Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сулҳ беҳтар ки ҷанг... Хотироти насли ҷавон аз ҷанги шаҳрвандӣ


Исфандиёри Носир

Исфандиёри Носир

Насли ҷавони Тоҷикистон мегӯяд, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ хотироти талхе дар зеҳнаш нақш бастааст.

Рустам Эмомов соли 1992, вақте ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон оғоз ёфт, ҳамагӣ 8 сол дошт. Вай мегӯяд, танҳо хотирае, ки аз он рӯзҳо дар ёдаш сахт нақш бастааст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, навбатпоӣ барои як пора нон буд. Вай мегӯяд, дар хонаводаашон ҳашт нафар буданд, ки он замон ҳама чиз доштанд, ба ҷуз нон.



Рустам мегӯяд, хуб дар ёд дорад, ки дар даст халтаву талон ҷониби корхонаи нонпазӣ мерафт ва бо дидани издиҳоми мардум сахт ғамгин мешуд. Зеро тамоми хонавода , ба хусус хоҳаракони хурдсолаш, дар хона роҳи ӯро мепоиданд: «Чанд соат навбат истода баъд то панҷ нон мегирифтем. Як коғаз медоданд, дар асоси ҳамон талон нонро мегирифтем. Як рӯз ҳамон талонро гум кардам, ки бе вай нон намедоданд. Ёд дорам, ки гиряам омада буд. Як марди дар дасташ чаҳор «хлеб» гиряи маро дида, дутоашро ба ман дода буд.»




Ба созишномаи сулҳ Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо карданд

Ба созишномаи сулҳ Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ имзо карданд

Аз сӯи дигар дар пеши назари Рустаме, ки ҳоло 29 сол дорад ва дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад, то ҳол ҷасади ҳамсоягони бегуноҳ кушташудааш намудор аст ва ба ин ҷанги хонумонсӯз лаънат мехонад.

Файзиддин Расулов низ аз зумраи он ҷавонони даврони ҷанги шаҳрвандист, ки соли 1992 ҳамагӣ 19 сол доштааст. Вай мегӯяд, замони ҷанги дохилӣ шаҳри Душанбе хело ноором буд. Ҳамарӯза мардуми зиёдеро ба идораи милиса бурда меоварданд.

Ба таъкиди Файзиддин, то соли 1997, яъне имзои созишномаи сулҳ, одамон ҳатто озодона ба кор рафта наметавонистанд. Аммо Файзиддин шукр мекунад, ки ки ҳоло вазъ ором асту дар фазои сулҳу субот ба сар мебарад: «Ҳоли ҳозир мо ором мегардем, шабона соатҳои 22:00-и шаб ҳам бошад, ҳангоми пайдо шудани кор бо дили пур рафта меоем. Агар ҷангу ҷанҷол бошад, мо коре карда наметавонем.»

Бо гузашти 16 сол аз имзои созишномаи сулҳ ва анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони ҷавон, оромиву субот ва ҳатто ба андозае сериву пурӣ омад, вале аз назари насли замони истиқлол Ваҳдат, то ҳол ваҳдат байни мардум побарҷо нашудааст.

Исфандиёри Носир, ки 20 сол дорад, ба ин назар аст, ки қабл аз сухан кардан дар бораи ваҳдати миллӣ, бояд чӣ будани «ваҳдати миллӣ»-ро донем: «Он гуна шиорҳое ҳастанд, ки ваҳдати миллӣ - бақои миллат, ваҳдати миллӣ - дастоварди бузургтарини миллат, аммо ҳамааш ҳадси беҳудаанд. Мардумро мехоҳанд бо овезон кардани шиорҳои гуногун зери сиёсати дурӯғин бигиранд ва онро ба мардум бор кунанд. Аммо инсони оқил медонад, ки ин ҷуз сухани беҳуда чизи дигаре нест.»

Исфандиёр мегӯяд, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолият шояд барои як гуруҳи одамон озодӣ дода бошад, аммо на барои ҳама. Зеро донишҷӯ дар донишгоҳ наметавонад озодона сухан гӯяд. Ҳатто дар кӯча одамон озодона ибрози андеша карда наметавонанд.


Ахтар Акобирова

Ахтар Акобирова

Аммо дар қиёс ба Исфандиёри Носир, Ахтар Акобирова, духтари ҷавони тоҷик ваҳдати миллиро беҳтарин «тӯҳфа» -и даврони истиқлол унвон кард. Зеро ба қавли вай, дар кӯчаҳо озодона гаштану таҳсил кардан дар донишгоҳҳо худ бузургтарин неъмат аст. Вай гуфт: «Ҳозир ҳар чизе ки мо дорем дар Тоҷикистон, ҳар чизе ки истифода мебарем, имконияте, ки барои ҷавонон аст, истифода мебаранд, аз интернету донишгоҳу китобхона, ки метавонанд аз он ҳам электронӣ истифода кунанду ҳам ба таври хонанд, ҳамааш бо шарофати ваҳдат аст.»

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рӯзи 27 июни соли 1997 миёни давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифон дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба як ҷанги дохилии панҷсола дар ин кишвар поён дод. Давлати Тоҷикистон 27 июнро ба унвони «Рӯзи Ваҳдат» рӯзи ид ва таътил эълон кардааст.

Тайи 5 соли ҷанги Тоҷикистон тақрибан 60 000 нафар кушта шуда, тақрибан 1 миллион нафар беҷо шуданд. Тақрибан 25 000 зан аз шавҳари худ маҳрум шуда, 53 0000 кӯдак ятим монд. Дар маҷмӯъ беш аз 35 000 манзилу корхона дар солҳои даргириҳо дар Тоҷикистон тахриб ё ба коми оташ кашонда шуд. Ҷамъи хисороти расида ба иқтисоди Тоҷикистон дар тӯли ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992- 1997-ро ҳудуди 10 миллиард доллар тахмин мезананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG