Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қубодиён: Раиси кӯҳна хуб буд ё раиси нав?


Саидумрон Абдураҳмонзода
Саидумрон Абдураҳмонзода

Раиси нави ноҳияи Қубодиён мегӯяд, агар Саъдулло Бекназарзода кори хуб медошт, ӯро аз кор намегирифтанд. Саидумрон Абдураҳмонзода 3 ҳафта пеш ба ҷои Бекназарзода раиси Қубодиён таъин шуд.

Сокинони ноҳияи Қубодиён, дар вилояти Хатлон рӯзи 27 январ дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо хабарнигорон гуфтанд, ки Саъдулло Бекназарзода аз раҳбарии ин ноҳия рафт, аммо “корнамоиҳои боиси таҳсинаш” дар зеҳни онҳо мондааст. Саъдулло Бекназарзода, ки муддате дар Қубодиён раис буд, бо ташаббусҳои ғайриоддиаш дар сархатти ахбори расонаҳо қарор мегирифт ва бо донистани забони узбакӣ худро ба узбакҳо ва тоҷикони сокини ин ноҳияи ҷанубии кишвар як раҳбари “намунавӣ” нишон дода буд.

Аммо Саидумрон Абдураҳмонзода, раиси тозатаъиншудаи ноҳияи Қубодиён, ки 3 ҳафта пеш ба курсии Бекназарзода нишаст, рӯзи 27 январ дар нахустин нишасти хабарияш ба ҳайси раиси ин ноҳия гуфт, ки агар ӯ кори хуб медошт аз вазифаи раиси ноҳия барканор намешуд.

Ҷаноби Раҳмонзода гуфт, ки ноҳия ваъзияти ногуворе дошта, дар қарз ғӯтидааст. Мушкили дигар набуди барқ дар кӯчаҳои маркази ноҳия аст ва ҳатто худи ӯ шабона метарсад дар кӯчаҳо гаштугузор кунад: “Агарки нағз кор кардем, ҷамъият пеш меравад, аммо вақте кор нашаваду муаллим пул нагирад, дар гӯши вай сад паёмро хонем, кор намекунад. Дар се ноҳия кор кардаам. Дар буҷаи ин ноҳия пул нест, боз ҳам мегӯям, ки иваз шудани раиси ноҳия кори осоне нест, аввал санҷида мешавад. Агар Бекназарзода кори хуб медошт, аз кор намегирифтандаш. Ҳамаи шумо дидед, ки нагуфтаанд, ки бино ба кори дигар гузаштанаш. Балки гуфта шудааст, ки аз вазифа озод карда шавад. Ҳамаи шумо одамҳои боақл ҳастед.”

Ҷаноби Абдураҳмонзода инчунин аз набуди хонаи хидматӣ барои раиси ноҳия, додситон ва сардори раёсати корҳои дохила дар ин ноҳия нигаронӣ карда гуфт, ки вай дар ноҳияи Рашт 900 ҳазор сомонӣ дар буҷа монда, ба ноҳияи Қубодиён омад, вале дид ки ҳоло дар ин ноҳия 500 ҳазор сомонӣ, ки бояд барои таъмири мактабҳо сарф мешуд, ба хотири таъмин нашудани андоз сарф нашудааст: “Ман молия ва андозро ҷанҷол кардам, ки бояд нақша анҷом шавад, вазъи молиявии ноҳия вазнин аст. Ҳоло кор карда истодаем, ки аз куҷо ёбем манбаъро? Дар аксарияти ноҳияҳо мардум аз андоз қарзоранд, аммо мо аз мардум қарздор ҳастем, масалан пули чандмоҳаи андозро пешакӣ ҷамъоварӣ кардаанд. Намешавад, ки ба муаллим ва духтур гуфт, ки ман пул надорам, ваъзияти молиявиямон ниҳоят вазнин аст.” Саидумрон Абдураҳмонзода аммо нагуфт, ки ноҳияи Қубодиён оё чӣ қадар қарздор аст?

Саъдулло Бекназарзода
Саъдулло Бекназарзода

Дар ҳоле ки Абдураҳмонзода, ба гуфтаи худаш, ҳанӯз фурсат сафар ба ҷамоатҳои ноҳияро пайдо накардааст, сокинони Қубодиён мегӯянд, вақте Саъдулло Бекназарзода соли 2013 Абдулмӯъмин Улфатовро иваз кард, дар ду рӯзи аввали кораш ибтидо тамоми ноҳияро бо мошини хурдакаки “Тико”, ки ба ҷуссаи бузургаш мувофиқ набуд, чарх зад.

Гулдастаи Баҳор, хабарнигор аз ноҳияи Қубодиён мегӯяд, Саъдулло Бекназарзода дар оғози кораш ба 500 нафар занон аз корманди ҳукумат то фаррошу роҳрӯб ва говҷӯшу пахтачин матои атлас ҳам ҳадя дод. Хонуми Баҳор мегӯяд: “Хуб ё бадро зуд баҳо дода намешавад, ман роҳбарони зиёдеро дидам, ки курсии роҳбариро банд мекарданд. Аммо омадани Саъдулло Бекназарзода бо ҷуссаи паҳлавонааш омадани Рустамонае дошт. Дарди мардумро гӯш мекард, ки дар ду сол мардум мушкили худро оҳиста оҳиста бо кӯмаки ӯ бартараф сохт. Ба ҷавонон таваҷҷӯҳ дошт, бахусус барои пешгирӣ аз ифротгароӣ.”

Агарчи мардум аз Саъдулло Бекназарзода ҳамчун як раҳбари “тозакор” ва “намунавӣ” ситоиш мекунанд, аммо мақомот мегӯяд, ки баъд аз рафтани ӯ дар ноҳия камбуди молӣ ва мушкилоти зиёди дигар боқӣ мондааст.

Ҳафтаи гузашта Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар вилояти Хатлон гуфта буд, ки баъд аз рафтани Саъдулло Бекназарзода қаллобиҳое ошкор шудааст, ки ҳоло тафтишоташ идома дорад. Ба гуфти Оҷонсӣ, соҳибкорон дар ин ноҳия ба макотиб компютер дода, аз буҷаи ноҳия барои ин пул аз ҳад бештар гирифтаанд, ки бояд раиси ноҳия ба он аҳамият медод. Ҷамшед Сангов, сардори Оҷонсии зидди фасоди Хатлон аммо гуфт, барканории Бекназарзода рабте ба ин мавридҳои кашфшудаи камбудиҳои молӣ надорад.

Саъдулло Бекназарзода аз ҷумлаи камшумортарин раисони ноҳия буд, ки барои хабару гузоришҳои танқидӣ ва воқеъбинона дар бораи ин ноҳия ба хабарнигорон ҳатто ваъдаи ҳақмузди иловагӣ дода, ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сарбозӣ мерафтанд, арӯс пайдо намуда, онҳоро кумаки молӣ мерасонд ва забони узбакҳои Қубодиёнро ҳам ёфт, то ки онҳо ҳам фарзандони худро ба артиш бифиристанд.

Аз ҷумла ҳамагӣ ду моҳ баъд аз таъин шуданаш дар мақоми раиси ноҳияи Қубодиён, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба фаъолони ҷомеа хитоб карда гуфт, ки пайвастан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони солим шарти ҳатмист ва беҳтар аст онҳо танҳо пас аз адои ҳарбӣ барои издивоҷ тасмим гиранд: “Давру замоне буд, ки то дар армия хизмат намекардӣ, келин намедонанд духтарашонро, ҳоло ҳам дар тарафҳои Хуҷанд ҳамин хел аст. То писарат дар артиш хизмати сарбозиро адо накарда бошаду маълумоти олӣ надошта бошад, келинёбӣ ҷудо мушкил буд. Чунин хостгорҳоро рад мекарданд, ки шояд писарашон «негодний» бошад. Чаро ҳоло мо чунин амал накунем?! Чӣ камӣ дорем мо? Ба ҷавони хизматкарда дар артиш бояд авлавият диҳем! Кай хаёлҳои хоми «артиш – бад!»-ро аз сар дур мекунем?”

Маркази Қубодиён
Маркази Қубодиён

Дар замони раҳбарии ӯ, ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз як усули дигари ҷалби довталабонаи ҷавонон ба артиши миллӣ кор мегирифт. Ҳукумат ба сокинони маҳаллӣ, асосан волидон ваъда медод, ки агар писари болиғашонро довталабона ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои пайвастанаш ба сафи артиши Тоҷикистон таслим кунанд, онҳо дар навбати аввал ба зиёрати Ҳаҷ фиристода хоҳанд шуд. Вале маълум нест, ки чунин иттифоқ афтод ва волидони довталабон ба хизмат дар артиш, дар навбати аввал барои зиёрати ҳаҷ ҷой гирифтанд ё на.

Аз ташаббусҳои дигари замони раҳбарии Бекназарзода дар Қубодиён, ин буд, ки бо фармони ӯ сарпарастии 60 кӯдаки ятимро ба 60 нафар аз мансабдорон ва афроди доро супурданд, ки то хатми мактаби миёна аз сарпарастони худ кӯмаки молӣ мегиранд ва ҳатто дар вақти ба донишгоҳ дохил шудан ва арӯсиашон низ аз ҳиммати ҳомиёнашон бархӯрдор хоҳанд буд.

Саидумрон Абдураҳмонзода, ки дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуда, Бекназарзодаро иваз кард, қаблан раҳбарии ноҳияи Раштро бар ӯҳда дошт.

Сокинони Қубодиён мегӯянд, умедворанд, ки раиси нав Саидумрон Абдураҳмонзода дар раҳбарии ин ноҳия аз Бекназарзода кам нахоҳад омад. Вале инки аз дасти ин раиси Қубодиён чӣ хоҳад омаду чӣ – не, ба гуфтаи мардум, фақати вақт нишон хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG