану кӯдакони хурдсолашонро низ ба ҷангҳои Ироқу Сурия бурдаанд. Мақомот мегӯянд, аз моҳи сентябри соли 2014 то аввали моҳи марти соли ҷорӣ бо иттиҳоми фаъолият дар ҳайати созмонҳои тундрав 137 нафарро боздошт кардаанд, ки бештари онҳо барои ҳамкорӣ бо Ҳизбуттаҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон, Салафия ва Ҷамоати Ансоруллоҳ айбдор мешаванд.

Бархе аз сокинони Хуҷанд дар сӯҳбат бо мо аз таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои назорати маҳаллаҳо истиқбол карда, аммо зери заррабин қарор додани сокинонро нақзи ҳуқуқи онҳо номиданд. Дилшод, яке аз сокинони Хуҷанд гуфт, дар ҳоле мақомот мехоҳанд бо сокинон аз наздик "ошно" шаванд, ки пулисҳои минтақавӣ ҳамаи онҳоро як ба як мешиносанд ва ҳоҷат ба таъсиси гурӯҳҳои нав набуд.

"Шояд ҳадафи ягонаашон ин бошад, ки мардумро аз сӯрохии сӯзан гузаронда, ба либоспӯшӣ ва шеваи гаштугузорашон дахолат кунанд, на тартиботи ҷамъиятӣ," -- хулоса кард ҳамсӯҳбати мо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG